Шарҳи “Тоҷикфилм” дар бораи манъи намоиши филми ҷадид аз ҳаёти Фреддӣ Меркюрӣ

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкЗрители в кинотеатре, архивное фото
Зрители в кинотеатре, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон бо тасдиқи манъи намоиши филми ҷадиди тарҷумаиҳолӣ - “Bohemian Rhapsody”, сабаби онро шарҳ доданд

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik.  Намоиши филми амрикоӣ-бритониёии “Bohemian Rhapsody” ба далели доштани саҳнаҳои иғвобарангез дар кинотеатрҳои Тоҷикистон мамнуъ шудааст.

Статуи кинопремии Оскар, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
"Оскар" -2018: беҳтарин филм, ҳунарманд ва ҳунарпешаи сол муайян шуд

Дар ин бора ба РИА Новости аз комиссияи иҷозатномадиҳии “Тоҷикфилм” хабар додаанд.

“Дар ин филм саҳнаҳои провакатсионӣ ҷой доранд ва барои ҳамин намоишаш дар Тоҷикистон мамнуъ шуд”, - иттилоъ додааст манбаъ.

Амммо мушахассан кадом саҳнаҳо мояи нигаронӣ шудаанд, масъулини комиссия шарҳ надодаанд.

Дар Тоҷикистон тайи се соли охир филмҳои хориҷӣ қабл аз намоиш аз зери назари комиссияи иҷозатномадиҳии “Тоҷикфилм” мегузаранд.

Парвина Саидова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Парвина Саидова: барои нақшофарӣ дар филм аз ҳамсарам иҷозат гирифтам

“Bohemian Rhapsody”,  роҳ сӯи муваффақияти гуруҳи бритониёии мусиқии рок - “Queen”-ро фаро гирифта, дар он асосан ба ҳаёти Фреддӣ Меркюрӣ тамаркуз шудааст. Филми мазкури коргардон Брайан Сингер аз таҳдиди парокандашавии гуруҳ то ҳамоиши бомуваффақият дар консерти Live Aid-ро қисса мекунад.

Суруди “Bohemian Rhapsody”-и гуруҳи Queen, ки номи филм аз он гирифта шудааст,  ба иттилои ширкати амрикоии сабти мусиқӣ - “Universal Music Group” сершунавандатарин дар асри гузашта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0