https://sputnik.tj/20210224/khujand-kord-hamzist-1032879912.html
Дар Хуҷанд зани 51-сола маъшуқи ҷавонашро корд зад
Дар Хуҷанд зани 51-сола маъшуқи ҷавонашро корд зад
Sputnik Тоҷикистон
Занро феълан дастгир кардаанд. Марди маҷрӯҳ дар беморхона бистарӣ шудааст ва тафтишот идома дорад 24.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-24T14:56+0500
2021-02-24T14:56+0500
2021-07-07T18:38+0500
дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо
хуҷанд
корд
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102942/23/1029422318_0:19:3000:1707_1920x0_80_0_0_c80d9f9e2ff170e748783b20abcb13c2.jpg
ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Дар Хуҷанд як занро бо гумони кордкашӣ дасгир кардаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад."Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 51-солаи сокини шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд", - омадааст дар гузориши манбаъ.Тавре дафтари матбуотии ВКД менависад, ҳодиса ҳанӯз 12 феврал тақрибан соатҳои 10:30 субҳ рух додааст.Гуфта мешавад, зани гумонбаршаванда дар хонаи муваққатан истиқоматиаш, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд бо ҳамзисташ марди 39-солаи сокини ҳамон ҷо, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, ҷангу ҷанҷол кардааст.Сипас бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба қафаси синааш задаст."Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст", - менависад ВКД Тоҷикистон.Сарзаниши падар: донишҷӯ сабаби ба декан корд кашиданашро гуфтаастНисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
https://sputnik.tj/20210222/milisa-dastgirshudan-navras-kord-1032870840.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102942/23/1029422318_233:0:2900:2000_1920x0_80_0_0_b01b310c637a76a6c60f8b3d4d1752bd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, хуҷанд, корд, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, хуҷанд, корд, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Дар Хуҷанд зани 51-сола маъшуқи ҷавонашро корд зад
14:56 24.02.2021 (Навсозишуда: 18:38 07.07.2021) Занро феълан дастгир кардаанд. Марди маҷрӯҳ дар беморхона бистарӣ шудааст ва тафтишот идома дорад
ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Дар Хуҷанд як занро бо гумони кордкашӣ дасгир кардаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад.
"Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 51-солаи сокини шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд", - омадааст дар гузориши манбаъ.
Тавре дафтари матбуотии ВКД менависад, ҳодиса ҳанӯз 12 феврал тақрибан соатҳои 10:30 субҳ рух додааст.
Гуфта мешавад, зани гумонбаршаванда дар хонаи муваққатан истиқоматиаш, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд бо ҳамзисташ марди 39-солаи сокини ҳамон ҷо, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, ҷангу ҷанҷол кардааст.
Сипас бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба қафаси синааш задаст.
"Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст", - менависад ВКД Тоҷикистон.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.