https://sputnik.tj/20210225/harakt-roh-Dushanbe-Khujand-Khorug-1032884302.html
Ҳаракати мошинҳо дар роҳи Душанбе - Хуҷанд ва Душанбе - Хоруғ қатъ шуд: ҳушдори КҲФ
Ҳаракати мошинҳо дар роҳи Душанбе - Хуҷанд ва Душанбе - Хоруғ қатъ шуд: ҳушдори КҲФ
Sputnik Тоҷикистон
Дар пайи барфрезии ахир ҳаракати мошинҳо бас самти ду вилояти кишвар пурра қатъ шудааст 25.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-25T10:03+0500
2021-02-25T10:03+0500
2021-02-25T10:11+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102794/19/1027941948_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_8839ae87b6b91123cd99953643552609.jpg
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, роҳҳои автомобилгарди Душанбе - Хуҷанд ва Душанбе - Хоруғ муваққатан баста шудаанд.Ба иттилои манбаъ, тайи як рӯзи ахир бар асари боришоти шадид дар километри 67-уми шоҳроҳи Душанбе-Варзоб ва шоҳроҳи Хоруғ-Мурғоб тармафароӣ ба қайд гирифта шудааст."Кори рафъи оқибатҳои тармафароӣ идома дорад",-афзудааст манбаъ.Ғайр аз он, дар давоми рӯзи гузашта наҷотдиҳандагон ронандагон ва мусофирони 28 автомашинаро, ки аз километри 65-ум то 73-юми роҳи Душанбе-Айнӣ банд буданд, берун овардаанд.ГУфта мешавад, барои таъмини бехатарии ронандагон дар зимистон ва расонидани кӯмаки фаврӣ дар ҳолатҳои фавқулодда, қитъаҳои гуногуни роҳҳо мунтазам аз ҷониби наҷотдиҳандагони шӯъбаҳои вокуниши Кумита посбонӣ карда мешаванд.Ин ниҳод ҳамзамон аҳолиро аз хатари баланди резиши тарма, сангрезӣ, яхбандӣ, гардиши барф дар қисматҳои кӯҳистонии роҳҳо вобаста ба шароити обу ҳаво ҳушдор медиҳад.Кумита хотиррасон мекунад, ки эҳтиёткор бошед ва ҳушёриро дар роҳҳо аз даст надиҳед, агар имконпазир бошад, аз ҳаракат дар қитъаҳои хатарноки роҳ, ҷамъоварии ҳезум ва сайругашт дар кӯҳҳо худдорӣ кунед.Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ инчунин ба ронандагон муроҷиат мекунад, ки дар сурати яхбандӣ қоидаҳои ҳаракат ва масофаи заруриро дар шароити душвори обу ҳаво риоя кунанд.
https://sputnik.tj/20210224/badakhshon-tarma-masir-masdud-1032877340.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102794/19/1027941948_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_f9e1f855c0f166a5ee6e527273aa153a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, нақлиёт
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, нақлиёт
Ҳаракати мошинҳо дар роҳи Душанбе - Хуҷанд ва Душанбе - Хоруғ қатъ шуд: ҳушдори КҲФ
10:03 25.02.2021 (Навсозишуда: 10:11 25.02.2021) Дар пайи барфрезии ахир ҳаракати мошинҳо бас самти ду вилояти кишвар пурра қатъ шудааст
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, роҳҳои автомобилгарди Душанбе - Хуҷанд ва Душанбе - Хоруғ муваққатан баста шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, тайи як рӯзи ахир бар асари боришоти шадид дар километри 67-уми шоҳроҳи Душанбе-Варзоб ва шоҳроҳи Хоруғ-Мурғоб тармафароӣ ба қайд гирифта шудааст.
"Кори рафъи оқибатҳои тармафароӣ идома дорад",-афзудааст манбаъ.
Ғайр аз он, дар давоми рӯзи гузашта наҷотдиҳандагон ронандагон ва мусофирони 28 автомашинаро, ки аз километри 65-ум то 73-юми роҳи Душанбе-Айнӣ банд буданд, берун овардаанд.
ГУфта мешавад, барои таъмини бехатарии ронандагон дар зимистон ва расонидани кӯмаки фаврӣ дар ҳолатҳои фавқулодда, қитъаҳои гуногуни роҳҳо мунтазам аз ҷониби наҷотдиҳандагони шӯъбаҳои вокуниши Кумита посбонӣ карда мешаванд.
Ин ниҳод ҳамзамон аҳолиро аз хатари баланди резиши тарма, сангрезӣ, яхбандӣ, гардиши барф дар қисматҳои кӯҳистонии роҳҳо вобаста ба шароити обу ҳаво ҳушдор медиҳад.
Кумита хотиррасон мекунад, ки эҳтиёткор бошед ва ҳушёриро дар роҳҳо аз даст надиҳед, агар имконпазир бошад, аз ҳаракат дар қитъаҳои хатарноки роҳ, ҷамъоварии ҳезум ва сайругашт дар кӯҳҳо худдорӣ кунед.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ инчунин ба ронандагон муроҷиат мекунад, ки дар сурати яхбандӣ қоидаҳои ҳаракат ва масофаи заруриро дар шароити душвори обу ҳаво риоя кунанд.