https://sputnik.tj/20210216/Sherali-Kabir-shaffof-hisobdorii-shirkat-chin-1032834367.html
Ҳисобу китоб: Шералӣ Кабир хостори кори шаффофи ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон шуд
Ҳисобу китоб: Шералӣ Кабир хостори кори шаффофи ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, иддао дар бораи набудани шаффофият дар кори ширкату сармоягузорҳои чинӣ дар ҷумҳуриро шарҳ дод 16.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-16T13:27+0500
2021-02-16T13:27+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
иқтисод
саноат
шаффоф
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/0f/1032458830_0:140:2048:1292_1920x0_80_0_0_64d034b1e855a80373e97352b376e2a5.jpg
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Вазири саноат ва технологияҳои нав гуфт, дар мавриди шаффофияти кору ҳисобдорӣ бо сармоягузорони хориҷӣ гуфтугузорҳо рафта истодаанд. Ӯ бо зикри он, ки дар мавриди шаффофияти баъзе корхонаҳои чинӣ дар Тоҷикистон баҳсу мунозираҳо сурат мегиранд, иттилоъ дод, ки дар мувофиқа бо Ҳукумат сари ин масъалаҳо кор карда истодаанд.“Ҳозир дар мувофиқа бо Ҳукумати Тоҷикистон бо ширкату сармоягузоронни хориҷӣ гуфтугузор карда истодаем. Мо талаб кардем, ки онҳо бояд ба стандартҳои байналхалқии ҳисобдорӣ гузаранд, шаффофияти пурраро таъмин намоянд”, - иттилоъ дод вазир.Ба иттилои Шералӣ Кабир, Тоҷикистон феълан азм дорад, ки шомили Ташаббуси шаффофият дар дар соҳаи куҳкорӣ шавад, ки беш аз 52 давлати дунёро фаро мегирад. Вазир гуфт, ин ташаббус ширкатҳоро муваззаф мекунад, ки талаботи муайяни шаффофият, аз ҷумла масъулияти корпоративӣ - иҷтимоиро риоя намоянд. Вазири саноати Тоҷикистон таъкид намуд, ки ягон давлати дунё бе сармоягузории хориҷӣ рушд карда наметавонад ва муҳим хонд, ки дар ҷумҳурӣ низ барои сармоягузорони хориҷӣ шароити мусоид фароҳам бошад.Ӯ дар баробари ин зарур хонд, ки ширкату сармоягузорони хориҷӣ бояд тибқи қонунгузории Тоҷикистон фаъолият кунанд, ҳуқуқи шаҳрвандони кишвар риоя намоянд. Шералӣ Кабир таъкид намуд, ки вазифаи ниҳоди тобеяш ва дигар сохторҳои дахлдори давлатӣ аст, риояи қонуниятро назорат баранд.
https://sputnik.tj/20201221/China-Sugd-i-117-million-dollar-korkhonai-korkardi-khoka-mesozad-1032491243.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/0f/1032458830_0:0:1816:1361_1920x0_80_0_0_c353f64856652b7718671e405a55e221.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, иқтисод, саноат, шаффоф, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, иқтисод, саноат, шаффоф, дар тоҷикистон
Ҳисобу китоб: Шералӣ Кабир хостори кори шаффофи ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон шуд
13:27 16.02.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, иддао дар бораи набудани шаффофият дар кори ширкату сармоягузорҳои чинӣ дар ҷумҳуриро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Вазири саноат ва технологияҳои нав гуфт, дар мавриди шаффофияти кору ҳисобдорӣ бо сармоягузорони хориҷӣ гуфтугузорҳо рафта истодаанд.
Ӯ бо зикри он, ки дар мавриди шаффофияти баъзе корхонаҳои чинӣ дар Тоҷикистон баҳсу мунозираҳо сурат мегиранд, иттилоъ дод, ки дар мувофиқа бо Ҳукумат сари ин масъалаҳо кор карда истодаанд.
“Ҳозир дар мувофиқа бо Ҳукумати Тоҷикистон бо ширкату сармоягузоронни хориҷӣ гуфтугузор карда истодаем. Мо талаб кардем, ки онҳо бояд ба стандартҳои байналхалқии ҳисобдорӣ гузаранд, шаффофияти пурраро таъмин намоянд”, - иттилоъ дод вазир.
Ба иттилои Шералӣ Кабир, Тоҷикистон феълан азм дорад, ки шомили Ташаббуси шаффофият дар дар соҳаи куҳкорӣ шавад, ки беш аз 52 давлати дунёро фаро мегирад. Вазир гуфт, ин ташаббус ширкатҳоро муваззаф мекунад, ки талаботи муайяни шаффофият, аз ҷумла масъулияти корпоративӣ - иҷтимоиро риоя намоянд.
Вазири саноати Тоҷикистон таъкид намуд, ки ягон давлати дунё бе сармоягузории хориҷӣ рушд карда наметавонад ва муҳим хонд, ки дар ҷумҳурӣ низ барои сармоягузорони хориҷӣ шароити мусоид фароҳам бошад.
Ӯ дар баробари ин зарур хонд, ки ширкату сармоягузорони хориҷӣ бояд тибқи қонунгузории Тоҷикистон фаъолият кунанд, ҳуқуқи шаҳрвандони кишвар риоя намоянд. Шералӣ Кабир таъкид намуд, ки вазифаи ниҳоди тобеяш ва дигар сохторҳои дахлдори давлатӣ аст, риояи қонуниятро назорат баранд.