Раҳмон: мо бо ҳизби наҳзат ягон созишномае имзо накардаем

© ФотоПрезидент РТ Эмомали Рахмон и руководитель ОТО Саид Абдулло Нури на переговорах о мире
Президент РТ Эмомали Рахмон и руководитель ОТО Саид Абдулло Нури на переговорах о мире - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кардааст, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро бо Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ба имзо расидааст

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ ба муносибати Иди Ваҳдати миллӣ дар бораи ҷанги шаҳрвандӣ, гунаҳгорони ҷанг ва созишномаи сулҳ ҳам гуфтааст.

Ӯ таъкид бар он кардааст, ки соли 1997 намояндагони Ҳукумат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро на бо Ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи Наҳзати ислом, балки бо  Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ба имзо расонидаанд.

"Мехоҳам як нуктаи муҳимро бори дигар хотирнишон намоям. Мо бо ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ягон созишнома имзо накардаем. Ҳукумати мамлакат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро бо Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ба имзо расонидааст", - таъкид кардааст президент.

Эмомалӣ Раҳмон афзудааст, ваҳдат - хизмати мардуми тоҷик аст.

"Бинобар ин, имрӯз бори дигар бо ифтихор иброз менамоям, ки таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ хизмати бузургу таърихии халқи тоҷик аст ва қаҳрамони сулҳу ваҳдати миллӣ низ танҳо халқи Тоҷикистон мебошад", - омадааст дар паёми раисҷумҳур.

Лентаи хабарҳо
0