Набзи иқтисодро бояд донем: истиқболи вазир аз тиллофурӯшии давлат

© Facebook / Шерали КабирШерали Кабир
Шерали Кабир - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2021
Обуна шудан
Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аз афзоиши савдои металҳои қиматбаҳо ба хориҷи кишвар истиқбол кард
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар ҷумҳурӣ 18 корхонаи тиллобарорӣ, аз ҷумла ду корхонаи нав фаъолият доранд.
Таджикский алюминиевый завод Талко, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2021
Пандемия нақшаҳои ТАЛКО-ро халалдор кард: шарҳи Шералӣ Кабир
Ӯ таъкид намуд, ин ки Тоҷикистон фурӯши тиллою металҳои қиматбаҳоро ба хориҷ зиёд кардааст, набояд ҳамчун падидаи мусбат арзёбӣ шавад. "Модоме тилло дорем, чаро нафурӯшем, бояд пеш равем, на ба қафо", изҳор дошт Шералӣ Кабир.
Ба гуфтаи вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, соли гузашта бисёри  давлатҳо, аз ҷумла худи Русия фурӯши тиллоро зиёд намуда буд.
Вазири тоҷик далели афзоиши тиллофурӯширо ба боло рафтани нархи он дар ҷаҳон рабт дод.
“Бори аввал нархи тилло хеле боло рафт. Бояд набзи иқтисоди ҷаҳониро донем, имрӯз нархаш боло рафт, агар нафурӯшем, фардо нархаш поён равад, зарар мебинем ку”, - хитоб кард Шералӣ Кабир.
Ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, тавлиди тилло дар ҷумҳурӣ соли гузашта ҳудуди 8 дарсад афзоиш ёфт. Манбаъ таъкид намуд, ки тиллои тавлидкардаи корхонаҳои Тоҷикистонро 100 дарсад Вазорати молия ва Бонки миллии ҷумҳурӣ мехарад.
Лентаи хабарҳо
0