https://sputnik.tj/20210225/Roi-Dushanbe-Khuand-dubora-boz-shud-1032886907.html
Роҳи Душанбе-Хуҷанд дубора боз шуд
Роҳи Душанбе-Хуҷанд дубора боз шуд
Sputnik Тоҷикистон
Шаби гузашта роҳи мошингарди Душанбе-Чанок бинобар зиёд бориши барф ва тармафароӣ ҳаракати тамоми намуди нақлиёт муваққатан боздошта шуд 25.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-25T14:24+0500
2021-02-25T14:24+0500
2021-04-22T16:51+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
барф
тармафароӣ
нақлиёт
боз
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/19/1032886688_88:0:1194:622_1920x0_80_0_0_f365152f62e07aeda3ba1f9502cf89ba.jpg
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Чанд лаҳза пеш ширкати IRS масъули нигоҳдории роҳи Душанбе-Чаноқ аст, хабар дод, ки баъди бартараф намудани тармаҳо, тоза кардани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз Хуҷанд ба самти Душанбе оғоз гардид.Гуфта шудааст, ки роҳ пурра кушода шуда, ҳаракати нақлиёт аз ҳарду ҷониб имконпазир гардид.Манбаъ ёдовар шудааст, ки бо мақсади эҷод накардани монеа ба ҳаракати дигар намуди воситаҳои нақлиёт, гузариши автомобилҳои боркаши ядакдор ва "Фура"- ҳо муваққатан маҳдуд карда шудааст.Таъмиру тармими роҳ дар Хуҷанд то Наврӯз анҷом меёбадҲамзамон манбаъ қайд кардааст, ки омодагии филиали ширкат ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 ҷиддӣ ва ҳамаҷониба аст.Ҳамзамон роҳбарони ширкат ба маълумоти ронандагон расонидааст, ки дар ин мавсим ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, риояи талабот ва меъёрҳои муқарраршудаи бехатарии ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла, бо лавозимоти ҳимоявӣ (симтобаи кашолакунӣ, занҷир, болиштаки зиддиғелиш ва ғайра) муҷаҳҳаз будан бояд пайваста дар мадди назарашон бошад.
https://sputnik.tj/20210225/harakt-roh-Dushanbe-Khujand-Khorug-1032884302.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/19/1032886688_226:0:1055:622_1920x0_80_0_0_771e3e2f98a8e697e2926df2690b757b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, барф, тармафароӣ, нақлиёт, боз, душанбе
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, барф, тармафароӣ, нақлиёт, боз, душанбе
Роҳи Душанбе-Хуҷанд дубора боз шуд
14:24 25.02.2021 (Навсозишуда: 16:51 22.04.2021) Шаби гузашта роҳи мошингарди Душанбе-Чанок бинобар зиёд бориши барф ва тармафароӣ ҳаракати тамоми намуди нақлиёт муваққатан боздошта шуд
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Чанд лаҳза пеш ширкати IRS масъули нигоҳдории роҳи Душанбе-Чаноқ аст, хабар дод, ки баъди бартараф намудани тармаҳо, тоза кардани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз Хуҷанд ба самти Душанбе оғоз гардид.
Гуфта шудааст, ки роҳ пурра кушода шуда, ҳаракати нақлиёт аз ҳарду ҷониб имконпазир гардид.
Манбаъ ёдовар шудааст, ки бо мақсади эҷод накардани монеа ба ҳаракати дигар намуди воситаҳои нақлиёт, гузариши автомобилҳои боркаши ядакдор ва "Фура"- ҳо муваққатан маҳдуд карда шудааст.
Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки омодагии филиали ширкат ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 ҷиддӣ ва ҳамаҷониба аст.
“Барои фаъолияти муназзам дар фасли сармо 19820 тонна маводи зиддилағжиш, 89 тонна ангишт, қариб 300 000 литр сӯзишворӣ ва дар ҳаҷми зарурӣ равғанҳои молиданиву либосҳои зимистона захира шудаанд”, - таъкид доштааст филиали ширкати IRS.
Ҳамзамон роҳбарони ширкат ба маълумоти ронандагон расонидааст, ки дар ин мавсим ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, риояи талабот ва меъёрҳои муқарраршудаи бехатарии ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла, бо лавозимоти ҳимоявӣ (симтобаи кашолакунӣ, занҷир, болиштаки зиддиғелиш ва ғайра) муҷаҳҳаз будан бояд пайваста дар мадди назарашон бошад.