https://sputnik.tj/20210216/Pandemiya-TALKO-khalaldor-kard-1032835883.html
Пандемия нақшаҳои ТАЛКО-ро халалдор кард: шарҳи Шералӣ Кабир
Пандемия нақшаҳои ТАЛКО-ро халалдор кард: шарҳи Шералӣ Кабир
Sputnik Тоҷикистон
Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, мегӯяд, пандемияи коронавирус имкон надод, ки нақшаҳои Корхонаи алюминийи тоҷик барои афзоиши... 16.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-16T15:00+0500
2021-02-16T15:00+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
саноат
саноат
технология
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/13/1032654640_0:154:2943:1809_1920x0_80_0_0_be2ec36a0cbbfeef40034ac3d9170e42.jpg
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Шералӣ Кабир хотиррасон кард, ки дар соли 2020 роҳбарии Корхонаи алюминийи тоҷикро ба уҳда дошт ва тайи 5 моҳи аввал тавлидот 15 дарсад афзоиш ёфт.Ӯ гуфт, рушди истеҳсолот дар соли 2020 бояд ҳудуди 25 дарсадро ташкил медод, аммо пандемия нақшаҳоро халалдор намуд.Манбаъ илова намуд, ки мушкил инчунин бо дастрас кардани ашёи дигари хом низ буд, ки дар Қазоқистон истеҳсол мешавад ва он ҷо одамон ба далели пандемия ба кор набаромаданд.Шералӣ Кабир бо зикри таъсири манфии ин омилҳо ба нишондодҳои истеҳсолии ТАЛКО, изҳори умед кард, ки имсол вазъ беҳбуд хоҳад ёфт. Ӯ илова кард, ки интизор доранд, имсол истеҳсолот дар Корхонаи алюминийи тоҷик ба 20 дарсад боло раванд.Тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нав “Ширкати алюминийи тоҷик” дар соли 2020 ба маблағи 379,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст. Ҳаҷмии молии маҳсулоти истеҳсолнамудаи ширкат ба 84 ҳазор тонна баробар гардидааст.ҶСК “Корхонаи алюминийи тоҷик” дар соли гузашта, алюминийи аввалияро ба маблағи 136,2 миллион доллар дар ҳаҷми 87 ҳазор тонна ба хориҷи кишвар содир кардааст. Харидори асосии алюминийи тоҷик кишварҳои Аврупо арзёбӣ мегарданд.
https://sputnik.tj/20210216/Sherali-Kabir-shaffof-hisobdorii-shirkat-chin-1032834367.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/13/1032654640_164:0:2780:1962_1920x0_80_0_0_0569f3b1f73e3ecc350ef9845f9e2b25.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, саноат, саноат, технология, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, саноат, саноат, технология, дар тоҷикистон
Пандемия нақшаҳои ТАЛКО-ро халалдор кард: шарҳи Шералӣ Кабир
15:00 16.02.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, мегӯяд, пандемияи коронавирус имкон надод, ки нақшаҳои Корхонаи алюминийи тоҷик барои афзоиши ҳаҷми истеҳсолот амалӣ шаванд
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Шералӣ Кабир хотиррасон кард, ки дар соли 2020 роҳбарии Корхонаи алюминийи тоҷикро ба уҳда дошт ва тайи 5 моҳи аввал тавлидот 15 дарсад афзоиш ёфт.
Ӯ гуфт, рушди истеҳсолот дар соли 2020 бояд ҳудуди 25 дарсадро ташкил медод, аммо пандемия нақшаҳоро халалдор намуд.
“Мутаассифона дар пайи сар задани пандемияи коронавирус, кокси нафтӣ барои истеҳсолот саривақт интиқол дода нашуд. Бори аввал дар таърихи ТАЛКО интиқоли ашёи хом тариқи мошинҳо роҳандозӣ гардид”, - изҳор дошт вазири саноат.
Манбаъ илова намуд, ки мушкил инчунин бо дастрас кардани ашёи дигари хом низ буд, ки дар Қазоқистон истеҳсол мешавад ва он ҷо одамон ба далели пандемия ба кор набаромаданд.
Шералӣ Кабир бо зикри таъсири манфии ин омилҳо ба нишондодҳои истеҳсолии ТАЛКО, изҳори умед кард, ки имсол вазъ беҳбуд хоҳад ёфт. Ӯ илова кард, ки интизор доранд, имсол истеҳсолот дар Корхонаи алюминийи тоҷик ба 20 дарсад боло раванд.
Тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нав “Ширкати алюминийи тоҷик” дар соли 2020 ба маблағи 379,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст. Ҳаҷмии молии маҳсулоти истеҳсолнамудаи ширкат ба 84 ҳазор тонна баробар гардидааст.
ҶСК “Корхонаи алюминийи тоҷик” дар соли гузашта, алюминийи аввалияро ба маблағи 136,2 миллион доллар дар ҳаҷми 87 ҳазор тонна ба хориҷи кишвар содир кардааст. Харидори асосии алюминийи тоҷик кишварҳои Аврупо арзёбӣ мегарданд.