Ожонсии зидди фасод тафсилоти ҷурми "Илҳом Командир" ва шарикашро ифшо кард

© акс аз сомонаи Агентии мубориза бо коррупсияи ТоҷикистонГенерал-майор Сулаймон Султонзода, сардори Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон
Генерал-майор Сулаймон Султонзода, сардори Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2021
Обуна шудан
Ҳотамов Илҳом маъруф ба номи "Илҳом Командир" бо ҷурми азхуд кардани маблағи калон, ки барои барномаҳои давлатӣ аз "Агроинвестбонк" қарз гирифта буд, паси панҷара рафт
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Сулаймон Султонзода роҳбари Ожонсии зидди фасод тафсилоти парвандаи "Илҳом Командир" -ро дар нишасти хабарӣ ифшо кард.
Ба иттилои Султонзода, Ҳотамов Илҳом ва ё "Илҳом Командир", ки молик бинифисиатори ҶСК "Котонтекстайл" мебошад, ҳамроҳ бо мудири ҷамъияти мазкур Ҳакимов Раҷаб Хайруллоевич даст ба азхудкунии маблағи давлат задааст.
Ҷинояти мазкурро "Илҳом Командир" ҳамроҳи шарики худ соли 2009 содир кард.
"Онҳо 6,4 миллион сомонӣ маблағҳои барномаҳои давлатиро аз "Агроинвестбонк" ба тариқи қарз гирифта, онро пурра ғайримақсаднок ва пурра тасарруф намуданд", - тавзеҳ дод Сулаймонзода.
Муовини Раёсати тафтишоти ожонси мазкур мегӯяд, барои содир намудани ин ҷиноят нисбати "Илҳом Командир" тибқи моддаи 246 қисми 3 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, бо ҳукми суди шаҳри Душанбе, ӯ ба мӯҳлати 9 сол равонаи зиндон шуд.
Доллары США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2021
Қариб 80 миллионро надодаанд: Шоҳиён гуноҳу ҷазои Исматулло Ҳаёевро эълон кард
Ҳамзамон, шарики ӯ, Ҳакимов Раҷаб ҷаримабандӣ гардид.
Қаблан, дар робита ба парвандаи Илҳомов ва ғасби маблағҳои давлатӣ, Шермуҳаммад Шоҳиён гуфт, масъалаи бозпас овардани маблағ аз ҷониби Ҳотамов таҳти назорати бевоситаи роҳбарияти Додгоҳи Олӣ қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки номи Илҳом Ҳотамов ки ба тиҷорати пахта машғул аст, моҳи ноябри соли 2019 дар пайи як типарронӣ дар шаҳри Леваканд расонаӣ шуда буд, ки гӯиё ин тирпарронӣ миёни одамони "Илҳом командир" ва моликони бозори "Ҳоҷӣ Шариф"-и шаҳри Бохтар рух дода будааст.
Ҳоли табоҳ: ҳукми мудири “Харбуза” ва ҳабси Алимардонов - акс
Бозори "Ҳоҷӣ Шариф" ба хонаводаи Соҳибовҳо, яке аз хонаводаҳои маъруфи Тоҷикистон ва наздик ба роҳбарияти ҷумҳурӣ тааллуқ дорад. Аммо расман ин иттилоъ тасдиқ нашуда буд.
Лентаи хабарҳо
0