https://sputnik.tj/20210223/Tarma-Dushanbe-Chanoq-IRS-1032876116.html
Тармаю маҳдудиятҳо дар роҳи Душанбе – Чаноқ: шарҳи IRS
Тармаю маҳдудиятҳо дар роҳи Душанбе – Чаноқ: шарҳи IRS
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати роҳбони IRS аз тармафароиҳо ва ҷорӣ шудани маҳдудияти ҳаракат дар роҳи Душанбе – Чаноқ хабар дод 23.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-23T17:10+0500
2021-02-23T17:10+0500
2021-04-22T16:51+0500
ҳамаи хабарҳо
нақлиёт
тарма
дар тоҷикистон
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/17/1032876083_0:120:1280:840_1920x0_80_0_0_f2fea2e343ba0f9956c8738d72399418.jpg
ДУШАНБЕ, 23 фев – Sputnik. Ба иттилои IRS, бинобар шадид ва давомдор будани бориши барф, бо мақсади эҷод накардани монеа ба ҳаракати дигар намуди воситаҳои нақлиёт, барои гузариши автомобилҳои боркаши ядакдор ва "Фура"-ҳо маҳдудият ҷорӣ шудааст. Инчунин зуҳри имрӯз ширкати мазкур иттилоъ дод, ки дар километри 80-уми роҳи автомобилгарди Душанбе - Чаноқ тармаи калонҳаҷм фаромад, ки баландии он 10 ва паҳноияш 80 метр аст. Дар ин замина ҳаракати тамоми намуди нақлиёт муваққатан боздошта шуд.“Аз беобӣ ба Сибир кӯч бастанд”: тафсилоти ҷолиби Фарҳод Раҳимӣ дар бораи гармшавии иқлимАммо баъди чанде ширкат дигарбора эълон намуд, ки кормандон дар муддати кутоҳ тармаро бартараф намуданд ва гузариши автомобилҳо имконпазир гардид. Айни замон корҳо баҳри пурра рафъ намудани пайомади тармафароӣ идома дорад, омадааст дар иттилоияи ширкат.Қаблан мақомоти Тоҷикистон аз номусоидии боду ҳаво хабар дода аз шаҳрвандон даъват намуда буданд, ки бидуни зарурати сахт сафар накунанду аз эҳтиёт кор бигиранд.
https://sputnik.tj/20210219/khf-boron-barf-hushdor-1032854136.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/17/1032876083_0:0:1280:960_1920x0_80_0_0_143d8b2f9bd7f745ca75d554c6499f7e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, нақлиёт, тарма, дар тоҷикистон, душанбе
ҳамаи хабарҳо, нақлиёт, тарма, дар тоҷикистон, душанбе
Тармаю маҳдудиятҳо дар роҳи Душанбе – Чаноқ: шарҳи IRS
17:10 23.02.2021 (Навсозишуда: 16:51 22.04.2021) Ширкати роҳбони IRS аз тармафароиҳо ва ҷорӣ шудани маҳдудияти ҳаракат дар роҳи Душанбе – Чаноқ хабар дод
ДУШАНБЕ, 23 фев – Sputnik. Ба иттилои IRS, бинобар шадид ва давомдор будани бориши барф, бо мақсади эҷод накардани монеа ба ҳаракати дигар намуди воситаҳои нақлиёт, барои гузариши автомобилҳои боркаши ядакдор ва "Фура"-ҳо маҳдудият ҷорӣ шудааст.
Инчунин зуҳри имрӯз ширкати мазкур иттилоъ дод, ки дар километри 80-уми роҳи автомобилгарди Душанбе - Чаноқ тармаи калонҳаҷм фаромад, ки баландии он 10 ва паҳноияш 80 метр аст. Дар ин замина ҳаракати тамоми намуди нақлиёт муваққатан боздошта шуд.
Аммо баъди чанде ширкат дигарбора эълон намуд, ки кормандон дар муддати кутоҳ тармаро бартараф намуданд ва гузариши автомобилҳо имконпазир гардид. Айни замон корҳо баҳри пурра рафъ намудани пайомади тармафароӣ идома дорад, омадааст дар иттилоияи ширкат.
Қаблан мақомоти Тоҷикистон аз номусоидии боду ҳаво хабар дода аз шаҳрвандон даъват намуда буданд, ки бидуни зарурати сахт сафар накунанду аз эҳтиёт кор бигиранд.