Дар Бадахшон бемори коронавирус дар як ҳафта чанд нафарро сироят мекард: шарҳи вазир

© МВД РТАкция борьба с коронавирусом в ГБАО
Акция борьба с коронавирусом в ГБАО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2021
Обуна шудан
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон бо вуҷуди номбар кардани дастоврдҳои кишвар дар роҳи пирӯзӣ бар коронавирус, мушкилиҳоро низ гуфт
ДУШАНБЕ, 12 фев – Sputnik. Ба қавли Ҷамолиддин Абдуллозода пеш аз ҳама надоштани ташхисгоҳҳо дар минтақаҳо ва ё шумораи ками онҳо дар ҷумҳурӣ дар давраи пандемӣ мушкилии калидӣ дар роҳи мубориза бо коронавирус буд.
Ба гуфтаи ӯ, вақте коронавирус шуюъ кард, Тоҷикистон ҳамагӣ ду лаборатория дошт.
"Дар даврае, ки мо бемориро ба қайд гирифтем, дар Тоҷикистон ҳамагӣ ду лаборатория фаъолият мекард. Имконияти ҳамаро аз ташхис гузаронидан, надоштем", - изҳор дошт вай. 
Дар ҳамин ҳол, ба қавли вазир дар ВМКБ умуман лаборатория набуд.
"Онҳо таҳлилҳоро ба Душанбе равон мекарданд. Дар натиҷа, то муайян шудани ташхис як ҳафта мегузашт. Дар як ҳафтаро ҳамон одаме, ки касал буд чанд нафарро сироят мекард", - таъкид кард Абдуллозода.
Дору, дастгоҳи нафасдиҳӣ: маълум шуд, ба маблағҳои суратҳисоби махсус Ҳукумат чӣ мехарад
Ба қавли вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, имрӯз дар кишвар 18 дастгоҳи "ПЦР" ва 32 лаборатория фаъолият мебаранд.
Лентаи хабарҳо
0