https://sputnik.tj/20210218/Uzbekiston-vaksina-Sputnik-V-istifoda-1032846065.html
Ӯзбекистон ваксинаи Sputnik V -ро барои истифодаи оммавӣ тасдиқ кард
Ӯзбекистон ваксинаи Sputnik V -ро барои истифодаи оммавӣ тасдиқ кард
Sputnik Тоҷикистон
Ӯзбекистон барои хариди як миллион вояи Sputnik V чораҳо меандешад ва ният дорад, ки эмгузаронӣ то моҳи марти имсол оғоз карда шавад 18.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-18T10:21+0500
2021-02-18T10:21+0500
2021-02-18T10:21+0500
ҳамаи хабарҳо
дар ҷаҳон
тандурустӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/10/1032836362_0:0:3079:1731_1920x0_80_0_0_79937381c0787a48ed85bdb6b6ceb54c.jpg
ДУШАНБЕ, 18 фев - Sputnik. Ӯзбекистон ваксинаи русии Sputnik V дар ин кишварро тасдиқ кард, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба қарори Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ."Ваксинаи Sputnik V, ки онро Маркази илмии Гамалеяи Русия таҳия кардааст, барои истифодаи оммавӣ дар Ӯзбекистон сертификат ва тасдиқ шуд", - қайд мекунад комиссияи махсус.Маълум аст, ки ҳоло Ӯзбекистон барои хариди як миллион вояи ваксина чораҳо меандешад.Дар ҳамин ҳол, Фонди сармоягузории мустақими Русия низ тасдиқ кард, ки ваксинаи Sputnik V дар Ӯзбекистон тасдиқ шудааст.Ба гуфтаи Кирил Дмитриев, мудири ФСМР, Sputnik V барои истифода дар 28 кишвар тасдиқ шудааст ва интиқоли ваксинаҳо ба Ӯзбекистон як қадами муҳим барои пешгирии коронавирус дар кишвар хоҳад буд.Қаблан мақомоти ҷумҳурӣ аллакай хабар дода буданд, ки ваксина алайҳи COVID-19 дар Ӯзбекистон аз нимаи аввали моҳи март шурӯъ мешавад, то охири соли 2021 эмкунии 7 миллион нафар ё 20% аҳолӣ ба нақша гирифта шудааст.Покистон 22 - юмин давлат аст, ки ваксинаи "Спутник V"-ро сабти ном кардҒайр аз он, ҷониби Ӯзбекистон бо 12 истеҳсолкунандаи ваксинаҳо алайҳи коронавируси COVID-19 ҳамчун як қисми механизми COVAX гуфтушунид мекунад ва инчунин марҳилаи сеюми озмоиши ваксинаҳои рекомбинатори аз Чин Anhui Zhifei Longcom Biopharmaceutical -и Чинро дар кишвар анҷом медиҳад.
https://sputnik.tj/20210210/Iran-emguzaroni-vaksina-Sputnik-V-ogoz-1032794666.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/10/1032836362_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_12b9632e9fad2aff2469a4b4544a4b49.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, тандурустӣ
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, тандурустӣ
Ӯзбекистон ваксинаи Sputnik V -ро барои истифодаи оммавӣ тасдиқ кард
Ӯзбекистон барои хариди як миллион вояи Sputnik V чораҳо меандешад ва ният дорад, ки эмгузаронӣ то моҳи марти имсол оғоз карда шавад
ДУШАНБЕ, 18 фев - Sputnik. Ӯзбекистон ваксинаи русии Sputnik V дар ин кишварро тасдиқ кард, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба қарори Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ.
"Ваксинаи Sputnik V, ки онро Маркази илмии Гамалеяи Русия таҳия кардааст, барои истифодаи оммавӣ дар Ӯзбекистон сертификат ва тасдиқ шуд", - қайд мекунад комиссияи махсус.
Маълум аст, ки ҳоло Ӯзбекистон барои хариди як миллион вояи ваксина чораҳо меандешад.
Дар ҳамин ҳол, Фонди сармоягузории мустақими Русия низ тасдиқ кард, ки ваксинаи Sputnik V дар Ӯзбекистон тасдиқ шудааст.
Ба гуфтаи Кирил Дмитриев, мудири ФСМР, Sputnik V барои истифода дар 28 кишвар тасдиқ шудааст ва интиқоли ваксинаҳо ба Ӯзбекистон як қадами муҳим барои пешгирии коронавирус дар кишвар хоҳад буд.
Қаблан мақомоти ҷумҳурӣ аллакай хабар дода буданд, ки ваксина алайҳи COVID-19 дар Ӯзбекистон аз нимаи аввали моҳи март шурӯъ мешавад, то охири соли 2021 эмкунии 7 миллион нафар ё 20% аҳолӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ғайр аз он, ҷониби Ӯзбекистон бо 12 истеҳсолкунандаи ваксинаҳо алайҳи коронавируси COVID-19 ҳамчун як қисми механизми COVAX гуфтушунид мекунад ва инчунин марҳилаи сеюми озмоиши ваксинаҳои рекомбинатори аз Чин Anhui Zhifei Longcom Biopharmaceutical -и Чинро дар кишвар анҷом медиҳад.