Қариб 80 миллионро надодаанд: Шоҳиён гуноҳу ҷазои Исматулло Ҳаёевро эълон кард

© Sputnik / Михаил Кутузов / Гузариш ба медиабонкДоллары США
Доллары США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2021
Обуна шудан
Шермуҳамммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки Исматулло Ҳаёев, раиси ширкати маъруфи "Хима" ба 11 соли зиндон маҳкум шуд
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Шоҳиён имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, Ҳаёев дар барнагардондани қарзи бонк гунаҳкор дониста шудааст.
Шермухаммад Шохиён - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2021
"Илҳом Командир" ба 9 соли зиндон маҳкум шуд
Ӯ иттилоъ дод, ки додгоҳи Душанбе парвандаи ҷинои алайҳи Ҳаёев Исматулло ва се нафар ҳаммаслаконашро мавриди баррасӣ қарор дода, ӯро барои тасарруфи маблағҳои кредитӣ ба 11 соли зиндон маҳкум кардааст. Манбаъ ҳаҷми зарари расонда ба бонкро қариб 80 миллион сомонӣ арзёбӣ кард.
Исматулло, писари Изатулло Ҳаёев, собиқ раиси девони вазирони Тоҷикистон мебошад, ки бо таъсиси корпоратсияи "ХИМА" дар умури пахтакорӣ тиҷорати бузург дошт.
Зимни нишасти матбуотӣ инчунин хабар дода шуд, ки Илҳом Ҳамроев, аз собиқ фармондеҳони саҳроии Фронти халқӣ, маъруф ба  "Илҳом Командир" низ дар барнагардондани қарз ба бонк гунаҳкор дониста шуда, ба 9 соли зиндон маҳкум гардид.
Лентаи хабарҳо
0