https://sputnik.tj/20210219/rahimzoda-kaziya-latukb-bloger-olmon-1032855867.html
Раҳимзода қазияи латукӯби блогери тоҷик дар Олмонро шарҳ дод
Раҳимзода қазияи латукӯби блогери тоҷик дар Олмонро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Раҳимзода Рамазон вазири умури дохила, даст доштани аъзоёни ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар латукӯби блогери тоҷик дар Олмонро тасдиқ кард 19.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-19T14:50+0500
2021-02-19T14:50+0500
2021-02-19T14:50+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102895/83/1028958329_38:0:1000:541_1920x0_80_0_0_049542da018d00f23d75ccb6af57e8c5.jpg
ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Вазири умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, дар латукӯби блогери тоҷик дар Олмон чанд нафар аз аъзоёни ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ даст доранд.Раҳимзода имрӯз дар нишасти матбуотӣ қазияи латукӯб ва маҷрӯҳ шудани блогери тоҷик бо номи "Борода"-ро аз сӯи ҳамватанони ӯ шарҳ дод.Хомӯш набошем: Раҳмон дар бораи либос, наҳзатиҳо, айби зиёиён ва камбудии фикри мардумБа гуфтаи Раҳимзода, дар Олмон чанд ҷавон ҳамчун блогер сафҳаи интирнетии худ доранд ва яке аз онҳо, пас аз чанд соли дурӣ аз ватан ба Тоҷикистон омад ва таассуроти худро дар мавриди пешрафт кардани Ватан дар сафҳаи худ нақл кардааст.Блогер ҳамаи ободонию созандагии Тоҷикистонро ба навор гирифта, аснои баргашт, пешрафти ватанро бо Берлин муқоиса кардааст.Раҳимзода қайд намуд, ки ба сӯйи блогери тоҷик аз тапончаи пневматикӣ тир холӣ шудааст.Ба изҳори вазири тоҷик, дар робита ба ин ҳодиса, чор нафар аз сӯйи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Олмон дастгир шуданд ва феълан ҷониби Тоҷикистон барои муайян намудани асли воқеа ба мақомоти марбутаи он кишвар мактуб ирсол намудааст.
https://sputnik.tj/20200626/Ramon-mo-bo-izbi-nazat-yagon-sozishnomae-imzo-nakardaem-1031481184.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102895/83/1028958329_167:0:888:541_1920x0_80_0_0_d72cda7a73506b3e904dcddf3f6f5dac.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Раҳимзода қазияи латукӯби блогери тоҷик дар Олмонро шарҳ дод
Раҳимзода Рамазон вазири умури дохила, даст доштани аъзоёни ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар латукӯби блогери тоҷик дар Олмонро тасдиқ кард
ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Вазири умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, дар латукӯби блогери тоҷик дар Олмон чанд нафар аз аъзоёни ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ даст доранд.
Раҳимзода имрӯз дар нишасти матбуотӣ қазияи латукӯб ва маҷрӯҳ шудани блогери тоҷик бо номи "Борода"-ро аз сӯи ҳамватанони ӯ шарҳ дод.
Ба гуфтаи Раҳимзода, дар Олмон чанд ҷавон ҳамчун блогер сафҳаи интирнетии худ доранд ва яке аз онҳо, пас аз чанд соли дурӣ аз ватан ба Тоҷикистон омад ва таассуроти худро дар мавриди пешрафт кардани Ватан дар сафҳаи худ нақл кардааст.
Блогер ҳамаи ободонию созандагии Тоҷикистонро ба навор гирифта, аснои баргашт, пешрафти ватанро бо Берлин муқоиса кардааст.
"Азбаски ҷавонони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ аз пешрафти Ватан розӣ набуданд, аз ин рӯ блогерро мавриди сарзаниш ва латукӯб қарор доранд", - тавзеҳ дод вазири тоҷик.
Раҳимзода қайд намуд, ки ба сӯйи блогери тоҷик аз тапончаи пневматикӣ тир холӣ шудааст.
Ба изҳори вазири тоҷик, дар робита ба ин ҳодиса, чор нафар аз сӯйи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Олмон дастгир шуданд ва феълан ҷониби Тоҷикистон барои муайян намудани асли воқеа ба мақомоти марбутаи он кишвар мактуб ирсол намудааст.