https://sputnik.tj/20210217/hukumat-rutba-sargurd-sarhang-tahamtan-1032844076.html
Ҳукумат рутбаҳои саргурд, сарҳанг, таҳамтану сипаҳсолорро қабул накард?
Ҳукумат рутбаҳои саргурд, сарҳанг, таҳамтану сипаҳсолорро қабул накард?
Sputnik Тоҷикистон
Қонуни Тоҷикистон дар бораи хизмати ҳарбӣ ва уҳдадориҳои ҳарбӣ қабул шуд, аммо дар бораи қабули рутбаҳои низомии тоҷикӣ, амсоли радабон, дастабон, сардаста... 17.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-17T18:26+0500
2021-02-17T18:26+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
амният ва мудофиа
рутба
низомӣ
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102481/95/1024819557_0:0:4653:2618_1920x0_80_0_0_e5a5d33b0a903b841927667d5355f4ce.jpg
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Раҳим Зулфониён, сардори шӯъбаи истилоҳҳои Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, мегӯяд, ба гуруҳи корӣ, ки ба таҳияи лоиҳаи қонун дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ машғул буд, гузинаҳои тоҷикии рутбаҳои ҳарбиро пешниҳод кард.Зулфониён зимни нишасти матбуотӣ гуфт, истилоҳоти низомӣ, ба хусус рутбаҳо ва воҳидҳою ягонҳои низомӣ ба Ҳукумат пешниҳод шудаанд. Ӯ аз пешниҳоди ин тағйирот ба гуруҳе гуфт, ки лоиҳаи қонун дар бораи уҳдадориҳои ҳарбиро таҳия мекунад ва афзуд, ин масъала дар Ҳукумати Тоҷикистон мавриди баррасӣ аст.Қаблан гузинаҳои тоҷикии рутбаҳои ҳарбӣ, аз ҷумла ефрейтор – радабон, младший сержант – даставар, сержант – дастаёр, старший сержант – дастабон, старшина – сардаста, прапоршик – силаҳбон пешниҳод шуда буд. Дар мавриди ҳайати афсарӣ, лейтенант – таҳамдор, капитан – таҳамтан, майор – саргурд, подполковник – сарҳангёр, полковник – сарҳанг, генерал – солор, генерал-майор – гундсолор, генерал лейтенант – лашкарсолор, генерал полковник – сипаҳсолор ва генерал армия – артишсолор пешниҳод шудааст.Қаблан хабар дода шуд, ки Вазорати дифои Тоҷикистон ин пешниҳодро ба далоили молӣ рад кардааст.Парлумони Тоҷикистон низ соли равон тарҳи қонун "Дар бораи хизмати ҳарбӣ ва ӯҳдадориҳои ҳарбӣ"-ро қабул кард, ки он ба ивази пул хизмати ҳарбӣ дар ҳайати нерӯҳои захиравиро иҷозат медиҳад. Аммо дар мавриди гузинаҳои тоҷикии рутбаҳои ҳарӣ дар қонуни қабулшуда чизе гуфта нашудааст.
https://sputnik.tj/20181230/Sukhani-okhirro-hukumat-meguyad-na-vazorat-Jayhoni-dar-borai-tojiki-kardani-rutbahoi-rusi-1027867004.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102481/95/1024819557_210:0:4339:3097_1920x0_80_0_0_09f3d0dee17bce50eebf90bd5b597500.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, амният ва мудофиа, рутба, низомӣ, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, амният ва мудофиа, рутба, низомӣ, дар тоҷикистон
Ҳукумат рутбаҳои саргурд, сарҳанг, таҳамтану сипаҳсолорро қабул накард?
18:26 17.02.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Қонуни Тоҷикистон дар бораи хизмати ҳарбӣ ва уҳдадориҳои ҳарбӣ қабул шуд, аммо дар бораи қабули рутбаҳои низомии тоҷикӣ, амсоли радабон, дастабон, сардаста, силаҳбон ва ғайра зикре нашуд
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Раҳим Зулфониён, сардори шӯъбаи истилоҳҳои Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, мегӯяд, ба гуруҳи корӣ, ки ба таҳияи лоиҳаи қонун дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ машғул буд, гузинаҳои тоҷикии рутбаҳои ҳарбиро пешниҳод кард.
Зулфониён зимни нишасти матбуотӣ гуфт, истилоҳоти низомӣ, ба хусус рутбаҳо ва воҳидҳою ягонҳои низомӣ ба Ҳукумат пешниҳод шудаанд. Ӯ аз пешниҳоди ин тағйирот ба гуруҳе гуфт, ки лоиҳаи қонун дар бораи уҳдадориҳои ҳарбиро таҳия мекунад ва афзуд, ин масъала дар Ҳукумати Тоҷикистон мавриди баррасӣ аст.
Қаблан гузинаҳои тоҷикии рутбаҳои ҳарбӣ, аз ҷумла ефрейтор – радабон, младший сержант – даставар, сержант – дастаёр, старший сержант – дастабон, старшина – сардаста, прапоршик – силаҳбон пешниҳод шуда буд.
Дар мавриди ҳайати афсарӣ, лейтенант – таҳамдор, капитан – таҳамтан, майор – саргурд, подполковник – сарҳангёр, полковник – сарҳанг, генерал – солор, генерал-майор – гундсолор, генерал лейтенант – лашкарсолор, генерал полковник – сипаҳсолор ва генерал армия – артишсолор пешниҳод шудааст.
Қаблан хабар дода шуд, ки Вазорати дифои Тоҷикистон ин пешниҳодро ба далоили молӣ рад кардааст.
Парлумони Тоҷикистон низ соли равон тарҳи қонун "Дар бораи хизмати ҳарбӣ ва ӯҳдадориҳои ҳарбӣ"-ро қабул кард, ки он ба ивази пул хизмати ҳарбӣ дар ҳайати нерӯҳои захиравиро иҷозат медиҳад. Аммо дар мавриди гузинаҳои тоҷикии рутбаҳои ҳарӣ дар қонуни қабулшуда чизе гуфта нашудааст.