https://sputnik.tj/20210224/kholiqzoda-sud-ghafutov-firor-1032878818.html
Акбар Холиқзода, додраси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров куҷо фирор кард?
Акбар Холиқзода, додраси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров куҷо фирор кард?
Sputnik Тоҷикистон
Нисбати ӯ, ҳоло кофтукови ҷиноӣ эълон шудааст. Акбар Холиқзода аллакай дувумин намояндаи мақомот аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст, ки баъди дастгир шудан, фирор... 24.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-24T13:17+0500
2021-02-24T13:17+0500
2021-07-07T18:38+0500
дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо
суд
фирор
парванда
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102504/78/1025047882_0:0:1500:844_1920x0_80_0_0_964471ba8a103372d03b9f09efbdef4a.jpg
ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Акбар Холиқзода, судяи Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки ба порагирӣ муттаҳам дониста мешавад барои бозпурсӣ ба суд ҳозир нашуда, фирор кардааст. Нисбати ӯ, ҳоло кофтукови ҷиноӣ эълон шудааст."Ҳолати порагирии Акбар Холиқзода, судяи Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ошкор шудааст", - гуфт Аваззода Шараф Тавар, сардори Ожонси мубориза бо коррупсия дар Суғд, зимни нишасти матбуотӣ.Ба қавли вай, бар асоси ёфт шудани далелҳои шайъӣ нисбати Холиқзода парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 319 (гирифтани пора) оғоз ва нисбаташ айб эълон шуд, аммо дар баррасии додгоҳӣ ӯ ҳозир нашудааст.Акбар Холиқзода, сокини 40 солаи шаҳри Бӯстон гуфта мешавад, ки дар пайи ошкор шудани порахурӣ моҳи ноябри соли 2020 бо фармони раисиҷумҳур аз вазифаи судяи Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барканор шуд.Дар Тоҷикистон таъйин ва барканории судяҳо тибқи фармони Президент сурат мегирад.Акбар Холиқзода баъд аз Абдусамад Маннонзода, раиси собиқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дуюмин нафари мансабдор дар ин ноҳияи ба ҳисоб меравад, ки баъди нисбаташон оғоз шудани парвандаи порагирӣ ба суд ҳозир нашуда, балки фирор кардаанд.Абдусамад Маннонзода давоми солҳои 2013-2015, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд.Соли 2016 аз сӯи Раёсати Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод дар вилояти Суғд, бар асоси моддаи 319 қисми 4 банди “г” и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани пора ба миқдори калон парвандаи ҷиноӣ оғоз намуда гуфта буд, ки Маннонзода дар вақти раиси ноҳия буданаш барои ҷудо намудани замин ба хоҷагии ёрирасони кишоварзӣ дар маҷмӯъ 140 ҳазор доллари амрикоӣ пора гирифтааст.Аз фирори Маннонзода то ҳабси Иноятзода: парвандаи собиқ раисони ноҳияҳои Суғду Хатлон Баъди эълони айб нисбаташ, ин собиқ раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба суд ҳозир нашуда фирор кард ва то ин ҷониб дар куҷо ғайб задани ӯ маълум нест.Мақомот се соли пеш дар бораи дар кофтуков қарор доштани ӯ, эълон карда буданд.
https://sputnik.tj/20201118/Shanu-sharafro-past-zad-Prezident-Kholiqzoda-Akbarro-az-maqomash-barkanor-kard-1032298707.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102504/78/1025047882_188:0:1313:844_1920x0_80_0_0_a2637a637799901b2fe4df03466c7370.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, суд, фирор, парванда, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, суд, фирор, парванда, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Акбар Холиқзода, додраси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров куҷо фирор кард?
13:17 24.02.2021 (Навсозишуда: 18:38 07.07.2021) Нисбати ӯ, ҳоло кофтукови ҷиноӣ эълон шудааст. Акбар Холиқзода аллакай дувумин намояндаи мақомот аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст, ки баъди дастгир шудан, фирор мекунад
ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Акбар Холиқзода, судяи Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки ба порагирӣ муттаҳам дониста мешавад барои бозпурсӣ ба суд ҳозир нашуда, фирор кардааст. Нисбати ӯ, ҳоло кофтукови ҷиноӣ эълон шудааст.
"Ҳолати порагирии Акбар Холиқзода, судяи Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ошкор шудааст", - гуфт Аваззода Шараф Тавар, сардори Ожонси мубориза бо коррупсия дар Суғд, зимни нишасти матбуотӣ.
Ба қавли вай, бар асоси ёфт шудани далелҳои шайъӣ нисбати Холиқзода парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 319 (гирифтани пора) оғоз ва нисбаташ айб эълон шуд, аммо дар баррасии додгоҳӣ ӯ ҳозир нашудааст.
“Аз ҷониби кормандони Раёсат соли ҷорӣ Акбар Холиқзода, ҳангоми гирифтани пора дастгир гардида, далелҳои шайъӣ аз ҷойи ҳодиса гирифта шуд. Ӯ ба суд ҳозир нашуда, фирор кардааст. Айни ҳол нисбати Холиқзода кофтуков эълон шудааст”, - зикр кард сардори Идораи мубориза бо фасод.
Акбар Холиқзода, сокини 40 солаи шаҳри Бӯстон гуфта мешавад, ки дар пайи ошкор шудани порахурӣ моҳи ноябри соли 2020 бо фармони раисиҷумҳур аз вазифаи судяи Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барканор шуд.
Дар Тоҷикистон таъйин ва барканории судяҳо тибқи фармони Президент сурат мегирад.
Акбар Холиқзода баъд аз Абдусамад Маннонзода, раиси собиқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дуюмин нафари мансабдор дар ин ноҳияи ба ҳисоб меравад, ки баъди нисбаташон оғоз шудани парвандаи порагирӣ ба суд ҳозир нашуда, балки фирор кардаанд.
Абдусамад Маннонзода давоми солҳои 2013-2015, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд.
Соли 2016 аз сӯи Раёсати Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод дар вилояти Суғд, бар асоси моддаи 319 қисми 4 банди “г” и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани пора ба миқдори калон парвандаи ҷиноӣ оғоз намуда гуфта буд, ки Маннонзода дар вақти раиси ноҳия буданаш барои ҷудо намудани замин ба хоҷагии ёрирасони кишоварзӣ дар маҷмӯъ 140 ҳазор доллари амрикоӣ пора гирифтааст.
Баъди эълони айб нисбаташ, ин собиқ раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба суд ҳозир нашуда фирор кард ва то ин ҷониб дар куҷо ғайб задани ӯ маълум нест.
Мақомот се соли пеш дар бораи дар кофтуков қарор доштани ӯ, эълон карда буданд.