https://sputnik.tj/20210219/prezident-Dushanbe-vaksin-epidemiolog-1032854183.html
Омад-омади президентҳо ба Душанбе: назорати ҷиддии ваксингирию вазъи эпидемиологӣ
Омад-омади президентҳо ба Душанбе: назорати ҷиддии ваксингирию вазъи эпидемиологӣ
Sputnik Тоҷикистон
Ҷамшед Каримзода, муовини вазири молияи Тоҷикистон, мегӯяд, ваксинагузаронӣ дар ҷумҳурӣ маблағгузорӣ хоҳад шуд 19.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-19T11:01+0500
2021-02-19T11:01+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
тандурустӣ
назорат
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102916/64/1029166460_0:0:2904:1642_1920x0_80_0_0_47c045d49cfc4110d03f38d81581dd00.jpg
ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Каримзода зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки Вазорати молия аз Вазорати тандурустӣ санад барои вориди ваксинаи зидди коронавирусро дастрас кардааст, ки дар навбати аввал ҳудуди 20 фоизи аҳолиро фаро хоҳад гирифт.Ба иттилои Каримзода, аз ҷумла эмгузаронии ҳудуди 1 миллиону 885 ҳазор нафар дар назар аст. Ӯ илова намуд, ки барои беҳбуди вазъи эпидемиологӣ маблағҳо, аз ҷумла қарзу грантҳо равона хоҳанд шуд.Ноиби вазири молия зикр намуд, ки феълан бо Бонки ҷаҳонӣ барои 21,2 миллион доллар грант музокирот доранд, ки ба муқовимат алайҳи оқибатҳои пандемия равона хоҳад шуд.Каримзода инчунин аз нишасти бузурги роҳбарони кишварҳои минтақа, ки тирамоҳи соли равон дар шаҳри Душанбе дар назар аст, зикр карда, афзуд, ки нақшаю чорабиниҳо барои беҳбуди вазъи эпидемиологӣ вуҷуд доранд, ки амалӣ хоҳанд шуд. Ҷаласаи ҷашнии сарони кишварҳои узви СҲШ нимаи моҳи сентябри соли равон дар Душанбе ба нақша гирифта шудааст. Дар ин робита вазъи эпидемиологӣ дар кишвар низ аз масъалаҳои калидӣ арзёбӣ мешавад. Қаблан Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфта буд, ки ҷумҳурӣ дар феҳрасти 92 давлати дунё аст, ки бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ бояд бо ваксинаи короновирус таъмин карда шавад.Тоҷикистон 732 ҳазор воя ваксинаи AstraZeneca мегирадВазири тандурустӣ тавзеҳ дода буд, ки ваксинаи зидди бемории ҳамагири COVID-19 бо дастгирии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистон дастрас мешавад.Ба иттилои расмӣ, тайи моҳҳои охир ҷумҳурӣ ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст. Таъкид мешавад, ки дар пандемия дар ҷумҳурӣ 13 ҳазору 308 гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шудаанд, ки аз он 13218 нафар шифо ёфта, 90 нафар фавтидаанд.
https://sputnik.tj/20210115/hamoish-prezidento-SHSh-Dushanbe-1032635011.html
https://sputnik.tj/20210212/abdullozoda-shahrvandon-tojikiston-vaksina-1032814883.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102916/64/1029166460_0:0:2904:1826_1920x0_80_0_0_76682466751a3ba274fbbdd3ddbf331c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, тандурустӣ, назорат, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, тандурустӣ, назорат, дар тоҷикистон
Омад-омади президентҳо ба Душанбе: назорати ҷиддии ваксингирию вазъи эпидемиологӣ
11:01 19.02.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Ҷамшед Каримзода, муовини вазири молияи Тоҷикистон, мегӯяд, ваксинагузаронӣ дар ҷумҳурӣ маблағгузорӣ хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Каримзода зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки Вазорати молия аз Вазорати тандурустӣ санад барои вориди ваксинаи зидди коронавирусро дастрас кардааст, ки дар навбати аввал ҳудуди 20 фоизи аҳолиро фаро хоҳад гирифт.
Ба иттилои Каримзода, аз ҷумла эмгузаронии ҳудуди 1 миллиону 885 ҳазор нафар дар назар аст. Ӯ илова намуд, ки барои беҳбуди вазъи эпидемиологӣ маблағҳо, аз ҷумла қарзу грантҳо равона хоҳанд шуд.
Ноиби вазири молия зикр намуд, ки феълан бо Бонки ҷаҳонӣ барои 21,2 миллион доллар грант музокирот доранд, ки ба муқовимат алайҳи оқибатҳои пандемия равона хоҳад шуд.
Каримзода инчунин аз нишасти бузурги роҳбарони кишварҳои минтақа, ки тирамоҳи соли равон дар шаҳри Душанбе дар назар аст, зикр карда, афзуд, ки нақшаю чорабиниҳо барои беҳбуди вазъи эпидемиологӣ вуҷуд доранд, ки амалӣ хоҳанд шуд. Ҷаласаи ҷашнии сарони кишварҳои узви СҲШ нимаи моҳи сентябри соли равон дар Душанбе ба нақша гирифта шудааст. Дар ин робита вазъи эпидемиологӣ дар кишвар низ аз масъалаҳои калидӣ арзёбӣ мешавад.
Қаблан Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфта буд, ки ҷумҳурӣ дар феҳрасти 92 давлати дунё аст, ки бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ бояд бо ваксинаи короновирус таъмин карда шавад.
Вазири тандурустӣ тавзеҳ дода буд, ки ваксинаи зидди бемории ҳамагири COVID-19 бо дастгирии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистон дастрас мешавад.
“Нахуст рӯйхат тартиб дода мешавад ва онҳое, ки хоҳиш доранд, аз эмкунӣ мегузаранд. Дар навбати аввал дар назар аст, ки 1 миллиону 800 ҳазор нафар ваксина гиранд”, - изҳор дошта буд Ҷамолиддин Абдуллозода.
Ба иттилои расмӣ, тайи моҳҳои охир ҷумҳурӣ ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст. Таъкид мешавад, ки дар пандемия дар ҷумҳурӣ 13 ҳазору 308 гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шудаанд, ки аз он 13218 нафар шифо ёфта, 90 нафар фавтидаанд.