https://sputnik.tj/20210214/dovtalab-dushanbe-imtihon-dokhilshavi-1032823392.html
"Худро бисанҷ": барои осон кардани имтиҳони дохилшавии довталабони тоҷик дар Душанбе
"Худро бисанҷ": барои осон кардани имтиҳони дохилшавии довталабони тоҷик дар Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Ҳамчунин шакли дигари хизматрасонии "Худро бисанҷ", ки барои ин толор таҳия гардидааст, бо мақсади истифода бурдани он дар доираи шабакаи компютерии маҳаллӣ... 14.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-14T14:24+0500
2021-02-14T14:24+0500
2021-04-19T16:54+0500
дар тоҷикистон
маориф
ҳамаи хабарҳо
имтиҳон
дохилшавӣ
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/05/1032219694_0:0:1024:577_1920x0_80_0_0_a6c8b2221e205e9380bf56a369d17b8a.jpg
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Хизматрасонии "Худро бисанҷ" ба хонандагони шаҳри Душанбе дастрас гардид, гузориш медиҳад Маркази миллии тестии Тоҷикистон.Бино бар иттилои манбаъ, нуқтаи истифода аз хизматрасонии "Худро бисанҷ" дар Маркази технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе таъсис дода шуд.Гуфта мешавад, хизматрасонии "Худро бисанҷ" дар заминаи сомонаи Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон ба таври мустақим дастрас аст."Хоҳишмандон метавонанд аз он озода истифода бурда, бо супоридани тест аз фанҳои гуногун тибқи низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ сатҳи дониши худро санҷида, ҳамзамон ба имтиҳонҳои воқеӣ омода гарданд", - омадаст дар иттилои манбаъ.Барои истифода аз ин хизматрасонӣ мавҷудияти алоқаи интернетӣ зарур аст.Ҳамчунин шакли дигари хизматрасонии "Худро бисанҷ", ки барои ин толор таҳия гардидааст, бо мақсади истифода бурдани он дар доираи шабакаи компютерии маҳаллӣ (локалӣ) равона гардидааст.Яъне, дар ин ҳолат мавҷудияти алоқаи интернетӣ шарт нест. Хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт метавонанд дастаҷамъона ва ё ба таври инфиродӣ ба толори мазкур омада, бо номнавис шуданашон дар низом аз хизматрасонии "Худро бисанҷ" баҳра бардоранд.Танҳо як имтиҳон: Маркази миллии тестӣ шартҳоро дигар кардҲадафи асосии таъсиси ин гуна толор- таъмин кардани шароит ва имконияти мувофиқ барои хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт ҷиҳати боз ҳам хубтар омода шудан ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба ҳисоб меравад.
https://sputnik.tj/20201208/Markazi-test-khatmkunandagoni-Badakhshonu-Sud-va-Rashtro-az-imtioni-ozmoish-meguzaronad-1032417113.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/05/1032219694_56:0:888:624_1920x0_80_0_0_19bdaf70a6a2a3b4be39461bdeed95a4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, маориф, ҳамаи хабарҳо, имтиҳон, дохилшавӣ, душанбе
дар тоҷикистон, маориф, ҳамаи хабарҳо, имтиҳон, дохилшавӣ, душанбе
"Худро бисанҷ": барои осон кардани имтиҳони дохилшавии довталабони тоҷик дар Душанбе
14:24 14.02.2021 (Навсозишуда: 16:54 19.04.2021) Ҳамчунин шакли дигари хизматрасонии "Худро бисанҷ", ки барои ин толор таҳия гардидааст, бо мақсади истифода бурдани он дар доираи шабакаи компютерии маҳаллӣ (локалӣ) равона гардидааст
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Хизматрасонии "Худро бисанҷ" ба хонандагони шаҳри Душанбе дастрас гардид, гузориш медиҳад Маркази миллии тестии Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, нуқтаи истифода аз хизматрасонии "Худро бисанҷ" дар Маркази технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе таъсис дода шуд.
Гуфта мешавад, хизматрасонии "Худро бисанҷ" дар заминаи сомонаи Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон ба таври мустақим дастрас аст.
"Хоҳишмандон метавонанд аз он озода истифода бурда, бо супоридани тест аз фанҳои гуногун тибқи низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ сатҳи дониши худро санҷида, ҳамзамон ба имтиҳонҳои воқеӣ омода гарданд", - омадаст дар иттилои манбаъ.
Барои истифода аз ин хизматрасонӣ мавҷудияти алоқаи интернетӣ зарур аст.
Ҳамчунин шакли дигари хизматрасонии "Худро бисанҷ", ки барои ин толор таҳия гардидааст, бо мақсади истифода бурдани он дар доираи шабакаи компютерии маҳаллӣ (локалӣ) равона гардидааст.
Яъне, дар ин ҳолат мавҷудияти алоқаи интернетӣ шарт нест. Хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт метавонанд дастаҷамъона ва ё ба таври инфиродӣ ба толори мазкур омада, бо номнавис шуданашон дар низом аз хизматрасонии "Худро бисанҷ" баҳра бардоранд.
Ҳадафи асосии таъсиси ин гуна толор- таъмин кардани шароит ва имконияти мувофиқ барои хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт ҷиҳати боз ҳам хубтар омода шудан ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба ҳисоб меравад.