https://sputnik.tj/20210213/Omor-bahsbarangezi-VMKB-52-nafar-favtidaand-1032822245.html
Омори баҳсбарангези гирифторию марг аз коронавиус дар ВМКБ: 52 нафар аз чӣ фавтидаанд?
Омори баҳсбарангези гирифторию марг аз коронавиус дар ВМКБ: 52 нафар аз чӣ фавтидаанд?
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз нишасти матбуотии раёсати тандурустӣ дар вилоят гузориш дода, теъдоди гирифторшудагон ба коронавирус дар ВМКБ-ро... 13.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-13T19:18+0500
2021-02-13T19:18+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
тандурустӣ
вмкб
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103069/65/1030696553_0:10:3012:1714_1920x0_80_0_0_292db2f650be604df71b6e2b9cdd6a6e.jpg
ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Дар қаламрави вилоят ба ҳолати 8 январи соли ҷорӣ 3142 нафар ба COVID-19 мубтало гардидаанд, омадааст дар гузориши мақомоти иҷроияи ВМКБ.Бар асоси ин гузориш аз теъдоди гирифторшудагон, 3090 нафарашон табобат ёфта дар ҳолати қаноатбахш аз беморхонаҳо ҷавоб шуданд. Дар зимн теъдоди фавтидагон аз коронавирус 8 нафар арзёбӣ шудааст.Коронавирус дар манотиқи Тоҷикистон - омори навДар ҳамин суоле пайдо мешавад, ки агар теъдоди гирифторшудаҳо 3 ҳазору 142 нафар бошаду 3 ҳазору 90 нафар шифо ёфтаанду 8 нафар фавтиданд, тақдири 44 нафари дигар чӣ шудааст.Ин номутобиқатие, ки мақомоти ВМКБ такрор кардаанд, қаблан низ баҳсҳое дар шабакаҳои иҷтимоиро ба вуҷуд оварда буд.Мақомоти ВМКБ дар шарҳи баҳсҳо изҳор доштанд, ки дар соли 2020 дар ҳудуди вилоят 1198 ҳолати тасдиқшудаи сирояти коронавирус ва 1944 нафари дигар бо гумони мубталоӣ ба бемориҳои шадиди роҳҳои нафас ва дартамосбуда ба қайди диспансерӣ гирифта шуданд.Манбаъ таъкид кард, ки аз ҳисоби шумораи умумии ҳодисаҳои тасдиқшуда 1190 нафар сиҳат ёфта ба хона баргаштанд.Дар мавриди 52 нафар фавтидагон мақомоти ВМКБ тавзеҳ додаанд, ки онҳо бо касалиҳои гуногуни роҳҳои нафас фавтидаанд, ки танҳо 8 нафар аз онҳо бо бемории тасдиқшудаи короновирус доштаанд.
https://sputnik.tj/20210212/abdullozoda-koronavirus-badakhshon-1032815680.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103069/65/1030696553_0:0:3012:1895_1920x0_80_0_0_49735e950d629ad840e0bd7c085691b8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, тандурустӣ, вмкб, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, тандурустӣ, вмкб, дар тоҷикистон
Омори баҳсбарангези гирифторию марг аз коронавиус дар ВМКБ: 52 нафар аз чӣ фавтидаанд?
19:18 13.02.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Ҳукумати Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз нишасти матбуотии раёсати тандурустӣ дар вилоят гузориш дода, теъдоди гирифторшудагон ба коронавирус дар ВМКБ-ро 3 ҳазору 142 нафар арзёбӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Дар қаламрави вилоят ба ҳолати 8 январи соли ҷорӣ 3142 нафар ба COVID-19 мубтало гардидаанд, омадааст дар гузориши мақомоти иҷроияи ВМКБ.
Бар асоси ин гузориш аз теъдоди гирифторшудагон, 3090 нафарашон табобат ёфта дар ҳолати қаноатбахш аз беморхонаҳо ҷавоб шуданд. Дар зимн теъдоди фавтидагон аз коронавирус 8 нафар арзёбӣ шудааст.
Дар ҳамин суоле пайдо мешавад, ки агар теъдоди гирифторшудаҳо 3 ҳазору 142 нафар бошаду 3 ҳазору 90 нафар шифо ёфтаанду 8 нафар фавтиданд, тақдири 44 нафари дигар чӣ шудааст.
Ин номутобиқатие, ки мақомоти ВМКБ такрор кардаанд, қаблан низ баҳсҳое дар шабакаҳои иҷтимоиро ба вуҷуд оварда буд.
Мақомоти ВМКБ дар шарҳи баҳсҳо изҳор доштанд, ки дар соли 2020 дар ҳудуди вилоят 1198 ҳолати тасдиқшудаи сирояти коронавирус ва 1944 нафари дигар бо гумони мубталоӣ ба бемориҳои шадиди роҳҳои нафас ва дартамосбуда ба қайди диспансерӣ гирифта шуданд.
Манбаъ таъкид кард, ки аз ҳисоби шумораи умумии ҳодисаҳои тасдиқшуда 1190 нафар сиҳат ёфта ба хона баргаштанд.
Дар мавриди 52 нафар фавтидагон мақомоти ВМКБ тавзеҳ додаанд, ки онҳо бо касалиҳои гуногуни роҳҳои нафас фавтидаанд, ки танҳо 8 нафар аз онҳо бо бемории тасдиқшудаи короновирус доштаанд.