https://sputnik.tj/20210212/shikor-studiyaoi-youtube-tajikistan-1032812375.html
"Акаи братан": мақомот ба "шикор" – и студияҳои ютубӣ сар карданд
"Акаи братан": мақомот ба "шикор" – и студияҳои ютубӣ сар карданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар пайи ташхиси мақомоти Тоҷикистон 4 студияи ютубӣ ошкор ва фаъолияташон қатъ шуда, таҳқиқи кори 30 студияи дигар идома дорад 12.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-12T09:00+0500
2021-02-12T09:00+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
шикор
youtube
мақомот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1e/1032184483_0:52:1000:615_1920x0_80_0_0_fab05d14dd1c2e9d4255e077cd87642d.jpg
ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Маҳмадсаид Шоҳиён, директори "Тоҷикфилм" зимни нишасти матбуотии ниҳодаш дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳафтаи равон таҳқиқи фаъолиятҳои ҳудуди 30 студияе, ки маводи видеоиро таҳия ё дубляж намуда, дар шабакаи "YouTube" пахш мекунанд, шуруъ шудааст.Директори "Тоҷикфилм" аз мақомоти мушаххас ном набурд, аммо шуморе аз студия ва каналҳои фаъол дар шабакаи "YouTube" – ро ном бурд.Инҳо аз қабили "Акаи братан", "Дустмурод Шарипов Донжуан", "Комрон Шоу", "Тупаланг филм", "Тв Тҷ", "Саъдӣ Арабшо", "СФ продюшн", "Қурбон Неъматов", "Ибрагимов", "Қаҳрамон Ютуб", "Олами синамо", "Раҳим Шоу про", "Чӣ ба кӣ", "Акбар Шоу", "Акбар про", "Ҳамнафас" ва "Новий оффис".Ҳамчунин Маҳмадсаид Шоҳиён 4 студияеро, ки аллакай фаъолияташон аз сӯи "Тоҷикфилм" ё мақомоти дигар қатъ карда шудааст, номбар накард.Тасмими “Тоҷикфилм” барои сабти филм дар бораи COVID-19Сафар Ҳақдодов, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон, гуфт, ҷилавгирӣ аз фаъолияти ин студияҳо аз имкон берун аст, чун "YouTube" моли Тоҷикистон нест, аммо он чӣ онҳо пахш мекунанд, воқеан нигаронкунанда аст.Ӯ афзуд, "Тоҷикфилм" ду сол шуд, ки таъсис ёфт ва ҳатман механизмҳое пайдо мешаванд, ки чунин студияҳоро ба ҳамкорӣ ҷалб мекунанд ва афроди тасодуфиро канор мезананд. Ҳеҷ давлате иҷоза намедиҳад, ки студияҳо ба ин корҳо машғул шаванд, роҳҳои маъмурӣ ҳам ҳастанд, аз қабили мусодираи дискҳо, зикр кард Сафар Ҳақдодов.Бино ба додаҳои "YouTube", студия ё каналҳои ютубии тоҷикиро, ки мавриди занну гумон ва ташхиси мақомот қарор гирифтаанд, аз 10 то 300 ҳазор нафар пайгирӣ мекунанд.Ба гунаи мисол, каналҳои "Дустмурод Шарипов-Донжуан" 226, "Акбар Шоу" 109 ва "Комрон Шоу" 36,3 ҳазор пайрав ё обуначӣ доранд.Тибқи иттилои "Тоҷикфилм", соли 2020 ин ниҳод 29 ҳазор дискро, ки умдатан дубляжи филмҳои туркиянд ва ҳам мӯҳтавои заифу хилофи қонун дошта, ғайриқонунӣ паҳн шудаанд, тариқи шикастан нобуд кардааст.Бино ба ин манбаъ, ин дискҳо ба ҳамон 30 студияи истеҳсолӣ тааллуқ доранд, ки на фақат бо студияҳои туркӣ созишномаи хариду фурӯши маводи аудиовизуалиро надоранд, балки фоқиди суроғаи ҳуқуқӣ ҳастанд ва худсарона ба истеҳсолу тариқи қочоқ пахш кардани маводи аудиовизуалӣ машғул мебошанд.
https://sputnik.tj/20210210/Nuriddin-Said-mukholifi-filmhoi-turkist-farhang-pahn--1032793709.html
https://sputnik.tj/20181213/Sharhi-Tojikfilm-dar-borai-mani-namoishi-filmi-jadid-az-hayoti-Freddi-Merkyuri-1027705055.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1e/1032184483_56:0:945:667_1920x0_80_0_0_650bf039817bcc270ad34d22372f8b88.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, шикор, youtube, мақомот
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, шикор, youtube, мақомот
"Акаи братан": мақомот ба "шикор" – и студияҳои ютубӣ сар карданд
09:00 12.02.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Дар пайи ташхиси мақомоти Тоҷикистон 4 студияи ютубӣ ошкор ва фаъолияташон қатъ шуда, таҳқиқи кори 30 студияи дигар идома дорад
ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Маҳмадсаид Шоҳиён, директори "Тоҷикфилм" зимни нишасти матбуотии ниҳодаш дар посух ба суоли
Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳафтаи равон таҳқиқи фаъолиятҳои ҳудуди 30 студияе, ки маводи видеоиро таҳия ё дубляж намуда, дар шабакаи "YouTube" пахш мекунанд, шуруъ шудааст.
"12 савол пеш гузошта мешавад. Аз роҳбарияту гардонандаҳо сар карда то ин ки чаро чунин матолибро таҳия ва дар Ютуб паҳн мекунанд, таҳқиқу ташхис мешавад. Пас аз анҷоми ташхис хулосаро ба мақомоти зидахл пешниҳод мекунем", - гуфт Маҳмадсаид Шоҳиён.
Директори "Тоҷикфилм" аз мақомоти мушаххас ном набурд, аммо шуморе аз студия ва каналҳои фаъол дар шабакаи "YouTube" – ро ном бурд.
Инҳо аз қабили "Акаи братан", "Дустмурод Шарипов Донжуан", "Комрон Шоу", "Тупаланг филм", "Тв Тҷ", "Саъдӣ Арабшо", "СФ продюшн", "Қурбон Неъматов", "Ибрагимов", "Қаҳрамон Ютуб", "Олами синамо", "Раҳим Шоу про", "Чӣ ба кӣ", "Акбар Шоу", "Акбар про", "Ҳамнафас" ва "Новий оффис".
Ҳамчунин Маҳмадсаид Шоҳиён 4 студияеро, ки аллакай фаъолияташон аз сӯи "Тоҷикфилм" ё мақомоти дигар қатъ карда шудааст, номбар накард.
Сафар Ҳақдодов, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон, гуфт, ҷилавгирӣ аз фаъолияти ин студияҳо аз имкон берун аст, чун "YouTube" моли Тоҷикистон нест, аммо он чӣ онҳо пахш мекунанд, воқеан нигаронкунанда аст.
"Ман имрӯз дар Фейсбук хондам, ки ҳамзабонони мо дар Эрону Афғонистон таҳлилҳое анҷом дода, ба контенти тоҷикӣ, он чиҳое, ки мегузоранд, хеле баҳои бад додаанд. Як санге ҳам ба фарҳанги мо ва ҳунари синамои мо андохта шудааст. Сохторҳои "Тоҷикфилм" шакл мегиранд ва ҳатман сари ин чизҳо ҷиддӣ машғул хоҳанд шуд", - гуфт Сафар Ҳақдодов.
Ӯ афзуд, "Тоҷикфилм" ду сол шуд, ки таъсис ёфт ва ҳатман механизмҳое пайдо мешаванд, ки чунин студияҳоро ба ҳамкорӣ ҷалб мекунанд ва афроди тасодуфиро канор мезананд. Ҳеҷ давлате иҷоза намедиҳад, ки студияҳо ба ин корҳо машғул шаванд, роҳҳои маъмурӣ ҳам ҳастанд, аз қабили мусодираи дискҳо, зикр кард Сафар Ҳақдодов.
Бино ба додаҳои "YouTube", студия ё каналҳои ютубии тоҷикиро, ки мавриди занну гумон ва ташхиси мақомот қарор гирифтаанд, аз 10 то 300 ҳазор нафар пайгирӣ мекунанд.
Ба гунаи мисол, каналҳои "Дустмурод Шарипов-Донжуан" 226, "Акбар Шоу" 109 ва "Комрон Шоу" 36,3 ҳазор пайрав ё обуначӣ доранд.
Тибқи иттилои "Тоҷикфилм", соли 2020 ин ниҳод 29 ҳазор дискро, ки умдатан дубляжи филмҳои туркиянд ва ҳам мӯҳтавои заифу хилофи қонун дошта, ғайриқонунӣ паҳн шудаанд, тариқи шикастан нобуд кардааст.
Бино ба ин манбаъ, ин дискҳо ба ҳамон 30 студияи истеҳсолӣ тааллуқ доранд, ки на фақат бо студияҳои туркӣ созишномаи хариду фурӯши маводи аудиовизуалиро надоранд, балки фоқиди суроғаи ҳуқуқӣ ҳастанд ва худсарона ба истеҳсолу тариқи қочоқ пахш кардани маводи аудиовизуалӣ машғул мебошанд.