ДУШАНБЕ, 8 дек - Sputnik. Маркази миллии тестӣ қасд дорад аз 8 то 10 декабр дар 21 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ, хатмкунандагонро аз имтиҳони озмоишӣ гузаронад, хабар медиҳад агентии "Ховар".
Ба иттилои манбаъ, имтиҳони озмоишӣ дар 3 шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияи Рашт ва 17 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд баргузор мегардад.
Гуфта мешавад, Маркази миллӣ дониши дасти кам 5255 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумиро месанҷад.
Дар мувофиқа бо муассисаҳои таълимӣ хатмкунандагон бо чунин тарз ба гурӯҳи ихтисосҳо тақсимот шудаанд:
- гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) – 802 нафар хатмкунанда;
- гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география) – 882 нафар хатмкунанда;
- гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат) – 1053 нафар хатмкунанда;
- гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) – 726 нафар хатмкунанда;
- гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш) – 1792 нафар хатмкунанда.
Коркарди варақаҳои ҷавобҳо дар Маркази миллии тестӣ ба таври автоматӣ гузаронида шуда, натиҷаи он ба раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо вобаста ба ҳар иштирокчӣ равона карда мешавад.
Манбаъ меафзояд, мақсад аз гузаронидани озмоиши мазкур, шиносоии хатмкунандагон бо тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ, дарки масъулият дар вақти супоридани имтиҳонҳои воқеӣ ва шинос шудан бо таркиби саволу масъалаҳои тест вобаста ба фанҳои имтиҳонҳо мебошад.