https://sputnik.tj/20210216/Qirgiziston-Tojikiston-taqsim-sarhad-1032835792.html
Қирғизистон ва Тоҷикистон аз моҳи март тақсимоти сарҳадро идома медиҳанд
Қирғизистон ва Тоҷикистон аз моҳи март тақсимоти сарҳадро идома медиҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони мақомоти Қирғизистон аз замони оғози гуфтушунид оид ба минтақаҳои марзӣ бо Тоҷикистон хабар доданд 16.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-16T14:41+0500
2021-02-16T14:41+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
қирғизистон
сарҳад
тақсим
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103141/37/1031413764_38:0:1000:541_1920x0_80_0_0_f825b39bd1bf9675845cd8aa9944b198.jpg
ДУШАНБЕ, 16 феврал - Sputnik. Кор дар самти аломатгузории сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон аз моҳи марти соли 2021 идома хоҳад ёфт, гуфт намояндаи махсуси ҳукумат оид ба масъалаҳои марз Назирбек Борубаев.Ба гуфтаи намояндаи махсуси ҳукумат, пас аз сиҳат ёфтани раҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва бозгашти ӯ ба Қирғизистон, кор дар ҳалли масъалаи марз идома хоҳад ёфт.Интизор меравад, ки кори муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон дар марз аз даҳаи аввали моҳи март аз сар гирифта шавад.Ба гуфтаи Борубаев, дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи 60% марз ба мувофиқа расидаанд. Кор дар ин самт соли 2002 оғоз ёфта буд.Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии кишвар рӯзи гузашта зимни як нишасти хабарӣ дар мавриди аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон, изҳор дошт, ки Комиссияи байниҳукуматӣ корҳои зиёдеро анҷом дод, аммо аз ҷониби Қирғизистон баъзе бандҳо боз лағв шудаанд.Ӯ изҳори умед кард, ки бо омадани раёсати нав дар Қирғизистон, масъалаи марзӣ дар сатҳи нав ҳал хоҳад шуд.Ҷаласаи ояндаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди аломатгузории марз моҳи март ба нақша гирифта шудааст ва ба гуфтаи вазир мавқеи роҳбарияти нави Қирғизистон дар ин мулоқот рӯшан хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20210210/posukh-vud-tojikiston-diplomato-kiqriz-1032792899.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103141/37/1031413764_279:0:1000:541_1920x0_80_0_0_060b3e293cb793f312a1fd4042e851d0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, қирғизистон, сарҳад, тақсим
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, қирғизистон, сарҳад, тақсим
Қирғизистон ва Тоҷикистон аз моҳи март тақсимоти сарҳадро идома медиҳанд
14:41 16.02.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Намояндагони мақомоти Қирғизистон аз замони оғози гуфтушунид оид ба минтақаҳои марзӣ бо Тоҷикистон хабар доданд
ДУШАНБЕ, 16 феврал - Sputnik. Кор дар самти аломатгузории сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон аз моҳи марти соли 2021 идома хоҳад ёфт, гуфт намояндаи махсуси ҳукумат оид ба масъалаҳои марз Назирбек Борубаев.
"Комиссияи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Қамчибек Ташиев роҳбарӣ мекунад. Ҳоло ӯ бемор аст",- хабар дод Борубаев.
Ба гуфтаи намояндаи махсуси ҳукумат, пас аз сиҳат ёфтани раҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва бозгашти ӯ ба Қирғизистон, кор дар ҳалли масъалаи марз идома хоҳад ёфт.
Интизор меравад, ки кори муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон дар марз аз даҳаи аввали моҳи март аз сар гирифта шавад.
Ба гуфтаи Борубаев, дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи 60% марз ба мувофиқа расидаанд. Кор дар ин самт соли 2002 оғоз ёфта буд.
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии кишвар рӯзи гузашта зимни як нишасти хабарӣ дар мавриди аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон, изҳор дошт, ки Комиссияи байниҳукуматӣ корҳои зиёдеро анҷом дод, аммо аз ҷониби Қирғизистон баъзе бандҳо боз лағв шудаанд.
Ӯ изҳори умед кард, ки бо омадани раёсати нав дар Қирғизистон, масъалаи марзӣ дар сатҳи нав ҳал хоҳад шуд.
Ҷаласаи ояндаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди аломатгузории марз моҳи март ба нақша гирифта шудааст ва ба гуфтаи вазир мавқеи роҳбарияти нави Қирғизистон дар ин мулоқот рӯшан хоҳад шуд.