Таъсиси минтақаи саноатӣ дар шафати “Талко”

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевТаджикский алюминиевый завод Талко
Таджикский алюминиевый завод Талко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2021
Обуна шудан
Парвиз Акрамзода, раиси шаҳри Турсунзода хабар додааст, ки дар ин шаҳр дар масоҳати 21 гектар минтақаи саноатӣ бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Акрамзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ додааст, ки минтақаи саноатӣ дар доираи татбиқи саноатикунонии мамлакат бунёд мегардад.
Выставка народных промыслов на празднике Сада в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2021
Ҷамшед Ҷумъахонзода: пандемия ба муаррифии маҳсулоти Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ расонд
Ӯ зикр намудааст, ки яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати  Тоҷикистон –саноатикунонии мамлакат мебошад. Дар ин робита бо мусоидати Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ дар шафати  Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Ширкати алюминии тоҷик” минтақаи саноатӣ сохта шуда, дар он беш аз даҳ корхонаи саноатӣ фаъолият хоҳанд дошт.
Ба иттилои хабаргузории “Ховар”, бунёди минтақаи саноатӣ дар шаҳри Турсунзода дар ҳолест, ки Акрамзода аз афзоиши ҳаҷми  истеҳсоли  маҳсулоти саноатӣ дар шаҳр хабар додааст. Ӯ иттилоъ додааст, ки соли 2020 дар шаҳри Турсунзода беш аз 870 миллион сомонӣ  маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2019 қариб 64 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Азми таъсиси минтақаи ҷадиди саноатӣ дар шаҳри Турсунзода дар ҳолест, ки қаблан чунин як минтақа дар шаҳри Душанбе таъсис ёфта буд.
Минтақаи саноатии пойтахти Тоҷикистон дар масоҳати 9 гектар дар бурриши кӯчаҳои Айнӣ ва Зебуниссои пойтахт таъсис дода дода шуда, то ҳол дар он корхонаҳои гуногуни истеҳсолӣ фаъол шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0