https://sputnik.tj/20210220/Zamin-Rudaki-Sino-1032862321.html
Замини Сино аз ҳисоби Рӯдакӣ зиёд шуду сохтмонҳо кам: шарҳи раиси ноҳия
Замини Сино аз ҳисоби Рӯдакӣ зиёд шуду сохтмонҳо кам: шарҳи раиси ноҳия
Sputnik Тоҷикистон
Нусратулло Салимзода, раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз бурду бохти бахшҳои гуногуни ноҳия дар соли 2020 гуфт 20.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-20T15:30+0500
2021-02-20T15:30+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
иҷтимоъ
замин
сохтмон
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/11/1032842406_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_a0d7e747e86dde7bce5fb0d160407883.jpg
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Салимзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, аҳолӣ ва замини ноҳияи Сино соли гузашта, зиёд шуду сохтмонҳо коҳиш ёфтаанд. Салимзода тавзеҳ дод, ки замину аҳолии ноҳия дар соли гузашта аз ҳисоби пайваст шудани заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ афзоиш ёфт.Ба иттилои ӯ, соли 2020 аз ҳисоби ноҳияи Рӯдакӣ ба ноҳияи Сино беш аз 2,3 ҳазор гектар замин ва ҳудуди 77,7 ҳазор аҳолӣ гузаштаанд. Масоҳати ноҳияи Сино асосан аз ҳисоби заминҳои ҷамоатҳои “Чоряккорон”, “Чимтеппа”, “Чортеппа”, “Сарикиштӣ” ва шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ васеъ гардид.Қаблан гуфта мешуд, ки дар пайи гузаштани бархе аз заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ ба Сино, ин ноҳия, ки калонтарин дар пойтахт ба шумор меравад, ду тақсим карда мешавад. Аммо феълан санаи дақиқ дар ин робита ироа нашудааст.Дар ҳамин ҳол корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби маблағгузорӣ ва сармояи асосӣ ба маблағи 820,3 миллион сомонӣ иҷро шуда, ба 68,6 фоизи нишондиҳандаи соли 2019 баробар мебошад.Инчунин 112 ҳазору 630 метри мураббаъ манзили истиқоматӣ ба истифода дода шуд, ки нисбат ба соли 2019-ум 68,3 фоизро ташкил медиҳад.Нусратулло Салимзода дар маҷмуъ таъкид кардаст, ки сарфи назар аз мушкилоти марбути пандемия соли гузашта, дар ноҳияи Сино нақшаи буҷа 102,9 фоиз иҷро шуда, ҳудуди 798 миллион сомонӣ ворид гардидааст.
https://sputnik.tj/20210220/Raisi-nohiya-Shahritus-prokuratura-qaror-bekor-kard-1032862029.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/11/1032842406_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_27ffb7e3ebb62a2ea0a2b13bb81124d2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, иҷтимоъ, замин, сохтмон, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, иҷтимоъ, замин, сохтмон, дар тоҷикистон
Замини Сино аз ҳисоби Рӯдакӣ зиёд шуду сохтмонҳо кам: шарҳи раиси ноҳия
15:30 20.02.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Нусратулло Салимзода, раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз бурду бохти бахшҳои гуногуни ноҳия дар соли 2020 гуфт
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Салимзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, аҳолӣ ва замини ноҳияи Сино соли гузашта, зиёд шуду сохтмонҳо коҳиш ёфтаанд. Салимзода тавзеҳ дод, ки замину аҳолии ноҳия дар соли гузашта аз ҳисоби пайваст шудани заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ афзоиш ёфт.
Ба иттилои ӯ, соли 2020 аз ҳисоби ноҳияи Рӯдакӣ ба ноҳияи Сино беш аз 2,3 ҳазор гектар замин ва ҳудуди 77,7 ҳазор аҳолӣ гузаштаанд. Масоҳати ноҳияи Сино асосан аз ҳисоби заминҳои ҷамоатҳои “Чоряккорон”, “Чимтеппа”, “Чортеппа”, “Сарикиштӣ” ва шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ васеъ гардид.
Қаблан гуфта мешуд, ки дар пайи гузаштани бархе аз заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ ба Сино, ин ноҳия, ки калонтарин дар пойтахт ба шумор меравад, ду тақсим карда мешавад. Аммо феълан санаи дақиқ дар ин робита ироа нашудааст.
Дар ҳамин ҳол корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби маблағгузорӣ ва сармояи асосӣ ба маблағи 820,3 миллион сомонӣ иҷро шуда, ба 68,6 фоизи нишондиҳандаи соли 2019 баробар мебошад.
Инчунин 112 ҳазору 630 метри мураббаъ манзили истиқоматӣ ба истифода дода шуд, ки нисбат ба соли 2019-ум 68,3 фоизро ташкил медиҳад.
Нусратулло Салимзода дар маҷмуъ таъкид кардаст, ки сарфи назар аз мушкилоти марбути пандемия соли гузашта, дар ноҳияи Сино нақшаи буҷа 102,9 фоиз иҷро шуда, ҳудуди 798 миллион сомонӣ ворид гардидааст.