Ба сари қарзаш рафту корд хӯрд: куштори Ҷоббиров дар Душанбе – видео

© Sputnik / Стас ЭвтешДеньги, архивное фото
Деньги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2021
Обуна шудан
Вазорати умури доҳилии Тоҷикистон мегӯяд, бисёри ҷиноятҳои махсусан вазнин, аз ҷумла куштор дар бисёри ҳолатҳо дар заминаи баҳсҳои пулӣ сурат мегиранд
ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Зоирҷон Абдурасулов, сокини 22-солаи кӯчаи Помири шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар куштори Сомон Ҷоббиров муттаҳам мешавад.
Тақдими мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳо ба низомиёни Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2021
Ҳукумат рутбаҳои саргурд, сарҳанг, таҳамтану сипаҳсолорро қабул накард?
Ба иттилои ВУД, Абдурасулов аз Сомон Ҷоббиров, сокини 23-солаи ноҳияи Рӯдакӣ 90 ҳазор сомонӣ қарздор будааст.
Прапоршики Гвардияи миллӣ ҳамсар ва хусуру хушдоманашро паронд: куштори мудҳиш
“Ҷоббиров рӯзи 17 феврал тахминан соати 14:30 дақиқа ба хотири бозпас гирифтани маблағи худ ба манзили истиқоматии Абдурасулов дар кӯчаи Помири шаҳри Душанбе омадааст. Дар пайи муноқиша Абдурасулов дар ҳолати ғазаб як маротиба ба қафаси синаи Ҷобиров корд мезанад, ки дар натиҷа номбурда дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаст”, - гузориш дод ВУД.
Манбаъ такид кард, ки феълан алайҳи Абдурасулов парвандаи ҷиноӣ боз шуда, муттаҳам дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Назари бевоситаи айбдоршаванда дар бораи ин қазия маълум нест.
Тибқи иттилои расмии ВУД, соли гузашта дар Тоҷикистон 107 ҷинояти куштор, 33 роҳзанӣ, 161 ғоратгарӣ, 1325 авбошӣ, 2866 қаллобӣ, 6197 дуздӣ ва дигар ҷиноятҳо ба қайд гирифта шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0