https://sputnik.tj/20210220/Ehsosotu-hayajon-muhojiron-Rusiya-muhoribahoi-omekhta-video-1032861458.html
Эҳсосоту ҳаяҷон: чӣ гуна муҳоҷирон дар Русия муҳорибаҳои омехта доир мекунанд - видео
Эҳсосоту ҳаяҷон: чӣ гуна муҳоҷирон дар Русия муҳорибаҳои омехта доир мекунанд - видео
Sputnik Тоҷикистон
Дар Осиёи Миёна ҳар як мард паҳлавон аст. Тамоми мардуми Осиёи Миёна ба ҳама гуна варзишҳо алоқамандии зиёд доранд: ба хусус аз варзишҳои миллӣ, гуштии озоду... 20.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-20T13:55+0500
2021-02-20T13:55+0500
2021-08-10T14:39+0500
видео
муҳориба
муҳорибаҳои омехта
дар русия
дар тоҷикистон
маскав
муҳоҷират
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/13/1032856506_212:0:2069:1050_1920x0_80_0_0_4c331b9b6b36319f73c8ca34fbc97c1d.jpg
Дар шабакаи YouTube-и “Урюк и Клюква” қисми дуввуми филм дар бораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия нашр шуд. Ба студия назди ровиёни лоиҳаи махсуси RT президенти созмони таблиғотии FFC Евгений Пономарев ва муштзани маъруфи ӯзбек Шоҳҷахон Эргашев даъват шуданд.Вақте ки шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ё Қирғизистон ба Русия меоянд, ҳатто агар онҳо дар соҳаи комилан дигар ҳам кор кунанд, фаъолона ба варзиш машғул мешаванд. Дар натиҷа, дар Русия як индустрияи бузург ташкил ёфтааст, ки ба он бошгоҳҳои миллии размӣ дохил шудаан ва онҳо муҳорибаҳои омехта миёни муҳоҷирон ташкил мекунанд.Евгений Пономарев гуфт, ки ҳамааш аз пешниҳоди Федератсияи муҳоҷирони Русия вобастааст. Мусобиқаҳо дар сатҳи баланд ташкил карда мешаванд.Ба ин мусобиқаҳо метавонанд ҳама аз фурӯшандаҳои оддӣ то мутахассисон биёянд ва тамошо кунанд.Пономарев гуфт, ки ҳатто ташкилотҳои хурдро ҳисоб кунем, шумори бошгоҳи размӣ фақат дар Маскав ба садҳо мерасад.Ташкилкунандагон ва муҳоҷирони оддӣ қайд мекунанд, ки тамрин дар чунин бошгоҳҳо барои нигоҳ доштани солимӣ ва самаранок гузаронидани вақти холигӣ фоидаовар аст. Ҳамчунин ин ба муҳоҷирон имкон медиҳад бо якдигар суҳбат кунанд, омӯзиш гиранд ва хислатҳои бадро аз худ дур созанд.Дар ин навор ҳамчунин қисаи як муҳоҷире нақл карда мешавад, ки ҳоло сатҳи касбӣ дар муҳорибаҳои омехта баромад мекунад. Роҳи муваффақи муштзани ӯзбек Шоҳҷахон Эргашев нақл карда мешавад; чӣ гуна бояд дар MMA пул кор кард; оё мусобиқаҳо миёни занон ташкил карда мешавад ва чаро мардуми Осиёи Марказӣ ба варзиш алоқамандӣ доранд?
https://sputnik.tj/20201225/Piruzii-Aliev-va-Chorshanbiev-dar-musobiai-Fight-Nights-Global--videoho-1032523212.html
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/13/1032856506_398:0:2069:1050_1920x0_80_0_0_ffb81a28ff76ec2497e6576e63a2d448.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, муҳориба, муҳорибаҳои омехта, дар русия, дар тоҷикистон, маскав, муҳоҷират
видео, муҳориба, муҳорибаҳои омехта, дар русия, дар тоҷикистон, маскав, муҳоҷират
Эҳсосоту ҳаяҷон: чӣ гуна муҳоҷирон дар Русия муҳорибаҳои омехта доир мекунанд - видео
13:55 20.02.2021 (Навсозишуда: 14:39 10.08.2021) Дар Осиёи Миёна ҳар як мард паҳлавон аст. Тамоми мардуми Осиёи Миёна ба ҳама гуна варзишҳо алоқамандии зиёд доранд: ба хусус аз варзишҳои миллӣ, гуштии озоду бокс то муҳорибаҳои омехта
Дар шабакаи YouTube-и “Урюк и Клюква” қисми дуввуми филм дар бораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия нашр шуд. Ба студия назди ровиёни лоиҳаи махсуси RT президенти созмони таблиғотии FFC Евгений Пономарев ва муштзани маъруфи ӯзбек Шоҳҷахон Эргашев даъват шуданд.
Вақте ки шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ё Қирғизистон ба Русия меоянд, ҳатто агар онҳо дар соҳаи комилан дигар ҳам кор кунанд, фаъолона ба варзиш машғул мешаванд. Дар натиҷа, дар Русия як индустрияи бузург ташкил ёфтааст, ки ба он бошгоҳҳои миллии размӣ дохил шудаан ва онҳо муҳорибаҳои омехта миёни муҳоҷирон ташкил мекунанд.
Евгений Пономарев гуфт, ки ҳамааш аз пешниҳоди Федератсияи муҳоҷирони Русия вобастааст. Мусобиқаҳо дар сатҳи баланд ташкил карда мешаванд.
Ба ин мусобиқаҳо метавонанд ҳама аз фурӯшандаҳои оддӣ то мутахассисон биёянд ва тамошо кунанд.
Пономарев гуфт, ки ҳатто ташкилотҳои хурдро ҳисоб кунем, шумори бошгоҳи размӣ фақат дар Маскав ба садҳо мерасад.
Ташкилкунандагон ва муҳоҷирони оддӣ қайд мекунанд, ки тамрин дар чунин бошгоҳҳо барои нигоҳ доштани солимӣ ва самаранок гузаронидани вақти холигӣ фоидаовар аст. Ҳамчунин ин ба муҳоҷирон имкон медиҳад бо якдигар суҳбат кунанд, омӯзиш гиранд ва хислатҳои бадро аз худ дур созанд.
Дар ин навор ҳамчунин қисаи як муҳоҷире нақл карда мешавад, ки ҳоло сатҳи касбӣ дар муҳорибаҳои омехта баромад мекунад. Роҳи муваффақи муштзани ӯзбек Шоҳҷахон Эргашев нақл карда мешавад; чӣ гуна бояд дар MMA пул кор кард; оё мусобиқаҳо миёни занон ташкил карда мешавад ва чаро мардуми Осиёи Марказӣ ба варзиш алоқамандӣ доранд?