https://sputnik.tj/20210213/Taqdimi-moshin-mujahaz-tibb-bemorkhona-Dushanbe-1032818859.html
Тақдими 10 мошини муҷаҳҳази ёрии тиббӣ ба беморхонаҳои Душанбе
Тақдими 10 мошини муҷаҳҳази ёрии тиббӣ ба беморхонаҳои Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Хайрхоҳон ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе 10 адад мошини ёрии таъҷилиро туҳфа кардаанд, ки бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ муҷаҳҳаз мебошанд 13.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-13T12:55+0500
2021-02-13T12:55+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
тандурустӣ
мошин
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0d/1032818822_0:52:1024:632_1920x0_80_0_0_8ba05425c659d19a704b29003b75cd2e.jpg
ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Фонди хайриявии “Ситораи Файзбахш” ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе 10 нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ туҳфа кард, хабар дод шаҳрдории Душанбе.Манбаъ таъкид кард, ки ин мошинҳо бо таҷҳизоти соҳавии хизматрасонии аввалияи тиббӣ муҷаҳҳаз буда, аз ҷониби раёсати тандурустӣ мувофиқи эҳтиёҷот ба муассисаҳои тиббии пойтахт супорида мешаванд.Ниёзмандиҳо ба мошинҳои ёрии аввалия дар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон махсусан дар замони хуруҷи пандемияи коронавирус зиёд шуд. Феълан мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, вазъ муътадил буда, дар кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ҷой надорад.Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии кившар ахиран таъкид кард, ки дар Тоҷикистон феълан ягон маризи коронавирус боқӣ намондааст ва агар ба ин ҳақиқат касе шак дошта бошад, ин назари танҳо ҳамон ҷониб аст ва бигзор дар ақидаи худ устувор монад. "Омори дармонгоҳҳо ва натиҷаи ташхиси маризон, ҳамчунин гаштҳои хонагии ҳамарӯза собит месозад, ки Тоҷикистон аз коронавирус орӣ аст", - мегӯяд вазири тоҷик.Ӯ таъкид намуд, ки бигзор аз дилхоҳ кишваре, ки ба омори Тоҷикистон шак доранд, ҳайати корӣ таъсис ёбад, ва озими ҷумҳурӣ шаванд ва бо чашмони худ бубинанд, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ ягон ҳолати гирифторшавӣ ба ин вирус боқӣ намондааст.Вазорати тандурустӣ рӯзи 30 апрели соли гузашат, расман мавҷуд будани вируси СOVID - 19 - ро тасдиқ кард. Аз авохири моҳи апрел то моҳи январ расман дар мамлакат, 13 308 маризи коронавирус сабт гардиданд, ки аз ин миён 90 бемор фавтида, 13 218 нафар комилан шифо ёфтанд.
https://sputnik.tj/20210213/Sputnik-V-metavonad-kmak-kunad-Avrupo-ba-norasoii-shadidi-vaksin-rbar-shud---navor-1032818789.html
https://sputnik.tj/20210212/bdullozoda-koronavirus-piruzi-tojikiston-1032815299.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0d/1032818822_0:20:1024:664_1920x0_80_0_0_65f0973405e6ccdfb81fe70cd8269760.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, тандурустӣ, мошин, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, тандурустӣ, мошин, дар тоҷикистон
Тақдими 10 мошини муҷаҳҳази ёрии тиббӣ ба беморхонаҳои Душанбе
12:55 13.02.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Хайрхоҳон ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе 10 адад мошини ёрии таъҷилиро туҳфа кардаанд, ки бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ муҷаҳҳаз мебошанд
ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Фонди хайриявии “Ситораи Файзбахш” ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе 10 нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ туҳфа кард, хабар дод шаҳрдории Душанбе.
Манбаъ таъкид кард, ки ин мошинҳо бо таҷҳизоти соҳавии хизматрасонии аввалияи тиббӣ муҷаҳҳаз буда, аз ҷониби раёсати тандурустӣ мувофиқи эҳтиёҷот ба муассисаҳои тиббии пойтахт супорида мешаванд.
Ниёзмандиҳо ба мошинҳои ёрии аввалия дар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон махсусан дар замони хуруҷи пандемияи коронавирус зиёд шуд. Феълан мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, вазъ муътадил буда, дар кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ҷой надорад.
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии кившар ахиран таъкид кард, ки дар Тоҷикистон феълан ягон маризи коронавирус боқӣ намондааст ва агар ба ин ҳақиқат касе шак дошта бошад, ин назари танҳо ҳамон ҷониб аст ва бигзор дар ақидаи худ устувор монад.
"Омори дармонгоҳҳо ва натиҷаи ташхиси маризон, ҳамчунин гаштҳои хонагии ҳамарӯза собит месозад, ки Тоҷикистон аз коронавирус орӣ аст", - мегӯяд вазири тоҷик.
Ӯ таъкид намуд, ки бигзор аз дилхоҳ кишваре, ки ба омори Тоҷикистон шак доранд, ҳайати корӣ таъсис ёбад, ва озими ҷумҳурӣ шаванд ва бо чашмони худ бубинанд, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ ягон ҳолати гирифторшавӣ ба ин вирус боқӣ намондааст.
Вазорати тандурустӣ рӯзи 30 апрели соли гузашат, расман мавҷуд будани вируси СOVID - 19 - ро тасдиқ кард. Аз авохири моҳи апрел то моҳи январ расман дар мамлакат, 13 308 маризи коронавирус сабт гардиданд, ки аз ин миён 90 бемор фавтида, 13 218 нафар комилан шифо ёфтанд.