https://sputnik.tj/20210216/rubl-dollar-evro-Tojikiston-Bonki-milli-1032832035.html
Болоравии рублу доллару евро дар Тоҷикистон: Бонки миллӣ қурби асъори хориҷиро эълон кард
Болоравии рублу доллару евро дар Тоҷикистон: Бонки миллӣ қурби асъори хориҷиро эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти назаррас дар қурби асъор аз охири ҳафтаи гузашта то ҳол дар Тоҷикистон ин болоравии якбораи рублу доллару евро дар баробари сомонӣ мебошад 16.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-16T09:00+0500
2021-02-16T09:00+0500
2021-02-16T13:21+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101406/14/1014061411_0:114:2733:1651_1920x0_80_0_0_37555b870a63c2e17edb08225a6bcc0d.jpg
ДУШАНБЕ, 16 фев - Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ барои имрӯз эълон кард, ки тибқи нишондод асъори миллӣ дар ҳоли заифшавист.Дар баробари ин, қурби доллар, ки чанд моҳ дар ҳоли сукут қарор дошт, майли гароншавӣ дорад. Ҳамин тавр, имрӯз тибқи нишондоди Бонки миллӣ як доллар дар Тоҷикистон 11,3027 сомонӣ арзиш дорад.Дар мавриди қурби асъори Аврупо бошад, он пас аз каме поин омадан дубора ҷояшро гирифт. Ин ниҳод қурби як евро барои шанздаҳуми феврал 13,7136 сомонӣ муқаррар кардааст.Рубл дар баробари пули миллӣ пас аз суқути такрорӣ дигарбора боло рафт. Имрӯз ҳазор рубл дар Тоҷикистон 153 сомону 40 дирам арзиш дорад.Дар мавриди поинравии асъори миллӣ Наврӯз Валиев, сардори шӯъбаи минтақавии Бонки миллӣ дар Хуҷанд мегӯяд, то замони тағйир наёфтани тавозуни савдо ва зиёд нашудани ҳаҷми содироти мол, вазъи бозори асъор осебпазир ва фишор ба қурби пули миллӣ эҳсосшаванда боқӣ мемонад.Коршиносон асъори фоидаовар барои соли 2021-ро гуфтандЁдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон тамоми амалиёти мубодила танҳо дар бонкҳо ва филиалҳои онҳо, ташкилотҳои қарзӣ, нуқтаҳои махсус, нуқтаҳои интиқоли пул, банкоматҳо ва терминалҳо иҷозат дода мешавад.Дар сурати риоя накардани меъёрҳо, вайронкунандагон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.
https://sputnik.tj/20210215/qurb-somon-namoyanda-Bonki-milli-1032828756.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101406/14/1014061411_191:0:2542:1763_1920x0_80_0_0_bf60a289fb43de8188f24237952aca77.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, иқтисод
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, иқтисод
Болоравии рублу доллару евро дар Тоҷикистон: Бонки миллӣ қурби асъори хориҷиро эълон кард
09:00 16.02.2021 (Навсозишуда: 13:21 16.02.2021) Тағйироти назаррас дар қурби асъор аз охири ҳафтаи гузашта то ҳол дар Тоҷикистон ин болоравии якбораи рублу доллару евро дар баробари сомонӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 16 фев - Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ барои имрӯз эълон кард, ки тибқи нишондод асъори миллӣ дар ҳоли заифшавист.
Дар баробари ин, қурби доллар, ки чанд моҳ дар ҳоли сукут қарор дошт, майли гароншавӣ дорад.
Ҳамин тавр, имрӯз тибқи нишондоди Бонки миллӣ як доллар дар Тоҷикистон 11,3027 сомонӣ арзиш дорад.
Дар мавриди қурби асъори Аврупо бошад, он пас аз каме поин омадан дубора ҷояшро гирифт. Ин ниҳод қурби як евро барои шанздаҳуми феврал 13,7136 сомонӣ муқаррар кардааст.
Рубл дар баробари пули миллӣ пас аз суқути такрорӣ дигарбора боло рафт. Имрӯз ҳазор рубл дар Тоҷикистон 153 сомону 40 дирам арзиш дорад.
Дар мавриди поинравии асъори миллӣ Наврӯз Валиев, сардори шӯъбаи минтақавии Бонки миллӣ дар Хуҷанд мегӯяд, то замони тағйир наёфтани тавозуни савдо ва зиёд нашудани ҳаҷми содироти мол, вазъи бозори асъор осебпазир ва фишор ба қурби пули миллӣ эҳсосшаванда боқӣ мемонад.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон тамоми амалиёти мубодила танҳо дар бонкҳо ва филиалҳои онҳо, ташкилотҳои қарзӣ, нуқтаҳои махсус, нуқтаҳои интиқоли пул, банкоматҳо ва терминалҳо иҷозат дода мешавад.
Дар сурати риоя накардани меъёрҳо, вайронкунандагон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.