https://sputnik.tj/20210225/Zhirinovskiy-Pashinyan-sabab-shikast-Armaniston-video-1032891191.html
Жириновский гуфт Пашинян сабаби шикасти Арманистон хоҳад шуд - видео
Жириновский гуфт Пашинян сабаби шикасти Арманистон хоҳад шуд - видео
Sputnik Тоҷикистон
Сиёсатмадори рус Владимир Жириновский ҳануз се сол пеш дар бораи низоъи дохилӣ дар Арманистон пешгӯӣ карда буд 25.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-25T19:30+0500
2021-02-25T19:30+0500
2021-04-19T12:40+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
дар ҷаҳон
арманистон
владимир жириновский
пешгӯӣ
никол пашинян
шикаст
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/19/1032887696_0:148:3117:1901_1920x0_80_0_0_7c4d367a2900a4f2eb4e3d1463f3c098.jpg
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Роҳбари ҳизби Либерал-демократи Русия Владимир Жириновский дар шабакаи Telegram-и худ вазъи имрӯзаи Арманистонро шарҳ додааст.Жириновский зери навиштаҳои худ ҳатто навори се соли пешро низ интишор кард, ки дар он ӯ дар бораи вазъи имрӯзаи Арманистон гуфта буд.Жириновский зери ин навор навиштааст, ки ҳанӯз се сол пеш огаҳи дода буд, ки омадан ба сари қудрати Пашинян барои Арманистон чӣ паёмадҳо хоҳад дошт.Ёдрас мешавем, ки имрӯзҳо вазъи сиёсӣ дар Арманистон боз муташаниҷтар шуд. Никол Пашинян дар бораи мушакҳои “Искандар”-и сохти Русия бадгӯи кард, ки боиси интиқоди низомиёнаш шуд.Гуфтаҳои Пашинянро муовини аввали Ситоди генералии Арманистон Тиран Хачатрян танқид кард. Баъд аз ин Хачатрян бо фармони раисҷумҳури Арманистон аз вазифааш озод шуд.Ситоди генералии Арманистон ба тағйироти кадрӣ вокуниш нишон доданд ва хостори истеъфои Никол Пашинян шуданд.Аммо, нахуствазири Арманистон ин вазъро “табодулоти низомӣ” донист ва ба раисҷумҳури кишвар санад дар бораи аз вазифа озод намудани роҳбари Ситоди генералии Арманистон Оник Гаспарянро равон кард. Ҳамин тавр дар арманистон 25 феврал тазоҳуроти мардум сар зад: ҳазорҳо тарафдоруну мухолифони Пашинян ба кӯчаҳои Ереван баромаданд.
https://sputnik.tj/20210225/Armaniston-istefo-Pashinyan-1032886580.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/19/1032887696_193:0:2924:2048_1920x0_80_0_0_7f22b5d94f33a76aa7e21bb3d4dca820.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, дар ҷаҳон, арманистон, владимир жириновский, пешгӯӣ, никол пашинян, шикаст
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, дар ҷаҳон, арманистон, владимир жириновский, пешгӯӣ, никол пашинян, шикаст
Жириновский гуфт Пашинян сабаби шикасти Арманистон хоҳад шуд - видео
19:30 25.02.2021 (Навсозишуда: 12:40 19.04.2021) Сиёсатмадори рус Владимир Жириновский ҳануз се сол пеш дар бораи низоъи дохилӣ дар Арманистон пешгӯӣ карда буд
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Роҳбари ҳизби Либерал-демократи Русия Владимир Жириновский дар шабакаи Telegram-и худ вазъи имрӯзаи Арманистонро шарҳ додааст.
Жириновский зери навиштаҳои худ ҳатто навори се соли пешро низ интишор кард, ки дар он ӯ дар бораи вазъи имрӯзаи Арманистон гуфта буд.
“Ба Арманистон нигаред. Пашинян сари қудрат меояд ва тими ӯро баъд аз як ё ду сол бо роҳи табодулот аз қудрат дур мекунанд ва тундгароҳо дар Арманистон ба қудрат мерасанду хунрезӣ мешавад. Ҳеҷ беҳбудие дар Арманистон намешавад”, - гуфта буд сиёсатмадори рус.
Жириновский зери ин навор навиштааст, ки ҳанӯз се сол пеш огаҳи дода буд, ки омадан ба сари қудрати Пашинян барои Арманистон чӣ паёмадҳо хоҳад дошт.
Ёдрас мешавем, ки имрӯзҳо вазъи сиёсӣ дар Арманистон боз муташаниҷтар шуд. Никол Пашинян дар бораи мушакҳои “Искандар”-и сохти Русия бадгӯи кард, ки боиси интиқоди низомиёнаш шуд.
Гуфтаҳои Пашинянро муовини аввали Ситоди генералии Арманистон Тиран Хачатрян танқид кард. Баъд аз ин Хачатрян бо фармони раисҷумҳури Арманистон аз вазифааш озод шуд.
Ситоди генералии Арманистон ба тағйироти кадрӣ вокуниш нишон доданд ва хостори истеъфои Никол Пашинян шуданд.
Аммо, нахуствазири Арманистон ин вазъро “табодулоти низомӣ” донист ва ба раисҷумҳури кишвар санад дар бораи аз вазифа озод намудани роҳбари Ситоди генералии Арманистон Оник Гаспарянро равон кард.
Ҳамин тавр дар арманистон 25 феврал тазоҳуроти мардум сар зад: ҳазорҳо тарафдоруну мухолифони Пашинян ба кӯчаҳои Ереван баромаданд.