https://sputnik.tj/20210220/Vaksina-Rusiya-KoviVac-sabt-1032861353.html
Ваксинаи сеюми Русия "КовиВак" сабти ном шуд
Ваксинаи сеюми Русия "КовиВак" сабти ном шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Русия боз як ваксинаи зидди коронавируси сохти маркази Чумаков сабти ном шудааст 20.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-20T13:22+0500
2021-02-20T13:22+0500
2021-08-10T17:01+0500
ҳамаи хабарҳо
дар русия
тандурустӣ
ваксина
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/14/1032860339_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_b4e10b000f22be5163caa13ad1623fe2.jpg
ДУШАНБЕ, 20 феврал - Sputnik. "КовиВак"саввумин ваксинаи сохти Русия мебошад ва он низ ба қайд гирифта шудааст, изҳор дошт сарвазири ин кишвар Михаил Мишустин.Муайян карда шудааст, ки истеҳсоли ваксина дар ояндаи наздик роҳандозӣ хоҳад шуд.Аввалан 120 ҳазор вояи ваксина аз маркази Чумакови Русия дар миёнаи моҳи марти соли равон ба муомилоти шаҳрвандӣ ворид хоҳад шуд.Қарор аст, ки тақрибан 3 ҳазор нафар дар марҳилаи сеюми озмоишҳои клиникии ваксина ширкат варзанд.Хабар дода мешавад, ки дар ҷараёни озмоишҳои клиникӣ, ваксинаи нави "КовиВак"бехатарӣ ва самаранокии худро нишон дод.Ваксинаи Маркази Чумаков барои одамони аз 18 то 60 - сола тавсия дода мешавад ва пас аз марҳилаи дуюми озмоишҳои клиникӣ истифодаи онро васеъ кардан мумкин аст.Муқоисаи ваксинҳои коронавирус - тасвирбаёнҲамин тариқ, дар ояндаи наздик Маркази Чумаков ният дорад, ки бо ваксини сабтиномшуда ба бозорҳои байналмилалӣ ворид шавад.Қаблан хабар дода шуда буд, ки "КовиВак" як ваксинаи комили зиддивирусӣ аст.Дар чунин доруҳо вирусҳои ба таври сунъӣ сустшуда, ки боиси беморӣ шуда наметавонанд ё вирусҳои аллакай нобудшуда (ғайрифаъолшуда) -ро истифода мебаранд.Ёдовар мешавем, ки моҳи августи соли 2020 Вазорати тандурустии Федератсияи Русия аввалин ваксина ("Спутник V)"-ро дар ҷаҳон барои пешгирии COVID-19, ки онро Маркази илмии электрохимия ва технологияи Гамалея таҳия кардааст, сабт кард.Баъдтар, ваксинаи сохти маркази "Вектор" -и Роспотребнадзор - "EpiVacCorona" ба қайд гирифта шуд.Ин ваксина бо арактогенӣ ва бехатарии баландтаринаш хос аст.Ҷалолӣ: тавлиди “Спутник V” дар Эрон метавонад ниёзи кишварҳои ҳамсояро низ бартараф кунадРоспотребнадзор гуфт, ки ду ваксинаи аввал, алалхусус, бар зидди штамми "бритонӣ" -и коронавирус муассиранд.
https://sputnik.tj/20210207/Majallai-mashhuri-tibbi-The-Lancet-natijahoi-tahkioti-vaksinai-Sputnik-V-ro-nashr-kard-1031859854.html
https://sputnik.tj/20210218/Uzbekiston-vaksina-Sputnik-V-istifoda-1032846065.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/14/1032860339_219:0:1659:1080_1920x0_80_0_0_0f3c7240fb27e998f02b356968064828.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар русия, тандурустӣ, ваксина, коронавирус
ҳамаи хабарҳо, дар русия, тандурустӣ, ваксина, коронавирус
Ваксинаи сеюми Русия "КовиВак" сабти ном шуд
13:22 20.02.2021 (Навсозишуда: 17:01 10.08.2021) Дар Русия боз як ваксинаи зидди коронавируси сохти маркази Чумаков сабти ном шудааст
ДУШАНБЕ, 20 феврал - Sputnik. "КовиВак"саввумин ваксинаи сохти Русия мебошад ва он низ ба қайд гирифта шудааст, изҳор дошт сарвазири ин кишвар Михаил Мишустин.
Муайян карда шудааст, ки истеҳсоли ваксина дар ояндаи наздик роҳандозӣ хоҳад шуд.
Аввалан 120 ҳазор вояи ваксина аз маркази Чумакови Русия дар миёнаи моҳи марти соли равон ба муомилоти шаҳрвандӣ ворид хоҳад шуд.
Қарор аст, ки тақрибан 3 ҳазор нафар дар марҳилаи сеюми озмоишҳои клиникии ваксина ширкат варзанд.
Хабар дода мешавад, ки дар ҷараёни озмоишҳои клиникӣ, ваксинаи нави "КовиВак"бехатарӣ ва самаранокии худро нишон дод.
Ваксинаи Маркази Чумаков барои одамони аз 18 то 60 - сола тавсия дода мешавад ва пас аз марҳилаи дуюми озмоишҳои клиникӣ истифодаи онро васеъ кардан мумкин аст.
Ҳамин тариқ, дар ояндаи наздик Маркази Чумаков ният дорад, ки бо ваксини сабтиномшуда ба бозорҳои байналмилалӣ ворид шавад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки "КовиВак" як ваксинаи комили зиддивирусӣ аст.
Дар чунин доруҳо вирусҳои ба таври сунъӣ сустшуда, ки боиси беморӣ шуда наметавонанд ё вирусҳои аллакай нобудшуда (ғайрифаъолшуда) -ро истифода мебаранд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи августи соли 2020 Вазорати тандурустии Федератсияи Русия аввалин ваксина ("Спутник V)"-ро дар ҷаҳон барои пешгирии COVID-19, ки онро Маркази илмии электрохимия ва технологияи Гамалея таҳия кардааст, сабт кард.
Баъдтар, ваксинаи сохти маркази "Вектор" -и Роспотребнадзор - "EpiVacCorona" ба қайд гирифта шуд.
Ин ваксина бо арактогенӣ ва бехатарии баландтаринаш хос аст.
Роспотребнадзор гуфт, ки ду ваксинаи аввал, алалхусус, бар зидди штамми "бритонӣ" -и коронавирус муассиранд.