Ҳакимзода бо Муътамидиён ҳамкориҳои вилояти Хатлон бо Хуросони Эронро баррасӣ кард

© Дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон Мулоцоти Муҳаммадсодиқи Муътамидиён, устондори Хуросони Разавӣ бо Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон
Мулоцоти Муҳаммадсодиқи Муътамидиён, устондори Хуросони Разавӣ бо Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2021
Обуна шудан
Раиси вилояти Хатлон дар дидор бо устондори Хуросони Разавӣ эълон кардааст, ки дар соли гузашта гардиши савдои хориҷии вилояти Хатлон бо Эрон 4,5 миллион долларро ташкил додааст
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Муҳаммадсодиқи Муътамидиён, устондори Хуросони Разавӣ, ки ба ҳамроҳи вазири дохилии Эрон ба Тоҷикистон сафар кардааст, бо Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон дидору гуфтугӯ кард.
Политолог Андрей Арешев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2021
Эрон метавонад вориди Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шавад: шарҳи Арешев
Устондори Хуросони Разавӣ дар дидор бо Қурбон Ҳакимзода бо баёни ин ки дар Хуросони Разавӣ зарфияти муносибе барои тавсеаи кишоварзӣ вуҷуд дорад, гуфт, ки кишоварзӣ дар таъмини амнияти ғизоии мардум ва ҷомеа нақши асосӣ дорад ва бояд бо эҷоди зерсохтҳои лозим ва рафъи мушкилот аз зарфиятҳои ин бахш ҳаддиаксари баҳраро гирифт.
Вай афзуд, ки зарфиятҳои 2 минтақаи вижаи иқтисодӣ дар Хуросони Разавӣ бистари муносибе барои ҷаҳиши иқтисодӣ дар кишвар аст ва аз тарафи дигар метавонад бо вуруди сармоягузорон ва ҷаҳиши иқтисодӣ, бахше аз иқтисоди минтақаро таҳти таъсир қарор диҳад.
Ҳамзамон вай гуфт, Хуросони Разавӣ бо вуҷуди марокизи омӯзишӣ, муассисоти омӯзиши олӣ ва донишгоҳҳои мухталиф, аз ҷумла қутбҳои омӯзишӣ ва донишгоҳии кишвар маҳсуб мешавад.
Дар ҳамин ҳол, Қурбон Ҳакимзода раиси вилояти Хатлон зимни мулоқот зикр кардааст, ки соли равон гардиши савдои хориҷии вилояти Хатлон бо Эрон 4,5 миллион долларро ташкил медиҳад. Ҷонибҳо барои боз ҳам афзоиш додани ин нишондод изҳори алоқамандӣ карданд.
Министр транспорта РТ Азим Иброхим - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2021
Азим Иброҳим: барои татбиқи нақби "Истиқлол" 5,5 миллион доллар масраф хоҳад шуд
Бояд гуфт, ки соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли саноатӣ ба 8,8 миллиард сомонӣ расида, аз ҳисоби соҳибкорони вилояти Хатлон 619 корхонаю коргоҳҳо бунёд гардид.
Қурбон Ҳакимзода, зикр кард, ки дар вилоят ба ислоҳот ва рушди соҳаи кишоварзӣ аҳамияти зарурӣ дода шуда, то ҳол зиёда аз 68 ҳазор ҳоҷагии деҳқонӣ таъсис дода шудааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ дар соли 2020 ба 17 миллиард сомонӣ баробар мебошад, ки нисбати соли 2019 1,5 миллиард ё ин ки 9,4 фоиз зиёд шудааст.
Дар соли 2020 аз қаламрави вилояти Хатлон 110 ҳазор тонна молу маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат содирот гардид.
Айни ҳол вилояти Хатлон бо минтақаҳои 34 давлати дуру наздик ҳамкориҳои судманди иқтисодию тиҷоратиро ба роҳ мондааст. Гардиши савдои хориҷӣ дар соли 2020 310 миллион долларро ташкил дод, ки содирот ба 143 миллион доллар ва воридоти молу маҳсулот ба 165 миллион доллари амрикоӣ баробар шудааст.
Лентаи хабарҳо
0