ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба коронавирус, ки ахиран иҷозати бозкушоии дарҳои Масоҷидро дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ эълон кард, аз намозгузорон риояи ҳатмӣ ва қатъии чораҳои зиддиэпидемиологиро тақозо мекунад.
Дар робита ба кушода шудани дари масҷидҳо аз 1- уми феврали соли ҷорӣ, дар шаҳри Хуҷанд, намояндагони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиолог бо кулли имомхатибон мулоқот баргузор намуданд, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ.
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқт ба имомхатибон дастур дода шуд, ки ба масоҷид намозгузорони бидуни ниқобро роҳ надиҳанд.
Ҳамчунин дар ҳамаи масҷидҳо овезаҳо бо навиштаҷоти "Бе ниқоб даромадан манъ аст" ва "Бо даст салом кардан ва оғӯш гирифтан манъ аст" бояд овехта шаванд.
Таъкид гардид, ки вақте шаҳрвандон вориди масҷид мешаванд ва ё аз дохил берун мебароянд, хуб мешавад бо даст салом накунанд, балки дастро болои сина гузошта, бо ишораи сар салом намоянд.
Шӯрои уламо намоз дар автобусу қаторро ҷоиз хонд: гуфт, чӣ гуна бояд адо шавад
Гуфта шуд, ки бояд ҳар як масҷид системаи ҳавотозакунӣ дошта бошад, ки гардиши ҳаво таъмин карда шавад.
Зикр гардид, ки бояд утоқҳои масҷидҳо бо миқдори кофии маводи безараргардонӣ, собун ва маҳлули зиддиуфунӣ (антисептикӣ), инчунин ҳароратсанҷи фосилавӣ таъмин карда шаванд.
Санҷиши ҳатмии намозгузорон ва муроҷиаткунандагон ба масҷидҳо ва дигар марказҳои динӣ тавассути ҳароратсанҷи фосилавӣ бо мақсади маҳдуд намудани ашхосе, ки таби баланд ё аломатҳои бемориҳои роҳҳои нафас доранд ба роҳ монда шавад.
Шарҳи расмии Кумитаи дин дар бораи хабари кушода шудани масҷидҳо
Махсусан, таъкид гардид, дар масҷидҳое, ки талаботи гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ риоя намегардад, фаъолияташон манъ карда мешавад.
Манбаъ меафзояд, дар анҷоми мулоқот раиси Шӯрои уламои дини вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода ва мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии шаҳри Хуҷанд Муҳсин Миркамолов низ суханронӣ намуда, аз имомхатибон даъват ба амал оварданд, ки тавсияҳои мутахассисони соҳаро дар ҷараёни адои намоз дар масҷидҳо қатъиян ба ҷо биоваранд.