https://sputnik.tj/20210224/tojikiston-kirqiziston-dodugirift-shahrvandon-bozdoshtshuda-1032877667.html
Тоҷикистону Қирғизистон масъалаи додугирифти шаҳрвандони боздоштшударо баррасӣ карданд
Тоҷикистону Қирғизистон масъалаи додугирифти шаҳрвандони боздоштшударо баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Дидори мақомдорони ин ду кишвар бо даъвати Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шудааст 24.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-24T12:07+0500
2021-02-24T12:07+0500
2021-04-19T17:04+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
сиёсат
қирғизистон
додугирифт
шаҳрвандон
боздошт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103141/37/1031413764_38:0:1000:541_1920x0_80_0_0_f825b39bd1bf9675845cd8aa9944b198.jpg
ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Дар дидори мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ноҳияи Ботканд мавзӯи озодии шаҳрвандони боздоштшудаи ин ду ҷумҳурии ҳамсоя мавриди баррасӣ қарор гирифт, хабар медиҳад "Парс тудей" бо истинод ба сомонаи АКИ пресс.Ба иттилои манбаъ, ин дидор ба дархости тарафи Қирғизистон баргузор шуд, ки дар он мақомоти ҳукуматӣ, полис, идороти амниятӣ, додситонӣ ва марзбонии ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва Лайлаки Қирғизистон ширкат карданд.Тарафҳо дар ин дидор дар бораи ду мавзӯи таъмини амнияти сокинони рустоҳои марзӣ ва озодии 15 шаҳрванди тоҷики боздоштшуда дар Қирғизистон ва 9 қирғизи боздоштшуда дар Тоҷикистон баҳс ва табодули назар карданд. Гуфта мешавад, ки 9 шаҳрванди Қирғизистон ба далели гум кардани роҳ ҳангоми бозгашт аз Тоҷикистон ба дасти марзбонони тоҷик боздошт шудаанд, аммо дар бораи иллати боздошти 15 шаҳрванди Тоҷикистон дар Қирғизистон тавзеҳ дода нашудааст. Қаблан Умурбек Субҳон Алиев, раиси нави вилояти Ботканд дар пайи муроҷиаи волидайни боздоштшудагони қирғиз дар Тоҷикистон эълом карда буд, ки аз тариқи музокира бо мақомоти тоҷик ин мушкил ҳал хоҳад шуд.Қирғизистон ва Тоҷикистон аз моҳи март тақсимоти сарҳадро идома медиҳандВай таъкид кардааст, ки заминаи сафари наздикони ин афрод ба вилояти Суғд ва дидор бо боздоштшудагонро фароҳам хоҳад кард. То лаҳзаи интишори ин хабар дар бораи натоиҷи музокироти мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ноҳияи Ботканд иттилое мунташир нашудааст.
https://sputnik.tj/20210221/KDAM-Tajikistan-bozdosht-jinoyatkor-Jengo-Qirgiziston-kumak-1032865815.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103141/37/1031413764_279:0:1000:541_1920x0_80_0_0_060b3e293cb793f312a1fd4042e851d0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, сиёсат , қирғизистон, додугирифт, шаҳрвандон, боздошт
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, сиёсат , қирғизистон, додугирифт, шаҳрвандон, боздошт
Тоҷикистону Қирғизистон масъалаи додугирифти шаҳрвандони боздоштшударо баррасӣ карданд
12:07 24.02.2021 (Навсозишуда: 17:04 19.04.2021) Дидори мақомдорони ин ду кишвар бо даъвати Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шудааст
ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Дар дидори мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ноҳияи Ботканд мавзӯи озодии шаҳрвандони боздоштшудаи ин ду ҷумҳурии ҳамсоя мавриди баррасӣ қарор гирифт, хабар медиҳад "Парс тудей" бо истинод ба сомонаи АКИ пресс.
Ба иттилои манбаъ, ин дидор ба дархости тарафи Қирғизистон баргузор шуд, ки дар он мақомоти ҳукуматӣ, полис, идороти амниятӣ, додситонӣ ва марзбонии ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва Лайлаки Қирғизистон ширкат карданд.
Тарафҳо дар ин дидор дар бораи ду мавзӯи таъмини амнияти сокинони рустоҳои марзӣ ва озодии 15 шаҳрванди тоҷики боздоштшуда дар Қирғизистон ва 9 қирғизи боздоштшуда дар Тоҷикистон баҳс ва табодули назар карданд.
Гуфта мешавад, ки 9 шаҳрванди Қирғизистон ба далели гум кардани роҳ ҳангоми бозгашт аз Тоҷикистон ба дасти марзбонони тоҷик боздошт шудаанд, аммо дар бораи иллати боздошти 15 шаҳрванди Тоҷикистон дар Қирғизистон тавзеҳ дода нашудааст.
Қаблан Умурбек Субҳон Алиев, раиси нави вилояти Ботканд дар пайи муроҷиаи волидайни боздоштшудагони қирғиз дар Тоҷикистон эълом карда буд, ки аз тариқи музокира бо мақомоти тоҷик ин мушкил ҳал хоҳад шуд.
Вай таъкид кардааст, ки заминаи сафари наздикони ин афрод ба вилояти Суғд ва дидор бо боздоштшудагонро фароҳам хоҳад кард.
То лаҳзаи интишори ин хабар дар бораи натоиҷи музокироти мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ноҳияи Ботканд иттилое мунташир нашудааст.