Даъвати ҷавонон ба артиш барои солҳои 2021-2022
Охирин хабару гузоришҳо дар бораи даъвати наваскарон ба сафи Қуваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз ин ҷо пайдо кунед

Фарзандони мақомдорон дар артиш: ҳукумати ВМКБ гуфт, нақшаи даъват дар 1 рӯз иҷро мешавад

© саҳифаи фейсбукии ҳукумати ВМКБҲамроҳ Хушдилзода, комиссари ҳарбии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон
Ҳамроҳ Хушдилзода, комиссари ҳарбии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2021
Обуна шудан
Ҳукумати Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон зимни гузориш аз нишасти матбуотии комиссариати ҳарбӣ изҳор доштааст, ки даъвати баҳории наваскарон низ дар вилоят дар як рӯз иҷро хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Полковник Ҳамроҳ Хушдилзода, комиссари ҳарбии ВМКБ, мегӯяд, дар вилоят афроде, ки ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ мераванд, зиёд шуда истодаанд.
Президент Таджикистана в учебном центре Погранвойск ГКНБ в Хороге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.01.2021
Раҳмон имзо кард: хизмати пулакӣ расмӣ шуд
“Аз тарафи комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо дар даъвати тирамоҳӣ 248 нафар даъватшаванда ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шуданд, ки ин 105%-и нақшаи даъватро ташкил медиҳад”, - иттилоъ дод Хушдилзода.
Ӯ илова намуд, ки инчунин 63 нафар ҷавонон аз оилаҳои кормандони мақомот ба хизмати ҳарбӣ сафарбар карда шуданд.
“Хушбахтона солҳои охир теъдоди ҷавононе, ки бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ рафта истодаанд, зиёд шуда истодааст. Барои сафарбаркунии наваскарон дар мавсими баҳории соли 2021 омодагӣ дида истодаем”, - таъкид намуд комиссари ҳарбии ВМКБ.
Ваъдаи иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ дар як рӯз дар ҳолест, ки ВМКБ давоми се соли ахир аз лиҳози иҷро намудани даъвати наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ аз пешсафҳо ба шумор меравад.
Ин нукта дар ҷаласаи васеи солонаи Ҳукумати Тоҷикистон низ таъкид шуда, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба кулли сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои дар як рӯз иҷро намудани даъвати ҷавонон ба сафи артиш изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.
Лентаи хабарҳо
0