Раиси Кумита сабаби тағйири номи қуллаҳо дар Помирро гуфт

© Sputnik / Амир ИсаевПредседатель Комитета по языку и терминологии Олимджон Мухаммаджонзода
Председатель Комитета по языку и терминологии Олимджон Мухаммаджонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2021
Обуна шудан
Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, сабаби тағйири номи қуллаҳо дар Помирро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Раиси Кумитаи забон гуфт, қабл аз тағйири номҳои ҷуғрофӣ, аз ҷумла номи қуллаҳо, бо идораҳои давлатӣ мувофиқа сурат мегирад.
Ӯ изҳор дошт, ки яке аз қуллаҳои баландтарини Тоҷикистон ба номи Корженевская номгузорӣ шудааст, аммо ягон санад нест, ҷанбаи ҳуқуқӣ надорад.
“Пайдо кардем, аз сафарномаҳои куҳнавардони рус, ки вақте ин қулларо мебинанд, аз роҳбаладашон мепурсанд, ин чӣ ном дорад? Роҳбалад мегӯяд, қуллаи беном аст. Он куҳнавард Корженевский ба Русия бармегардад ва ин қулларо ба номи оилааш мемонад", - изҳор дошт Муҳаммадҷонзода.
Ба гуфтаи раиси Кумита чӣ рабт доштани номи Корженевский ба ин қулла нофаҳмост. Ӯ таъкид намуд, ки вақте номҳои ҷуғрофӣ тағйир меёбанд, тариқи Вазорати корҳои хориҷӣ ва идораи геодезӣ ба сатҳи ҷаҳонӣ иттилоъ расонда мешавад, ки номҳо тағйир ёфтанд ва дар феҳрасти ҷаҳонӣ бо номҳои ҷадид ворид мегарданд. Муҳаммадҷонзода ин амалро ҳаққи як давлати мустақил хонд.
Пик Сомони с вертолета - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2020
Ҳафт ҳазор метр баландӣ: навори қуллаи Сомонии мӯҳташам аз боло
Қаблан бо қарори Ҳукумат номи яке аз қуллаҳои баландтарини Помир, ки ҷуғрофидони рус Николай Корженевский ба номи ҳамсараш Евгения Корженевская гузошта буд, тағйир дода шуд.
Қуллаи Корженевская, ки бо баландии 7 ҳазору 105 метр аз баландтаринҳо дар минтақа мебошад, бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон номи “Озодӣ” гирифт.
Қуллаи мазкур 13 километр шимолтар аз қуллаи Исмоили Сомонӣ ҷойгир мебошад.
Бо қарори дигари Ҳукумат қуллаи  6230-метрӣ, ки соли 2009 “Озодӣ” номгузорӣ шуда буд, тайғири ном карда, “Сангталак” унвон гирифт.
Ҳукумати Тоҷикистон Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезиро муваззаф карда буд, ки дар ҳамкорӣ бо идораҳои дигари давлатӣ барои татбиқи қарорҳои мазкур чораандешӣ намояд.
Лентаи хабарҳо
0