https://sputnik.tj/20210215/Vazir-Rusiya-parvozho-shart-1032830830.html
Вазир: Русия барои роҳандозии парвозҳо ягон шарт нагузоштааст
Вазир: Русия барои роҳандозии парвозҳо ягон шарт нагузоштааст
Sputnik Тоҷикистон
Сироҷиддин Муҳриддин мегӯяд, Русия барои роҳандозии парвозҳои мунтазам бо Тоҷикистон ягон шарт нагузоштааст 15.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-15T18:09+0500
2021-02-15T18:09+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
нақлиёт
парвоз
парвозҳои миёни русия ва тоҷикистон: хабарҳои охирин
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102869/27/1028692700_89:0:1796:960_1920x0_80_0_0_f6be751d2f0e86b8308a0d976ffd421f.jpg
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти хабарии ниҳоди зертобеяш ба суоли хабарнигорон дар бораи шарти Маскав барои роҳандозии парвозҳои мунтазам посух гуфтВай қайд кард, ки пайвастани Тоҷикистон ба ин Иттиҳодия ҳоло ҳам дар ҳоли баррасист."Дар робита ба пайвастан ба ИИАО, мо то ҳол ин масъаларо меомӯзем ва мавқеи мо тағйир наёфтааст", - гуфт Муҳриддин.Дар бораи роҳандозии парвозҳо бо Русия субҳи имрӯз директори Агентии авиатсияи гражданӣ Субҳонзода Икром низ гуфт, Тоҷикистон хело пештар қарор дода буд, ки парвозҳоро бо Маскав барқарор кунад.Ӯ изҳор дошт, ки Тоҷикистон аз мощщои июн қарор дода буд, ки метавонад парвозҳои муқаррариро бо Русия аз сар гирад."Барқарор кардани парвозҳо барои мо бисёр муҳим аст. Ҳудуди 70 дарсади парвозҳое, ки дар умум аз фурудгоҳҳои Тоҷикистон анҷом дода мешавад, ба Русия рост меояд", - таъкид кард Субҳонзода ва афзуд, ки муроҷиатҳои зиёдеро аз ҷониби муҳоҷирон ва донишҷӯён дар ин росто қабул кардааст.Вай афзуд, ки Тоҷикистон бо Вазорати нақлиёт ва Оҷонсии федеролии нақлиёти ҳавоии Русия ҳамкории зич дорад ва ин мавзӯъро борҳо баррасӣ кардааст.Ба қавли директори агентӣ, Тоҷикистон ба талаботҳои ҷониби Русия дар бораи вазъи эпидемиологӣ пурра ҷавобгӯ аст."Акнун қарори барқарор кардани парвозҳо танҳо аз Русия вобаста аст", - таъкид кард ӯ.
https://sputnik.tj/20210210/Tasmimi-Hukumati-Rusiya-darkhost-Rasulzoda-parvoz-1032795151.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102869/27/1028692700_302:0:1582:960_1920x0_80_0_0_79ba8d76f8ab548d8d4b764d7d35f18f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, нақлиёт, парвоз, дар русия
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, нақлиёт, парвоз, дар русия
Вазир: Русия барои роҳандозии парвозҳо ягон шарт нагузоштааст
18:09 15.02.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Сироҷиддин Муҳриддин мегӯяд, Русия барои роҳандозии парвозҳои мунтазам бо Тоҷикистон ягон шарт нагузоштааст
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти хабарии ниҳоди зертобеяш ба суоли хабарнигорон дар бораи шарти Маскав барои роҳандозии парвозҳои мунтазам посух гуфт
"Барои барқарор кардани парвозҳо, Русия ба Тоҷикистон ягон шарт, аз ҷумла вуруд ба ИИАО-ро муқаррар накардааст",-гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.
Вай қайд кард, ки пайвастани Тоҷикистон ба ин Иттиҳодия ҳоло ҳам дар ҳоли баррасист.
"Дар робита ба пайвастан ба ИИАО, мо то ҳол ин масъаларо меомӯзем ва мавқеи мо тағйир наёфтааст", - гуфт Муҳриддин.
Дар бораи роҳандозии парвозҳо бо Русия субҳи имрӯз директори Агентии авиатсияи гражданӣ Субҳонзода Икром низ гуфт, Тоҷикистон хело пештар қарор дода буд, ки парвозҳоро бо Маскав барқарор кунад.
Ӯ изҳор дошт, ки Тоҷикистон аз мощщои июн қарор дода буд, ки метавонад парвозҳои муқаррариро бо Русия аз сар гирад.
"Барқарор кардани парвозҳо барои мо бисёр муҳим аст. Ҳудуди 70 дарсади парвозҳое, ки дар умум аз фурудгоҳҳои Тоҷикистон анҷом дода мешавад, ба Русия рост меояд", - таъкид кард Субҳонзода ва афзуд, ки муроҷиатҳои зиёдеро аз ҷониби муҳоҷирон ва донишҷӯён дар ин росто қабул кардааст.
Вай афзуд, ки Тоҷикистон бо Вазорати нақлиёт ва Оҷонсии федеролии нақлиёти ҳавоии Русия ҳамкории зич дорад ва ин мавзӯъро борҳо баррасӣ кардааст.
"Дирӯз низ дар Русия бевосита дар ин бора сӯҳбат карда будем, мо қарори ҳамкоронамонро интизорем", - мегӯяд Субҳонзода.
Ба қавли директори агентӣ, Тоҷикистон ба талаботҳои ҷониби Русия дар бораи вазъи эпидемиологӣ пурра ҷавобгӯ аст.
"Акнун қарори барқарор кардани парвозҳо танҳо аз Русия вобаста аст", - таъкид кард ӯ.