https://sputnik.tj/20210223/Zokirzoda-hamkor-Ittihodi-Avrupo-1032874706.html
Зокирзода хостори густариши ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо шуд
Зокирзода хостори густариши ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо шуд
Sputnik Тоҷикистон
Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, бо Рефик Шабанович, сафири Хорватия дар кишвар густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд 23.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-23T10:00+0500
2021-02-23T10:00+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
сиёсат
иттиҳоди аврупо
ҳамкорӣ
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103089/69/1030896984_0:0:3076:1731_1920x0_80_0_0_39082819c74c29346e3e65acaffbc28f.jpg
ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон, нахуст Зокирзода Шабановичро ба муносибати оғози фаъолияташ ҳамчун сафири Хорватия дар Тоҷикистон шодбош гуфта, умедвори таҳкими равобити дӯстона шудааст.Зокирзода зикр намудааст, ки масоили таҳким ва густариши ҳамкории ду кишвар аз сафари расмии Президенти Хорватия Степан Месич ба Тоҷикистон 23-25 майи соли 2009 асос мегирад.Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин таъкид намуд, ки ҷониби Тоҷикистон бар он ақида аст, ки потенсиали бузурги ҳамгироии иқтисодие, ки Иттиҳоди Аврупо дорост, моро имконият медиҳад, то дар ин самт фаъолиятамонро ба ҳайси яке аз ҳадафҳои асосии минбаъдаи худ муайян намуда, ба пешбурди робитаҳои мутақобилан судманди иқтисодиву тиҷоратиамон такони тоза бахшем.“Соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, хусусан саноати кӯҳӣ, нақлиёту коммуникатсия, сохтмон, илму техника, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва туризм аз самтҳои ояндадори ҳамкории ҳарду кишвар ва ҳам аз ҳамкориҳои афзалиятноки мо бо Иттиҳоди Аврупо мебошанд”,- изҳор доштааст раиси Маҷлиси намояндагон.Раиси парлумони касбии Тоҷикистон роҷеъ ба масоили ҳамкориҳои байнипарлумонӣ гуфтаст, ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо Парламенти Ҷумҳурии Хорватия (Хорватский сабор) дар ҳоли таъсис қарор дорад ва баъди тасдиқ ёфтани ин гурӯҳи байнипарламентӣ ҳамкорони хорватӣ огоҳ карда мешаванд.Таъсис додани гурӯҳи мазкур ба фоидаи ҳарду ҷониб буда ҷиҳати ҳарчи бештар рушду тавсеаи ҳамкориҳои байнипарламентии мо хизмат хоҳад кард, таъкид шудаст дар мулоқот.
https://sputnik.tj/20210220/iqtisod-amniyat-muzokiroti-Tajikistan-Ittihodiyai-Avrupo--1032860981.html
иттиҳоди аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103089/69/1030896984_221:0:2950:2047_1920x0_80_0_0_ede28bc18ace5a6182866cdac18493e3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, сиёсат , иттиҳоди аврупо, ҳамкорӣ, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, сиёсат , иттиҳоди аврупо, ҳамкорӣ, дар тоҷикистон
Зокирзода хостори густариши ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо шуд
10:00 23.02.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, бо Рефик Шабанович, сафири Хорватия дар кишвар густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон, нахуст Зокирзода Шабановичро ба муносибати оғози фаъолияташ ҳамчун сафири Хорватия дар Тоҷикистон шодбош гуфта, умедвори таҳкими равобити дӯстона шудааст.
Зокирзода зикр намудааст, ки масоили таҳким ва густариши ҳамкории ду кишвар аз сафари расмии Президенти Хорватия Степан Месич ба Тоҷикистон 23-25 майи соли 2009 асос мегирад.
Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин таъкид намуд, ки ҷониби Тоҷикистон бар он ақида аст, ки потенсиали бузурги ҳамгироии иқтисодие, ки Иттиҳоди Аврупо дорост, моро имконият медиҳад, то дар ин самт фаъолиятамонро ба ҳайси яке аз ҳадафҳои асосии минбаъдаи худ муайян намуда, ба пешбурди робитаҳои мутақобилан судманди иқтисодиву тиҷоратиамон такони тоза бахшем.
“Соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, хусусан саноати кӯҳӣ, нақлиёту коммуникатсия, сохтмон, илму техника, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва туризм аз самтҳои ояндадори ҳамкории ҳарду кишвар ва ҳам аз ҳамкориҳои афзалиятноки мо бо Иттиҳоди Аврупо мебошанд”,- изҳор доштааст раиси Маҷлиси намояндагон.
Раиси парлумони касбии Тоҷикистон роҷеъ ба масоили ҳамкориҳои байнипарлумонӣ гуфтаст, ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо Парламенти Ҷумҳурии Хорватия (Хорватский сабор) дар ҳоли таъсис қарор дорад ва баъди тасдиқ ёфтани ин гурӯҳи байнипарламентӣ ҳамкорони хорватӣ огоҳ карда мешаванд.
Таъсис додани гурӯҳи мазкур ба фоидаи ҳарду ҷониб буда ҷиҳати ҳарчи бештар рушду тавсеаи ҳамкориҳои байнипарламентии мо хизмат хоҳад кард, таъкид шудаст дар мулоқот.