Посухи ВУХ Тоҷикистон ба дипломатҳои қирғиз: хабари носанҷидаро паҳн накунед

© Sputnik / Игорь ЛекаркинЗдание МИД РТ в Душанбе, архивное фото
Здание МИД РТ в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2021
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ба сиёсатмадорони қирғиз дар мавриди вокуниши онҳо ба гӯё вогузор шудани обанбори Торткул ба Тоҷикистон посух додааст
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik.  Масъалаи вогузор шудани обанбори Торткул ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳси гармеро дар парлумони Ҷумҳурии Қирғизистон хезонд.
Научный сотрудник в МГИМО, адвокат Шарбатулло Содиков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2021
Коршинос дар бораи зарфиятҳои Ҷабборов барои ҳалли масоили марзӣ бо Тоҷикистон
Аксари сиёсатмадорони он кишвар аз гӯё вогузор шудани обанбори Торткул ба Тоҷикистон шадидан изҳори нигаронӣ намудаанд.
Тоҷикистону Қирғизистон нақшаи кории соли 2021 - ро муайян карданд
Дар робита ба нигарониҳои дипломатҳои қирғиз, Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон унвонии ҳамтоёни худ посухе равон карда, изҳор намудаанд, ки иттилои носанҷидаро паҳн накунанд, зеро он метавонад  оқибати нохуберо ба миён орад.
Дар изҳороти ВУХ аз ҷумла чунин омадааст, ки раванди делимитатсия ва демаркатсияи хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ба итмом нарасидааст.
"Музокироти ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба масъалаҳои марзӣ идома дорад", - таъкид мешавад дар хабар.
Дипломатҳои тоҷик тавзеҳ доданд, ки қисми қаламраве, ки ба изҳори вакилони Қирғизистон гӯё ба Тоҷикистон вогузор шудааст, то ба охир расидани делимитатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, тибқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, тақсимнашаванда ба ҳисоб меравад.
Зикр гардид, ки айни замон дар бораи додани ягон минтақаи баҳсӣ аз ҷониби як тараф ба тарафи дигар ҳеҷ гапе нест.
Вазорат аз сиёсатмадорони кишвари ҳамсоя даъват намудааст, ки ба изҳороти худ бобати масъалаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон эҳтиёткорона муносибат кунанд, зеро "паҳн кардани иттилооти носанҷида метавонад ба ноустувории вазъ дар қаламравҳои марзии ду давлати бародар мусоидат кунад".
Баховаддин Баходурзода, исполняющий обязанности председателя города Исфара - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2020
Талоши оромии марз: раиси нави Исфара гуфт як рӯзи ҳафтаи корияшро дар Ворух мегузаронад
Қаблан дар сомонаи "Парс тудей" матлабе интишор шуд, ки гӯё Улуғбек Маъруфов, нахуствазири ҷадиди Қирғизистон ҳангоми касби раъйи эътимод дар маҷлиси намояндагони ин кишвар гуфтааст, сарчашмаи канали обрасонӣ ба сади вилояти Ботканд бар асоси тавофуқ бар сари аломатгузории марзи муштарак бо Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя вогузор шуд.
Аммо Тозабек Икромов, намояндаи Маҷлиси қонунгузории Қирғизистон бо эътироз изҳор доштааст, ки вогузории ин канали муҳим ба Тоҷикистон таъмини оби мавриди ниёзи вилояти Боткандро бо таҳдиди ҷаддӣ рӯ ба рӯ месозад.
Тоҷикистону Қирғизистон 978 километри марз муштарак доранд, ки фақат ҳудуди 520 километр аз он таъину аломатгузорӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0