https://sputnik.tj/20210212/Davlatzoda-teatr-Mayakovski-1032812961.html
Давлатзода аз харҷи маблағ ва анҷоми сохтмони театри Маяковский гуфт
Давлатзода аз харҷи маблағ ва анҷоми сохтмони театри Маяковский гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Вазири фарҳанги Тоҷикистон далели ба дарозо кашида шудани сохтмони театри Маяковскийро ба хуруҷи маризии коронавирус дар кишвар рабт дод 12.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-12T11:07+0500
2021-02-12T11:07+0500
2021-02-12T12:56+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
фарҳанг
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/18/1031632710_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_8cedded460780cb9f11b734877356cd1.jpg
ДУШАНБЕ, 12 фев— Sputnik. Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон имрӯз, зимни нишасти матбуотӣ далели ба дарозо кашида шудани сохтмони театри Маяковскийро шарҳ дод.Ба изҳори ӯ, авҷи маризии коронавирус, сохтмони ин театрро ба таъхир гузошт. Илова бар ин, суст шудани раванди маблағгузории театри мазкур низ аз омилҳои таъхиркорӣ дар сохтмони ин иншоот арзёбӣ мешавад.Бино бар иттилои Давлатзода, соли ҷорӣ барои сохтмони театр Маяковский 1 миллион сомонӣ ихтисос дода шудааст."Агар корҳои сохтмонӣ то ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон анҷом наёбад, то авохири соли ҷорӣ, театри мазкур ҳатман мвавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад", - тавзеҳ дод Давлатзода.Чӣ гуна ҳунармандони Душанбе тамошобинони Маскавро тасхир кардандЁдовар мешавем, ки бинои Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский бинобар мувофиқ набудан ба талаботи театри замонавӣ, ҳанӯз соли 2016 тахриб шуд.Фаъолияти минбаъдаи аҳли эҷоди театри мазкур дар "Кохи Тоҷикистон" идома ёфт.Тибқи маълумоти расмӣ, театри давлатии драмавии русии ба номи Маяковский 7 ноябри соли 1937 таъсис ёфта, яке аз калонтарин театрҳои русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
https://sputnik.tj/20201126/Namoishnomai-teatri-Tojikistonro-besh-az-200-hazor-nafar-tamosho-kardand-1032352991.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/18/1031632710_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_00be33aa5fab73fe5c1b00c3039fe9a3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, фарҳанг
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, фарҳанг
Давлатзода аз харҷи маблағ ва анҷоми сохтмони театри Маяковский гуфт
11:07 12.02.2021 (Навсозишуда: 12:56 12.02.2021) Вазири фарҳанги Тоҷикистон далели ба дарозо кашида шудани сохтмони театри Маяковскийро ба хуруҷи маризии коронавирус дар кишвар рабт дод
ДУШАНБЕ, 12 фев— Sputnik. Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон имрӯз, зимни нишасти матбуотӣ далели ба дарозо кашида шудани сохтмони театри Маяковскийро шарҳ дод.
Ба изҳори ӯ, авҷи маризии коронавирус, сохтмони ин театрро ба таъхир гузошт. Илова бар ин, суст шудани раванди маблағгузории театри мазкур низ аз омилҳои таъхиркорӣ дар сохтмони ин иншоот арзёбӣ мешавад.
Бино бар иттилои Давлатзода, соли ҷорӣ барои сохтмони театр Маяковский 1 миллион сомонӣ ихтисос дода шудааст.
"Агар корҳои сохтмонӣ то ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон анҷом наёбад, то авохири соли ҷорӣ, театри мазкур ҳатман мвавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад", - тавзеҳ дод Давлатзода.
Ёдовар мешавем, ки бинои Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский бинобар мувофиқ набудан ба талаботи театри замонавӣ, ҳанӯз соли 2016 тахриб шуд.
Фаъолияти минбаъдаи аҳли эҷоди театри мазкур дар "Кохи Тоҷикистон" идома ёфт.
Тибқи маълумоти расмӣ, театри давлатии драмавии русии ба номи Маяковский 7 ноябри соли 1937 таъсис ёфта, яке аз калонтарин театрҳои русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.