https://sputnik.tj/20210217/Nuraliev-dollar-1032843413.html
Нуралиев ба сафир Лоусон: долларикунонӣ дар иқтисоди Тоҷикистон кам шуд
Нуралиев ба сафир Лоусон: долларикунонӣ дар иқтисоди Тоҷикистон кам шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ҷамолиддин Нуралиев, муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо Мэттю Лоусон, сафири Бритониё дар Душанбе, густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд 17.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-17T17:24+0500
2021-02-17T17:24+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
иқтисод
бритониё
бонк
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/11/1032843348_0:100:1000:666_1920x0_80_0_0_ecba84841fccbfb135d4d0b4dfe3b165.jpg
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллӣ, Нуралиев намояндагони Бритониёро бо вазъи макроиқтисодӣ дар кишвар ва низоми бонкию суғурта шинос намуд.Манбаъ афзуд, ки сафир Мэттю Лоусон ҳавасмандияшро барои ҳамкорӣ дар татбиқи Барномаи дастгирии навовариҳои сиёсати иқтисодӣ ва таъмини суботи макроиқтисодӣ баён доштааст.Ҷамолиддин Нуралиев таъкид бар он доштаст, ки новобаста аз таъсири манфии COVID-19 ба иқтисодиёти кишвар, Бонки миллии Тоҷикистон дар натиҷаи андешидани тадбирҳои қатъӣ тибқи нақшаи зиддибуҳронии худ, меъёри бозтамвилро тадриҷан поин бурд.“Меъёри захираҳои ҳатмиро аз рӯи пасандозҳо бо пули миллӣ аз 3 ба 1 фоиз ва бо асъори хориҷӣ аз 9 ба 5 фоиз паст кард, ки дар натиҷа дастрасии манбаъҳои иловагии пардохтпазириро дар ин давраи ҳассос барои ташкилотҳои қарзӣ таъмин намуд”, - изҳор доштааст Нуралиев.Ӯ илова намудааст, ки дар пайи тадбирҳои андешидашуда ҳаҷми пасандозҳо ва қарзҳо зиёд карда шуда, меъёри фоизии қарзҳо паст карда шуд.“Сатҳи долларикунонӣ дар иқтисодиёт коҳиш ёфта, дороиҳои ташкилотҳои қарзӣ афзуданд, ки ин аз таъмини суботи молиявӣ дар кишвар шаҳодат медиҳад”, - таъкид кардааст Ҷамолиддин Нуралиев.Ӯ дар идома таваҷҷуҳи сафири Бритониёро ба низоми бонкдории исломӣ ва низоми суғурта ҷалб намуда, барои тақвият додани ҳамкорӣ дар фароҳам омадани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ барои оянда самарабахш арзёбӣ намуд.Бонки миллӣ мегӯяд, Мэттю Лоусон густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар бахши иқтисодӣ, бахусус низоми бонкӣ ва суғуртаро баҳри татбиқи барномаҳои нав хуш пазируфтааст.
https://sputnik.tj/20210211/arzoi-sarkhr-charo-Bonki-mill-ioza-dod-ki-bonko-muflis-shavand-1032807123.html
https://sputnik.tj/20210211/bonk-mushkildor-Tajikistan-amonatguzor-qarz-1032806832.html
бритониё
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/11/1032843348_0:38:1000:666_1920x0_80_0_0_9a87693b25dbcfdc74a4bb0aa7775cca.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, иқтисод, бритониё, бонк
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, иқтисод, бритониё, бонк
Нуралиев ба сафир Лоусон: долларикунонӣ дар иқтисоди Тоҷикистон кам шуд
17:24 17.02.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Ҷамолиддин Нуралиев, муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо Мэттю Лоусон, сафири Бритониё дар Душанбе, густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллӣ, Нуралиев намояндагони Бритониёро бо вазъи макроиқтисодӣ дар кишвар ва низоми бонкию суғурта шинос намуд.
Манбаъ афзуд, ки сафир Мэттю Лоусон ҳавасмандияшро барои ҳамкорӣ дар татбиқи Барномаи дастгирии навовариҳои сиёсати иқтисодӣ ва таъмини суботи макроиқтисодӣ баён доштааст.
Ҷамолиддин Нуралиев таъкид бар он доштаст, ки новобаста аз таъсири манфии COVID-19 ба иқтисодиёти кишвар, Бонки миллии Тоҷикистон дар натиҷаи андешидани тадбирҳои қатъӣ тибқи нақшаи зиддибуҳронии худ, меъёри бозтамвилро тадриҷан поин бурд.
“Меъёри захираҳои ҳатмиро аз рӯи пасандозҳо бо пули миллӣ аз 3 ба 1 фоиз ва бо асъори хориҷӣ аз 9 ба 5 фоиз паст кард, ки дар натиҷа дастрасии манбаъҳои иловагии пардохтпазириро дар ин давраи ҳассос барои ташкилотҳои қарзӣ таъмин намуд”, - изҳор доштааст Нуралиев.
Ӯ илова намудааст, ки дар пайи тадбирҳои андешидашуда ҳаҷми пасандозҳо ва қарзҳо зиёд карда шуда, меъёри фоизии қарзҳо паст карда шуд.
“Сатҳи долларикунонӣ дар иқтисодиёт коҳиш ёфта, дороиҳои ташкилотҳои қарзӣ афзуданд, ки ин аз таъмини суботи молиявӣ дар кишвар шаҳодат медиҳад”, - таъкид кардааст Ҷамолиддин Нуралиев.
Ӯ дар идома таваҷҷуҳи сафири Бритониёро ба низоми бонкдории исломӣ ва низоми суғурта ҷалб намуда, барои тақвият додани ҳамкорӣ дар фароҳам омадани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ барои оянда самарабахш арзёбӣ намуд.
Бонки миллӣ мегӯяд, Мэттю Лоусон густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар бахши иқтисодӣ, бахусус низоми бонкӣ ва суғуртаро баҳри татбиқи барномаҳои нав хуш пазируфтааст.