Ноиби раиси Суд гуфт, киҳо духтарони камбизоати тоҷикро дар хориҷ танфурӯш месозанд

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкОтель, архивное фото
Отель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомдорони Додгоҳи Душанбе мегӯянд, асосан ҷавондухтарон қурбонии савдои одамон мешаванд ва бештари савдогарони занон дар Тоҷикистон низ намояндагони ҷинси латиф мебошанд

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Асомуддин Бобохонзода, муовини раиси Додгоҳи шаҳри Душанбе ва Ҷовидон Назарзода, корманди дастгоҳи додгоҳи Душанбе дар пайи таҳлили парвандаҳои марбут ба харидуфурӯши одамон изҳор доштанд, ки асосан ҷавондухтарони камбизоат қурбонии савдои одамон мешаванд.  

Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Парвандаи ҷиноӣ алайҳи блогерҳо - Барон ва Рустам барои видеои “фоҳишаҳо дар трасса”

“Ҷинояткорон аслан ҷавондухтаронеро, ки ба мушкилоти зиндагӣ рӯбарӯ гардида, ё таҷрибаи зиндагии камтар доранд ҳадафи асосии худ қарор медиҳанд. Аз таҷрибаи судӣ бармеояд, ки мутаассифона асосан ба ин кирдори ҷинояткорона занон даст мезананд”, - омадааст дар матлаб.

Мақомдорони додгоҳи Душанбе аз маҳкумшудаҳо - Абдуллоева Ш.Ҳ. ва Раҳимова М.Р, зикр кардаанд, ки  барои ҷалби занони тоҷикистонӣ ба танфурӯшӣ дар хориҷ, ба се ҷавондухтар, бо истифода аз вазъи ногувори зиндагиашон ҷои кор ва музди хуб дар Дубай пешниҳод кардаанд.

“Абдуллоева Ш.Ҳ., дар асоси маслиҳати пешакӣ бо Раҳимова М.Р., ин ҷавондухтаронро ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб бурда, бархилофи озодии шахсӣ ва иродаашон онҳоро харидуфурӯш намуда, ба муддати аз ду то се моҳ ҳамчун объекти қонеъгардонии талаботи шаҳвонии шаҳрвандони хориҷӣ истифода бурда, маблағҳои пулӣ ба даст овардаанд”, - иттилоъ додааст Додгоҳи Душанбе.

Манбаъ афзуд, ки айнан чунин ҳолатҳо зимни баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати Гадоева М.С., Салимзода Миҷгона низ муайян карда шуданд.

Ин таъкид дар ҳолест, ки ахиран мақомоти Тоҷикистон бо иловаи тағйирот ба қонунгузории кишвар ҷазо барои даллагӣ ва ҷалб ба танфурӯширо сангинтар карда буданд.

Лентаи хабарҳо
0