https://sputnik.tj/20210211/Bonki-milli-pandemiya-somoni-bequrb-shud--1032806491.html
Бонки миллӣ гуфт дар як соли пандемия сомонӣ чӣ қадар беқурб шуд
Бонки миллӣ гуфт дар як соли пандемия сомонӣ чӣ қадар беқурб шуд
Sputnik Тоҷикистон
Масъулини Бонки миллӣ эълон доштанд, ки беқурбшавии пули миллӣ дар натиҷаи вазъи номуътадили иқтисоди ҷаҳонӣ бинобар идома ёфтани таъсири пандемия, камшавии... 11.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-11T12:40+0500
2021-02-11T12:40+0500
2021-04-19T16:54+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
иқтисод
беқурбшавӣ
пули миллӣ
сомонӣ
таъсир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/11/1032106600_0:150:1501:994_1920x0_80_0_0_6d12a48818e92c01fac80908229bba6f.jpg
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Бино бар иттилои Бонки миллии Тоҷикистон қурби расмии сомонӣ дар соли гузашта 16,6 фоиз коҳиш ёфт.Масъулини Бонк зимни нишасти матбуоти таъкид доштанд, ки баъд аз тасҳеҳи (коррексияи) якдафъаина барои 1 доллар 11,30 сомонӣ муқаррар гардид, ки фарқияти байни қурби расмӣ ва қурби бозори ғайрибонкии доллар ба 0,8 фоиз баробар шуд.Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки тағйирёбии қурби асъор дар соли ҳисоботӣ асосан дар натиҷаи вазъи номуътадили иқтисоди ҷаҳонӣ бинобар идома ёфтани таъсири пандемия, коҳиш ёфтани қурби асъори миллии кишварҳои шарикони асосии савдо, камшавии вуруди интиқолҳои пулӣ ва сармояи хориҷӣ ба ҷумҳурӣ, маҳдуд гардидани равобити марзӣ, болоравии нархи молу маҳсулотҳои воридотӣ, инчунин идома ёфтани касри тавозуни савдои кишвар ба амал омад.Холиқзода Ҳоким, раиси Бонки миллии Тоҷикистон изҳор дошт, ки дар соли ҳисоботӣ ташкилотҳои қарзӣ дар самти беҳтар намудани миёнаравии молиявӣ, таъмини рушд ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои бонкӣ, коҳиш додани қарзҳои ғайрифаъол, ҷалби пасандозҳо ва сармояи хориҷӣ, зиёд намудани маблағгузорӣ ба иқтисодиёт, дастгирии соҳибкории хурду миёна то андозае корҳои муайянро ба анҷом расонидаанд.
https://sputnik.tj/20210211/jamoliddin-Nuraliev-dar-borai-kori-valyutchiko-1032803229.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/11/1032106600_39:0:1372:1000_1920x0_80_0_0_f648ff070f87c9e8268459caff3175ba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, иқтисод, беқурбшавӣ, пули миллӣ, сомонӣ, таъсир
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, иқтисод, беқурбшавӣ, пули миллӣ, сомонӣ, таъсир
Бонки миллӣ гуфт дар як соли пандемия сомонӣ чӣ қадар беқурб шуд
12:40 11.02.2021 (Навсозишуда: 16:54 19.04.2021) Масъулини Бонки миллӣ эълон доштанд, ки беқурбшавии пули миллӣ дар натиҷаи вазъи номуътадили иқтисоди ҷаҳонӣ бинобар идома ёфтани таъсири пандемия, камшавии вуруди интиқолҳои пулӣ ва сармояи хориҷӣ сурат гирифтааст
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Бино бар иттилои Бонки миллии Тоҷикистон қурби расмии сомонӣ дар соли гузашта 16,6 фоиз коҳиш ёфт.
Масъулини Бонк зимни нишасти матбуоти таъкид доштанд, ки баъд аз тасҳеҳи (коррексияи) якдафъаина барои 1 доллар 11,30 сомонӣ муқаррар гардид, ки фарқияти байни қурби расмӣ ва қурби бозори ғайрибонкии доллар ба 0,8 фоиз баробар шуд.
Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки тағйирёбии қурби асъор дар соли ҳисоботӣ асосан дар натиҷаи вазъи номуътадили иқтисоди ҷаҳонӣ бинобар идома ёфтани таъсири пандемия, коҳиш ёфтани қурби асъори миллии кишварҳои шарикони асосии савдо, камшавии вуруди интиқолҳои пулӣ ва сармояи хориҷӣ ба ҷумҳурӣ, маҳдуд гардидани равобити марзӣ, болоравии нархи молу маҳсулотҳои воридотӣ, инчунин идома ёфтани касри тавозуни савдои кишвар ба амал омад.
Холиқзода Ҳоким, раиси Бонки миллии Тоҷикистон изҳор дошт, ки дар соли ҳисоботӣ ташкилотҳои қарзӣ дар самти беҳтар намудани миёнаравии молиявӣ, таъмини рушд ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои бонкӣ, коҳиш додани қарзҳои ғайрифаъол, ҷалби пасандозҳо ва сармояи хориҷӣ, зиёд намудани маблағгузорӣ ба иқтисодиёт, дастгирии соҳибкории хурду миёна то андозае корҳои муайянро ба анҷом расонидаанд.