https://sputnik.tj/20210217/kishvardor-misr-farzand-tavallud-1032841684.html
Даъвати кишвардори Миср аз мардум: беш аз 2 фарзанд таваллуд накунед
Даъвати кишвардори Миср аз мардум: беш аз 2 фарзанд таваллуд накунед
Sputnik Тоҷикистон
Аҳолии Миср ҳамасола то 2 миллион нафар афзоиш меёбад, ки чунин суръати зиёдшавии аҳолӣ ҳукумати ин кишварро нигарон намудааст 17.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-17T14:41+0500
2021-02-17T14:41+0500
2021-02-17T14:41+0500
ҳамаи хабарҳо
дар ҷаҳон
иҷтимоъ
миср
кишвардор
даъват
таваллуд
фарзанд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/11/1032841573_0:154:2757:1705_1920x0_80_0_0_92ba19056d9dab402fb8109cab8ac6c1.jpg
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Кишвардори Миср Абдул Фаттоҳ ас-Сисӣ бори нахуст аз суръати афзоиши шумораи аҳолӣ изҳори нигаронӣ намуд, хабар медиҳад шабакаи Al-Ahram.Бар хабари манбаъ, раисҷумҳур аз шаҳрвандон даъват намудаааст, ки сатҳи таваллудро то андозае коҳиш диҳанд.Ӯ таъкид намуд, ки агар ҳамасола шумораи аҳолӣ то 2 миллион нафар афзун шавад, шаҳрвандони имкони шароити хуби зиндагиро аз даст медиҳанд.Феълан дар Миср беш аз 101 миллион нафар ба сар мебаранд. Аз лиҳози шумораи афзуни аҳолӣ, Миср миёни кишварҳои Араб дар мақоми аввал қарор дорад. Дар ҷаҳон бошад, Миср дар зинаи 14 - ум меистад.Дар Тоҷикистон сатҳи таваллуду фавти кӯдакон зиёд шудаастБар тибқи пешгӯии мутахассисон, то соли 2052 шумораи аҳолии Миср ба 193 миллион нафар мерасад. Аммо, дар сурати ба амал баровардани чораҳои муваффақи назорати таваллуд, шумораи аҳолии Миср то ин мудат ба 143 миллион нафар хоҳад расид.Дар ҳамин, шумораи аҳолии Тоҷикистон дар соли гузашта ба 9,5 миллион нафар баробар буд.Ба гуфтаи коршиносони байналмилалӣ дар соли 2023 теъдоди ҷамъияти Тоҷикистон ба 10 миллион нафар хоҳад расид.
https://sputnik.tj/20210123/Shardor-shumori-aol-dar-shari-Dushanbero-guft--1032678803.html
миср
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/11/1032841573_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_d24bf98a4aded6f866abc2c60e07ac00.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, иҷтимоъ, миср, кишвардор, даъват, таваллуд, фарзанд
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, иҷтимоъ, миср, кишвардор, даъват, таваллуд, фарзанд
Даъвати кишвардори Миср аз мардум: беш аз 2 фарзанд таваллуд накунед
Аҳолии Миср ҳамасола то 2 миллион нафар афзоиш меёбад, ки чунин суръати зиёдшавии аҳолӣ ҳукумати ин кишварро нигарон намудааст
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Кишвардори Миср Абдул Фаттоҳ ас-Сисӣ бори нахуст аз суръати афзоиши шумораи аҳолӣ изҳори нигаронӣ намуд, хабар медиҳад шабакаи
Al-Ahram. Бар хабари манбаъ, раисҷумҳур аз шаҳрвандон даъват намудаааст, ки сатҳи таваллудро то андозае коҳиш диҳанд.
"Беш аз ду фарзанд дар як оила ин аллакай мушкилӣ аст. Барои Миср афзун шудани аҳолӣ дар як сол набояд аз 400 ҳазор нафар зиёд бошад", - тавзеҳ додааст кишвардори Миср.
Ӯ таъкид намуд, ки агар ҳамасола шумораи аҳолӣ то 2 миллион нафар афзун шавад, шаҳрвандони имкони шароити хуби зиндагиро аз даст медиҳанд.
Феълан дар Миср беш аз 101 миллион нафар ба сар мебаранд. Аз лиҳози шумораи афзуни аҳолӣ, Миср миёни кишварҳои Араб дар мақоми аввал қарор дорад. Дар ҷаҳон бошад, Миср дар зинаи 14 - ум меистад.
Бар тибқи пешгӯии мутахассисон, то соли 2052 шумораи аҳолии Миср ба 193 миллион нафар мерасад. Аммо, дар сурати ба амал баровардани чораҳои муваффақи назорати таваллуд, шумораи аҳолии Миср то ин мудат ба 143 миллион нафар хоҳад расид.
Дар ҳамин, шумораи аҳолии Тоҷикистон дар соли гузашта ба 9,5 миллион нафар баробар буд.
Ба гуфтаи коршиносони байналмилалӣ дар соли 2023 теъдоди ҷамъияти Тоҷикистон ба 10 миллион нафар хоҳад расид.