Ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуруҳи 200-нафарии ҷавонони фаъол аз қисми низомии қӯшунҳои дохилӣ боздид карданд.
Манбаъ афзуд, ки ҷавонон тақрибан як рӯзро бо сарбозон гузаронда бо шароити хидмати онҳо шинос шуданд.
Аз ҷумла аз хобгоҳ, нуқтаи тиббӣ, ошхона ва дигар инфрасохтори қисми низомӣ дидан кардаанд. Дар ин ҷо ҳамчунин гӯшаи дидорбинӣ ташкил шудааст, ки барои мулоқоти сарбозон бо волидону наздиконаш дар он ҷо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
ВУД таъкид кард, ки барои сарбозон дар хизмати ҳарбӣ инчунин курсҳои кутоҳмуддат ташкил шудаанд, ки дар онҳо ҷавонон метавонанд касбҳои гуногун аз ронандагӣ то устои мошинро аз худ намоянд.
Сарбозон инчунин барои меҳмонон машқҳо бо силоҳ ва муҳорибаи тан ба танро намоиш додаанд.
Ҳадафи чунин иқдом шиносоии бештари ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ ва ҷалби онҳо ба сафи қувваҳои мусаллаҳ арзёбӣ шудааст.