https://sputnik.tj/20210221/KDAM-Tajikistan-bozdosht-jinoyatkor-Jengo-Qirgiziston-kumak-1032865815.html
Кумаки КДАМ Тоҷикистон ба Қирғизистон барои боздошти ҷинояткор “Ҷенго”
Кумаки КДАМ Тоҷикистон ба Қирғизистон барои боздошти ҷинояткор “Ҷенго”
Sputnik Тоҷикистон
Ахиран раиси Кумитаи давлаии амнияти миллии Қирғизистон эълон доштааст, ки барои боздошти Қодир Досонов бо лақаби “Ҷенго” шахсан ба Саймумин Ятимов муроҷиат... 21.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-21T13:20+0500
2021-02-21T13:20+0500
2021-07-07T18:39+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
саймумин ятимов
кдам
қирғизистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101797/76/1017977621_0:0:1601:901_1920x0_80_0_0_b3754421fb2b5077fe6a78e601c785b9.jpg
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Тибқи иттилои расонаҳои Қирғизистон, ахиран раиси Кумитаи давлаии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Ташиев ҳангоми мулоқот бо сокинони вилояти Ботканд эълон доштааст, ки дар боздошти ҷинояткор Қодир Досонов бо лақаби “Ҷенго” КДАМ-и Тоҷикистон кумаки ҷидди расонидааст. Вай таъкид доштааст, ки ҳоло давлати дар Қирғизистон бар зидди ҷиноятпешагон муборизаи сахт мебарад.Гуфта шудааст, ки КДАМ Қирғизистон қаблан хабар дода буд, ки ҷинояткор Қодир Досонов бо лақаби “Ҷенго” боздошт ва ба маҳбас равона шудааст.То ин замон вакили мудофеъи “Ҷенго” Нозгул Суйнбаева мегуфт, ки Досонов бо хоҳиши худаш ба КДАМ вилояти Уш омадааст.Ошкоршавии миқдори зиёди қочоқи телефон аз Қирғизистон ба ТоҷикистонДосонов моҳи ноябри соли 2020 барои содир намудани ҷинояти сангин бар зидди амволи хусусӣ ба ҷустуҷӯи байналмилалӣ эълон шуд . Баъд боздошт ни маълум шуд, ки Досонов боз ба содир кардани як ҷинояти дигар муттаҳам мешавад ва нисбати ӯ боз як парвандаи дигар бо моддааи 215 Кодекси ҷиноии Қирғизистон (қонунигардонии (пулшӯӣ) даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба даст оварда) боз шудааст.
https://sputnik.tj/20210216/Qirgiziston-Tojikiston-taqsim-sarhad-1032835792.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101797/76/1017977621_0:0:1601:1201_1920x0_80_0_0_7f61d2e9a18fd860f6167726d007303a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, саймумин ятимов, кдам, қирғизистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, саймумин ятимов, кдам, қирғизистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Кумаки КДАМ Тоҷикистон ба Қирғизистон барои боздошти ҷинояткор “Ҷенго”
13:20 21.02.2021 (Навсозишуда: 18:39 07.07.2021) Ахиран раиси Кумитаи давлаии амнияти миллии Қирғизистон эълон доштааст, ки барои боздошти Қодир Досонов бо лақаби “Ҷенго” шахсан ба Саймумин Ятимов муроҷиат кардааст ва КДАМ Тоҷикистон барои боздошти ин ҷинояткор ба Қирғизистон кумак кардааст
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Тибқи иттилои расонаҳои Қирғизистон, ахиран раиси Кумитаи давлаии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Ташиев ҳангоми мулоқот бо сокинони вилояти Ботканд эълон доштааст, ки дар боздошти ҷинояткор Қодир Досонов бо лақаби “Ҷенго” КДАМ-и Тоҷикистон кумаки ҷидди расонидааст.
“Мо се моҳ аз пушти Қодир Досонов давидем. Ӯ ба Ботканд омад ва аз инҷо ба Тоҷикистон рафт. Ҳамон замоне, ки мо мехостем ӯро боздошт кунем вай ба дигар ҷой гурехт. Дар ниҳоят ман бо раиси КДАМ Тоҷикистон Саймумин Ятимов суҳбат доштам, онҳо ӯро аз Тоҷикистон пеш карданд ва мо ӯро боздошт кардем”,- гуфт Ташиев.
Вай таъкид доштааст, ки ҳоло давлати дар Қирғизистон бар зидди ҷиноятпешагон муборизаи сахт мебарад.
Гуфта шудааст, ки КДАМ Қирғизистон қаблан хабар дода буд, ки ҷинояткор Қодир Досонов бо лақаби “Ҷенго” боздошт ва ба маҳбас равона шудааст.
То ин замон вакили мудофеъи “Ҷенго” Нозгул Суйнбаева мегуфт, ки Досонов бо хоҳиши худаш ба КДАМ вилояти Уш омадааст.
Досонов моҳи ноябри соли 2020 барои содир намудани ҷинояти сангин бар зидди амволи хусусӣ ба ҷустуҷӯи байналмилалӣ эълон шуд . Баъд боздошт ни маълум шуд, ки Досонов боз ба содир кардани як ҷинояти дигар муттаҳам мешавад ва нисбати ӯ боз як парвандаи дигар бо моддааи 215 Кодекси ҷиноии Қирғизистон (қонунигардонии (пулшӯӣ) даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба даст оварда) боз шудааст.