https://sputnik.tj/20210217/Rusiya-Uzbakiston-Polsha-kadomash-durust-1032842071.html
Русия ё Россия, Ӯзбекистон ё Узбакистон, Полша ё Лаҳистон? Раис гуфт, кадомаш дуруст
Русия ё Россия, Ӯзбекистон ё Узбакистон, Полша ё Лаҳистон? Раис гуфт, кадомаш дуруст
Sputnik Тоҷикистон
Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, мегӯяд, қоидаҳои нави имло тарзи навишти дурусти номҳои ҷуғрофиро ба танзим медароранд 17.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-17T14:59+0500
2021-02-17T14:59+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
сиёсат
ӯзбекистон
забон
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102422/29/1024222948_0:122:1920:1208_1920x0_80_0_0_fad9665668eaa33223d4d0f6ca115aea.jpg
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Муҳаммадҷонзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, аз ҷумла тарзи навишти номи давлатҳо, ки ба гуруҳи ҷуғрофӣ шомил мешаванд, дар қоидаҳои ҷадид муфассал навишта шудаанд.Раиси Кумитаи забон зикр кард, ки бештари номи давлатҳо ба шаклҳои гуногун пайдо шудаанд. Ӯ афзуд, дар як рӯзнома Инглистон менависанд, дар як ҷо Англия, як ҷо Фаронсаю дигар ҷо Франсия.Ба қоидаи забон боз тағирот ворид мешавад: Кумитаи забон олимону матахассисон кумак хостНавишти дугунаи давлатҳо дар Тоҷикистон зиёд ҷой дорад. Аз ҷумла Маскав Москва, Россияю Русия, Полшаю Лаҳистон, Ҷопону Япония, Ӯзбекистону Узбакистон ва ғайра. Муҳаммадҷонзода таъкид намуд, ки барои ҷилавгирӣ аз духӯрагиҳо тасмим гирифтем, дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ин масъаларо дар қоидаҳои нави имло дарҷ кунем, ки баъди тасдиқ пешниҳод мешавад.Ӯ ба суол, ки Инглистон дуруст ё Англия, посух дод, ки мою шумо дар талаффузамон Инглистон мегӯем, аммо вақте ки дар ҳуҷҷатҳои расмӣ Англия рафтааст, мо аз он берун баромадан наметавонем.Дастури Рустами Эмомалӣ барои тоҷикӣ кардани номгузориҳо дар пойтахт“Дар вақте шумо мақола ё ягон китоб менависед, озод астед, метавонед Инглистон нависед, аммо дар ҳуҷҷатҳои расмӣ бояд Англия нависед, чунки дигар шаклаш қабул нест”, - тавзеҳ дод Муҳаммадҷонзода.Ӯ афзуд, ки ин мушкилот на танҳо ба ВАО дахл дорад, балки баъзан дар коргузориҳои расмӣ низ ҷой доранд. Ба гуфтаи раиси Кумитаи забон қоидаҳои нав ин духӯрагиҳоро ба танзим хоҳад даровард.
https://sputnik.tj/20210217/tagyiri-qulla-dar-Pomir-1032841182.html
https://sputnik.tj/20210217/Imlo-barrasi-hukumat-nav-harf-1032840313.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102422/29/1024222948_0:62:1920:1268_1920x0_80_0_0_b96f4410d0c406865ba7d17f5b1dbf37.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, сиёсат , ӯзбекистон, забон, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, сиёсат , ӯзбекистон, забон, дар тоҷикистон
Русия ё Россия, Ӯзбекистон ё Узбакистон, Полша ё Лаҳистон? Раис гуфт, кадомаш дуруст
14:59 17.02.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, мегӯяд, қоидаҳои нави имло тарзи навишти дурусти номҳои ҷуғрофиро ба танзим медароранд
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Муҳаммадҷонзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, аз ҷумла тарзи навишти номи давлатҳо, ки ба гуруҳи ҷуғрофӣ шомил мешаванд, дар қоидаҳои ҷадид муфассал навишта шудаанд.
Раиси Кумитаи забон зикр кард, ки бештари номи давлатҳо ба шаклҳои гуногун пайдо шудаанд. Ӯ афзуд, дар як рӯзнома Инглистон менависанд, дар як ҷо Англия, як ҷо Фаронсаю дигар ҷо Франсия.
Навишти дугунаи давлатҳо дар Тоҷикистон зиёд ҷой дорад. Аз ҷумла Маскав Москва, Россияю Русия, Полшаю Лаҳистон, Ҷопону Япония, Ӯзбекистону Узбакистон ва ғайра.
Муҳаммадҷонзода таъкид намуд, ки барои ҷилавгирӣ аз духӯрагиҳо тасмим гирифтем, дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ин масъаларо дар қоидаҳои нави имло дарҷ кунем, ки баъди тасдиқ пешниҳод мешавад.
Ӯ ба суол, ки Инглистон дуруст ё Англия, посух дод, ки мою шумо дар талаффузамон Инглистон мегӯем, аммо вақте ки дар ҳуҷҷатҳои расмӣ Англия рафтааст, мо аз он берун баромадан наметавонем.
“Дар вақте шумо мақола ё ягон китоб менависед, озод астед, метавонед Инглистон нависед, аммо дар ҳуҷҷатҳои расмӣ бояд Англия нависед, чунки дигар шаклаш қабул нест”, - тавзеҳ дод Муҳаммадҷонзода.
Ӯ афзуд, ки ин мушкилот на танҳо ба ВАО дахл дорад, балки баъзан дар коргузориҳои расмӣ низ ҷой доранд. Ба гуфтаи раиси Кумитаи забон қоидаҳои нав ин духӯрагиҳоро ба танзим хоҳад даровард.