Ҷамшед Ҷумъахонзода: пандемия ба муаррифии маҳсулоти Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ расонд

© © Sputnik / Амир ИсаевВыставка народных промыслов на празднике Сада в Душанбе
Выставка народных промыслов на празднике Сада в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2021
Обуна шудан
Бо сабаби паҳншавии COVID-19 муаррифии молу маҳсулоти Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои хориҷи кишвар ва таъмини иштироки соҳибкорони ватанӣ дар онҳо лағв гардид
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik.   Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон соли гузашта тасмим дошт, ки “Намоишгоҳҳои байналмилалии универсалии Тоҷикистон-2020”-ро дар фаслҳои баҳору тирамоҳ баргузор намояд, аммо бо сабаби мушкилоти пандемияи ҷаҳонӣ ва пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон намоишгоҳҳои мазкур баргузор нагардиданд.
Экономическая выставка-ярмарка СУГД-2019 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2020
Савдо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳанӯз ба нишондоди соли 2000-ум нарасидааст
Тавре раиси ин ниҳод Ҷамшед Ҷумъахонзода зимни нишасти матбуотие гуфт: “бинобар паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва эълон гардидани пандемия на танҳо баргузории намоишгоҳҳои болозикр, балки якчанд нақшаҳои Палатаи савдо ва саноат вобаста ба муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ дар намоишгоҳҳои хориҷи кишвар ва таъмини иштироки соҳибкорони ватанӣ дар онҳо лағв гардид”.
Бо назардошти вазъи эпидемиологӣ дар саросари дунё, Палата бо мақсади муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ дар хориҷи кишвар, рушди содирот, дарёфти шарикони ҳамкор, ҷалби сармоя, таъсиси корхонаҳои муштарак бори аввал намоишгоҳи фосилавии “Made in Tajikistan”-ро бо забонҳои англисӣ ва русӣ аз 26 ноябр то 17 декабри соли 2020 баргузор намуд.
Дар намоишгоҳ 150 ширкати Тоҷикистон молу маҳсулоти худро муаррифӣ намуданд.
Маълумот оид ба намоишгоҳи мазкур ба таври васеъ тавассути корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ ва шарикони Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар минтақа ва давлатҳои хориҷи дур  паҳн гардида, тибқи маълумоти оморӣ, беш аз 7 ҳазор нафар аз намоишгоҳ  боздид намуданд.
Лентаи хабарҳо
0