https://sputnik.tj/20210222/milisa-dastgirshudan-navras-kord-1032870840.html
Милисаҳо як навраси кордхӯрдаро дастгир карданд: дар беморхона аст
Милисаҳо як навраси кордхӯрдаро дастгир карданд: дар беморхона аст
Sputnik Тоҷикистон
Ду наврас бо ҳам ҷангу ҷанҷол карда, дар натиҷа яке бо корд дувуминро захмӣ кардаст: дар натиҷа милисаҳо ҳардуро низ дастгир карданд 22.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-22T13:17+0500
2021-02-22T13:17+0500
2021-07-07T18:38+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
корд
наврас
милиса
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102096/63/1020966364_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_0e22df5414bebbd9d59b307a18e865e7.jpg
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз дастгир шудани ду наврас дар Душанбе хабар медиҳад, ки яке аз онҳо феълан бо захми корд дар беморхона қарор доштааст.Бино бар иттилои манбаъ, ҳарду наврас, яке сокини шаҳри Душанбе ва дигаре сокини ноҳияи Рӯдакӣ, 17 сол дошта, дар пайи ҷанҷол ба иттиҳоми авбошӣ дастгир шудаанд.Сарзаниши падар: донишҷӯ сабаби ба декан корд кашиданашро гуфтаастГуфта мешавад, номбурдагон, 20-уми феврали соли 2021, тахминан соати 11:20-дақиқа, дар назди бинои "Маҷмааи варзишӣ", воқеъ дар кӯчаи Маяковский бо якдигар ҷангу ҷанҷол кардаанд.Дар пайи якеашон бо олоти халандаю бурранда 1-маротиба ба дасти дувумин зарба зада, аз ҷойи ходиса ғайб задааст.Дар натиҷа нафари зарбхӯрда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102096/63/1020966364_113:0:2844:2048_1920x0_80_0_0_ab646230efb2224b4b1611218f957a78.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, корд, наврас, милиса, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, корд, наврас, милиса, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Милисаҳо як навраси кордхӯрдаро дастгир карданд: дар беморхона аст
13:17 22.02.2021 (Навсозишуда: 18:38 07.07.2021) Ду наврас бо ҳам ҷангу ҷанҷол карда, дар натиҷа яке бо корд дувуминро захмӣ кардаст: дар натиҷа милисаҳо ҳардуро низ дастгир карданд
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз дастгир шудани ду наврас дар Душанбе хабар медиҳад, ки яке аз онҳо феълан бо захми корд дар беморхона қарор доштааст.
"Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ноболғи 17-сола дастгир шуданд", - менависад манбаъ.
Бино бар иттилои манбаъ, ҳарду наврас, яке сокини шаҳри Душанбе ва дигаре сокини ноҳияи Рӯдакӣ, 17 сол дошта, дар пайи ҷанҷол ба иттиҳоми авбошӣ дастгир шудаанд.
Гуфта мешавад, номбурдагон, 20-уми феврали соли 2021, тахминан соати 11:20-дақиқа, дар назди бинои "Маҷмааи варзишӣ", воқеъ дар кӯчаи Маяковский бо якдигар ҷангу ҷанҷол кардаанд.
Дар пайи якеашон бо олоти халандаю бурранда 1-маротиба ба дасти дувумин зарба зада, аз ҷойи ходиса ғайб задааст.
Дар натиҷа нафари зарбхӯрда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.