https://sputnik.tj/20210222/Shuroi-ulamo-Tojikiston-1032871674.html
Се нафаре, ки бе падар ба вуҷуд омадаанд: Шӯрои уламо номашонро гуфт
Се нафаре, ки бе падар ба вуҷуд омадаанд: Шӯрои уламо номашонро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар посух ба суоли корбарони сомонааш номи се нафареро гуфт, ки ба иттилои ин ниҳод бе падар ба вуҷуд омадаанд 22.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-22T16:01+0500
2021-02-22T16:01+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
фарҳанг
шӯрои уламо
падар
таваллуд
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102962/43/1029624368_0:120:1621:1036_1920x0_80_0_0_023bc846db342824823a87bf6e1464a0.jpg
ДУШАНБЕ, 22 фев – Sputnik. Абдухолиқ, як корбари сомонаи Шӯрои уламо аз ин ниҳод суол кардааст, ки оё дар дунё махлуқоте бе падар ба вуҷуд омадаанд.Шӯрои уламои Тоҷикистон посух додааст, ки ҳазрати Одам (а), момо Ҳаво (рз) ва ҳазрати Исо (а) бе падар ба вуҷуд омадаанд.Дар сомонаи Шӯрои уламо бахши суолу ҷавоб фаъол аст, ки корбарон дар он суолҳои худро аз бахшҳои гуногун ироа мекунанд.Аз ҷумла Зарина суол кардааст, ки шавҳараш аз Русия тавассути телефон бо ӯ ҷанҷол кард ва тариқи паёмак “ҷавобатро додам” навишт.“Пас аз чанд рӯз тамос гирифта, боз ҷанҷол кард ва ин дафъа навишт, ки “се бор миллион талоқат кардам”. Акнун пушаймон аст ва мехоҳад, ки дубора никоҳ кунем. Оё мо метавонем, ки дубора никоҳ кунем?”, - суол додааст Зарина.Шӯрои уламо посух додааст, ки “лафзи “ҷавобатро додам” аз алфози кинояи талоқ аст ва дар ҳолати далолати ҳол ё вуҷуди ният бо ин лафз талоқ воқеъ мегардад”.“Барои посухи саҳеҳ додан ба масъалаи шумо шунидани тафсилоти моҷаро аз забони худи шавҳаратон зарур аст, бинобар ин, дар сурати имкон шавҳаратон ба Раёсати фатво муроҷиат кунад”, - маслиҳат додааст Шӯрои уламо.Ин ниҳод инчунин ба суолҳои дигари корбарон аз бахшҳои гуногун бо такя ба манобеи исломӣ посуху маслиҳат медиҳад.
https://sputnik.tj/20210125/masjid-imomkhatibon-Khujand-1032690404.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102962/43/1029624368_0:62:1621:1080_1920x0_80_0_0_fc4dad36325f6cc24c5c323a4cc9d63e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, фарҳанг, шӯрои уламо, падар, таваллуд, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, фарҳанг, шӯрои уламо, падар, таваллуд, дар тоҷикистон
Се нафаре, ки бе падар ба вуҷуд омадаанд: Шӯрои уламо номашонро гуфт
16:01 22.02.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар посух ба суоли корбарони сомонааш номи се нафареро гуфт, ки ба иттилои ин ниҳод бе падар ба вуҷуд омадаанд
ДУШАНБЕ, 22 фев – Sputnik. Абдухолиқ, як корбари сомонаи Шӯрои уламо аз ин ниҳод суол кардааст, ки оё дар дунё махлуқоте бе падар ба вуҷуд омадаанд.
Шӯрои уламои Тоҷикистон посух додааст, ки ҳазрати Одам (а), момо Ҳаво (рз) ва ҳазрати Исо (а) бе падар ба вуҷуд омадаанд.
Дар сомонаи Шӯрои уламо бахши суолу ҷавоб фаъол аст, ки корбарон дар он суолҳои худро аз бахшҳои гуногун ироа мекунанд.
Аз ҷумла Зарина суол кардааст, ки шавҳараш аз Русия тавассути телефон бо ӯ ҷанҷол кард ва тариқи паёмак “ҷавобатро додам” навишт.
“Пас аз чанд рӯз тамос гирифта, боз ҷанҷол кард ва ин дафъа навишт, ки “се бор миллион талоқат кардам”. Акнун пушаймон аст ва мехоҳад, ки дубора никоҳ кунем. Оё мо метавонем, ки дубора никоҳ кунем?”, - суол додааст Зарина.
Шӯрои уламо посух додааст, ки “лафзи “ҷавобатро додам” аз алфози кинояи талоқ аст ва дар ҳолати далолати ҳол ё вуҷуди ният бо ин лафз талоқ воқеъ мегардад”.
“Барои посухи саҳеҳ додан ба масъалаи шумо шунидани тафсилоти моҷаро аз забони худи шавҳаратон зарур аст, бинобар ин, дар сурати имкон шавҳаратон ба Раёсати фатво муроҷиат кунад”, - маслиҳат додааст Шӯрои уламо.
Ин ниҳод инчунин ба суолҳои дигари корбарон аз бахшҳои гуногун бо такя ба манобеи исломӣ посуху маслиҳат медиҳад.