https://sputnik.tj/20210215/Vazir-Tojikiston-Tolibon-guftushunid-1032831264.html
Вазири корҳои хориҷа: Тоҷикистон иртиботе бо Толибон надорад ва гуфтушунид низ накардааст
Вазири корҳои хориҷа: Тоҷикистон иртиботе бо Толибон надорад ва гуфтушунид низ накардааст
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ҳамеша дар ҳама платформаҳо оид ба сулҳи Афғонистон ҳукумати расмию қонунии Афғонистон ва мардуми онро дастгирӣ мекунад 15.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-15T19:05+0500
2021-02-15T19:05+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/02/1032744853_0:120:1280:840_1920x0_80_0_0_b2696d48bfa2decaf9629cd61de6e225.jpg
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Вазири корҳои хориҷӣ Тоҷикистон дар посух ба суоли ин ки оё Тоҷикистон бо Толибон ягон робита дорад ва ё на, посух гуфт.Сироҷиддин Муҳриддин, зимни нишасти хабарии ниҳоди зертобеяш имрӯз гуфт, Душанбе ҳеҷгоҳ бо Толибон (гурӯҳи террористии фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ) вохӯриҳо ва ё музокирот накардааст.Номбурда гуфт, ҳар кишваре, ки бо ин гурӯҳ вориди гуфтугӯ мешавад ин кори худи онҳост.Ӯ гуфт Тоҷикистон ҳамеша дар ҳама платформаҳо оид ба сулҳи Афғонистон ҳукумати расмию қонунии Афғонистон ва мардуми онро дастгирӣ мекунад."Ҳар мавқееро, ки ҳукумати расмии Афғонистон пешниҳод мекунад, мо ҷонибдори ҳамон ҳастем",-таъкид кард вазир.Ба гуфти ӯ, вазъ дар марз вақтҳои охир ба таври ҷиддӣ бад шудааст, аммо сарҳади Тоҷикистон хуб ҳимоя мешавад.Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикистон барои расидан ба сулҳ аз Афғонистон пуштибонӣ мекунадВазир таъкид кард, ки президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар охири моҳи март ба Душанбе ташриф оварда, дар конфронси навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокчӣ "Қалби Осиё - Раванди Истанбул", ки бо ҳамраисии Тоҷикистон ва Афғонистон доир мешавад, ширкат хоҳад кард.Сулҳу амният дар Афғонистон яке аз масоили ҳамеша матраҳшаванда дар сатҳи байналмилалӣ аз ҷониби Тоҷикистон мебошад.Тағйири сиёсат: Амрико дар тавофуқ бо Толибон бознигарӣ мекунадРӯзи гузашта низ сафари Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба Кобул сурат гирифт, ки ин дуввумин сафар давоми ним сол буда, дар доираи он бо мақомдорони аршади афғон оид ба сулҳу амният ва масоили марзӣ мулоқотҳо сурат гирифтааст.
https://sputnik.tj/20210215/muloqot-Rahmon-Gani-Yatimov-Kobul-1032826484.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/02/1032744853_0:0:1280:960_1920x0_80_0_0_26aae17d3dcf399715a23917099cb9b9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, афғонистон
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, афғонистон
Вазири корҳои хориҷа: Тоҷикистон иртиботе бо Толибон надорад ва гуфтушунид низ накардааст
19:05 15.02.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Тоҷикистон ҳамеша дар ҳама платформаҳо оид ба сулҳи Афғонистон ҳукумати расмию қонунии Афғонистон ва мардуми онро дастгирӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Вазири корҳои хориҷӣ Тоҷикистон дар посух ба суоли ин ки оё Тоҷикистон бо Толибон ягон робита дорад ва ё на, посух гуфт.
Сироҷиддин Муҳриддин, зимни нишасти хабарии ниҳоди зертобеяш имрӯз гуфт, Душанбе ҳеҷгоҳ бо Толибон (гурӯҳи террористии фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ) вохӯриҳо ва ё музокирот накардааст.
Номбурда гуфт, ҳар кишваре, ки бо ин гурӯҳ вориди гуфтугӯ мешавад ин кори худи онҳост.
Ӯ гуфт Тоҷикистон ҳамеша дар ҳама платформаҳо оид ба сулҳи Афғонистон ҳукумати расмию қонунии Афғонистон ва мардуми онро дастгирӣ мекунад.
"Ҳар мавқееро, ки ҳукумати расмии Афғонистон пешниҳод мекунад, мо ҷонибдори ҳамон ҳастем",-таъкид кард вазир.
Ба гуфти ӯ, вазъ дар марз вақтҳои охир ба таври ҷиддӣ бад шудааст, аммо сарҳади Тоҷикистон хуб ҳимоя мешавад.
Вазир таъкид кард, ки президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар охири моҳи март ба Душанбе ташриф оварда, дар конфронси навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокчӣ "Қалби Осиё - Раванди Истанбул", ки бо ҳамраисии Тоҷикистон ва Афғонистон доир мешавад, ширкат хоҳад кард.
Сулҳу амният дар Афғонистон яке аз масоили ҳамеша матраҳшаванда дар сатҳи байналмилалӣ аз ҷониби Тоҷикистон мебошад.
Рӯзи гузашта низ сафари Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба Кобул сурат гирифт, ки ин дуввумин сафар давоми ним сол буда, дар доираи он бо мақомдорони аршади афғон оид ба сулҳу амният ва масоили марзӣ мулоқотҳо сурат гирифтааст.